,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар ин дунёи пурошӯб, ки фарҳангҳои ақвоми бузургманиш тавассути васоили техникӣ, иттилоотиву намоишӣ ва ҳиллаҳои тоза ба тозаи худ фарҳангҳои дигар қавмҳоро фурӯ мебаранд, мардуми форсизабон, ба шумули тоҷикон, эрониён, афғонистониён имконияти вижа доранд, ки садд ба роҳи аждаҳои ҷаҳонхори ҷаҳонишавии модигароӣ бигзоранд. Ин имконияти вижаро дар шароити имрӯз беш аз малакатҳои дигари форсизабон, аз қабили Эрон ва Афғонистони кунунӣ дар ватани тоҷикон ва тоҷикону тоҷикистониён-Тоҷикистони гулгулшукуфону озоду обод дошта метавонанд, чунки Ҳукумати феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзона, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки аз фарҳанги миллии мардуми тоҷик дифоъ кунанд ва барои ноил гардидан ба ин мақсад тамоми имкониятҳоро истифода баранд.
Либос ва тарзи пӯшидану ба бар кардани он низ қисмате аз фарҳанги халқҳои гуногунзабону мухталиффарҳанг, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад.
Либос аввалин ихтирои башар дониста мешавад ва ҳамвора ӯро аз гармову сармо нигаҳ дошта омадааст. Аз саргузашти фароторихии тоҷикон, ҳама эронитаборон пайдост, ки гузаштагони дури мо нахустин одамоне буданд, ки либосро кашф кардаанд. Дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, ки дар замони Ҳушанг нахустин шуда аз пӯсти ҷонварон либос таҳия мегардад:
Зи пӯяндагон ҳар кӣ мӯяш накӯст,
Бикушту зи эшон бароҳехт пӯст.
Чу санҷобу қоқум, чу рӯбоҳ гарм,
Чаҳорум самур аст, к-аш мӯй нарм.
Бад-ин гуна аз чарми пӯяндагон
Бипӯшид болои гӯяндагон.
Дар замони Таҳмурас аз пашму катону хаз (мӯина) ба либосдӯзӣ пардохтаанд:
Пас аз пушти мешу бара пашму мӯй
Буриду ба риштан ниҳоданд рӯй.
Ба кӯшиш аз он кард пӯшиш ба ҷой,
Ба густурданӣ ҳам буд ӯ раҳнамой.
Дар замони ҳазораи фарҳанговарии Ҷамшед бошад аз абрешиму мӯю қаз либос таҳия мекарданд:
Зи каттону абрешиму мӯю қаз
Қасаб кард пурмоя дебову хаз.
Биёмӯхташон риштану тофтан,
Ба тор-андарун пудро бофтан.
Чу шуд бофта, шустану дӯхтан
Гирифтанд аз ӯ яксар омӯхтан.
Бо мурури замон либос ҷанбаи намоишӣ низ ёфтааст ва бад-ин манзур чи ҳунарҳое, ки дар зиннатдиҳии он ба кор нарафтааст ва чи кашфиёту ибтикороте барои декоратсияи либос сурат нагирифтааст.
Нақши тарбиятӣ ва фарҳангии либос бар инсонро ҳама медонанд, вале лозим ба гуфтан аст, ки либос дар нигаҳдошти ҳувияти миллӣ ва бозшинохти инсонҳо ки ба кадом қавмият шомиланд, нақши муайяне дорад. Дар аҳди бостон низ либос баёнгари қавмият ва мардумони гуногуни рӯйи замин будааст.
Дар Эрони бузург дар замони салтанати Ҳахоманишиён ба либос то он дараҷа таваҷҷуҳ доштанд, ки дар ин сарзамини мардумони бофарҳанг барои омода кардани либосҳо корхонаҳои махсуси либосдӯзӣ амал мекарданд ва чунин корхонаҳоро занон роҳбарӣ мекарданд. Барои исботи гуфтаҳои боло овардани андешаҳои ховаршиноси маъруфи фаронсавӣ Филип Гюизро лозим медонем: "Омӯзиши навиштаҳои рӯйи тахтаҳои Тахти Ҷамшед ба таври олӣ бозтоб менамоянд, ки дар баъзе мавридҳо занҳо дар зиндагии иҷтимоӣ ҷойгоҳи намоён ва пурмасъулиятро ишғол мекардаанд. Маҳз занон дар раъси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва монанди он қарор доштаанд”.
