,
Якшанбе, 22-декабр
(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ин масъала аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавқеи меҳварии сиёсати давлату ҳукуматро касб намуд. Олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар шинохта шуд.
Бо мақсади пешравии ҳамаҷонибаи илму маориф, ҳолати кунунии рушди илм, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат баҳри ташаккулу густариши илми тоҷик пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Зимни вохӯрии навбатии Пешвои миллат, ки 30 май дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, маълум шуд, ки ҳадафи асосии ҷамъомад бо аҳли зиё, пеш аз ҳама, ин дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани илми ватанӣ ва хизмати он дар роҳи рушду пешрафти кишвар мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат нисбати олимон таваҷҷуҳи хоса доранд ва илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар шуморида, олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа донистаанд. Бинобар ин моро лозим меояд, ки барои баланд бардоштани савияи илмии хеш тамоми саъйу кӯшиши худро равона намоем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти илму маориф тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаст. Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки кормандони ин соҳаи калидии ҷомеа ҳамзамон дар рушду нумуи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли он ба шумор меравад ва аз ин рӯ, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии қавӣ дорад.
Дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ хеле назаррасанд, ки бевосита дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз ба туфайли ғамхориҳои пайгиронаю маорифпарваронаи Сарвари кишвар дар мамлакат соҳаи маориф ва илми тоҷик давра ба давра рушд карда истодааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое, метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Дар ин замина пуштибонӣ аз илму маориф ва фарҳангу тамаддуни пурғановат барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар кишварамон роҳандозӣ гардиданд. Ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат ба он далолат мекунад, ки дар натиҷаи озмунҳо дар ҷомеа меҳру муҳаббат нисбат ба омӯзиши бештари мероси пурғановати гузаштагонамон, ҳамчунин дарёфти чеҳраҳои нави илму фарҳанг ва дӯстдорони илму дониш зиёд гардида, ба ин восита ҷаҳонбинӣ ва малакаи эҷодии ҳар як фард рушд ёбад.
Аз суханрониҳои Пешвои миллат ҳар як фарди соҳибмаърифат дармеёбад, ки қудрату тавоноии ҳар як миллат бо олимону донишмандон ва дастовардҳои илмӣ вобастагӣ дорад. Ба ин маънӣ дар асоси гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонанд, мавриди истифодаи аҳли башар қарор гиранд. Тавре ки қайд гардид, бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм ҳоло ҳам мутобиқи талаботи замон нест.
Сарвари давлат ба олимону донишмандон ва кормандони соҳаи маориф оид ба вазъи кунунии ҷаҳон диққат намуда, таъкид доштанд, ки пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам дар кишвари маҳбубамон мустаҳкам гардонем. Дар ин робита иброз доштанд, ки: «Ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад».
Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ аз тамоми дастовардҳову камбудиҳои дар ин самт мавҷудбуда, бо шарҳу тавзеҳи далелҳои мушаххас кори соҳаи илму маорифро арзёбӣ намуда, муносибати устодонро бо шогирдон, дастгирии онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ, инчунин роҳу воситаҳои ба илм ворид гардидани мутахассисони ҷавони лаёқатманди соҳаи илмро ба таври ҷиддӣ таъкид намуданд.
Дар партави ин гуфтаҳои боло месазад, ки дар самти илму маориф олимону донишмандон ва омӯзгорони таҷрибадор бо таҳқиқотҳои арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду ташаккули давлату миллати худ саҳми босазое гузоранду минбаъд низ рисолати касбии худро бо масъулияти баланд содиқона амалӣ гардонанд.
Дар партави суханрониҳои Пешвои муаззами миллат мо омӯзгорон бояд кӯшиш намоем, ки аз ҳар вақта бештар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати соҳибистиқлоламон ҳифз намоем.
Ҳамин тариқ, зикр кардан бамаврид аст, ки соҳаи маориф ва илм дар ҷомеаи имрӯза мақоми меҳварӣ дорад. Ҳар як корманди ин соҳаи бонуфузро, махсусан, олимону донишмандонро мебояд дар асоси таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба илму маориф тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешравии он равона созанду саҳми арзишманди худро дар рушд ва ташаккули илм гузоранд, ба ин васила бо таҳқиқотҳои арзишманди худ кишвари азизамон-Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Мубина Қаюмова, Фароғат Давлатова, омӯзгорони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