Дар шаҳрҳои марказӣ дар корхонаҳои махсуси либосдӯзӣ, ки ба хонадони шоҳӣ тааллуқ доштанд, бо ҳар гуна матоъҳо либос омода мекарданд. Метавон ҳангоми варақ гардондани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба гуногунии либосҳо дучор омад. Дар номаи бостон мо таркибҳоеро чун “румиқабой”, яъне қабои румӣ, “ҷомаи туркӣ”, “парниёни порсӣ” ва монанди он пеши рӯ меоварем. Дар “Шоҳнома” ва дигар асарҳои адибон ва донишмандони гузаштаи форсизабон аз матоъҳои гуногун ба монанди ҳарир, дебо, навъҳои гуногуни матоъҳо барои духтани либосҳо ёд мешавад.
Донишманди тоҷик Зафар Мирзоён дар бораи дар гузаштаи дур омода намудан ва истифода бурдани мардуми ориёинажод аз матоъҳои гуногун чунин андешаронӣ намудааст: “...ниёкони сарбаланду зарифи мо аз порчаматоъҳои нафису нозуке чун “ҳарири порсӣ”, «дебои паҳлавӣ», «дебои хусравонӣ», «дебои румӣ», «дебои чинӣ», аз хазз (мӯйинаву) ва пӯстҳои зебои ҳайвонҳо, ба монанди юз, самур, санҷоб либосу пӯшиданиҳои зебо бо табъи баланд таҳия мекарданд.
Боиси таассуф аст, ки дар рӯзгори мо дар кишварҳои ғарб, ба шумули Русия ҳамеша Юнонро бунёнгузор ва ибтидои ду фарҳанги ғарбӣ-фарҳанги юнониву ғарбӣ ва фарҳанги масеҳият гуморидаанд ва сарчашмаи севум, ки манбаи бузургии фарҳанги ҷаҳонист-фарҳанги сарзамини порсиёнро қасдан нодида гирифтаанд. Аврупоиён умре аз фарҳанги эронӣ усулан кор гирифта, кӯшидаанд онро бефарҳанг ҷилва диҳанд. Агар худованд хушбахтии дарки «Шоҳнома»-ро ба онҳо арзонӣ медошт ва агар эшон аз асолатбохтагон намебуданд, ба равшанӣ дармеёфтанд, ки ниёкони сарбаланду зарифи мо чи фарҳангу маданияти бою пурғановатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худ монда буданд.
Дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар бораи пӯшишу таҳияи либосҳои гуногун, интихоби навъи матоъ ва ранги либосҳои мардумони ориёинажод ва қавмҳои мухталиф сухан меравад ва дар ин бора аз номаи бостон мисолҳои зиёд метавон овард.
Дар фасли “Рафтани канизакони Рудоба ба дидани Золи Зар” тасвирҳои ҷузъии ҷолибе ба мушоҳида мерасад, ки реша дар устура ва ё афсона дошта, дар таркиби асар хусусияти достонӣ пайдо кардаанд. Масалан, маросими гулгардонӣ, ки дар лаҳзаи рафтани канизакони Рудоба ба дидани Золи Зар тасвир шудааст. Гулгардонӣ дар фасли баҳор, тӯҳфаи гул ва сайри гул байни мардуми ориёитабор, бахусус занону духтарон аз гузаштаи дур рафтори маъмулӣ ва дӯстдошта ба шумор мерафт. Онҳо пероҳанҳои зебову шинам ба бар намуда, ба сайру тамошои баҳори зебову мунаққаш мерафтанд.
Панҷ тан парастандаи Рудоба низ ба ҳангоми баҳор пероҳанҳои зебо ва шинам ба бар карда, ба тамошои гулистон ба лаби рӯд рафтанд:
Ба дебои румӣ биёростанд,
Сари зулф бар гул биперостанд.
Дар замони мо низ дар фасли баҳор, ба вижа ҷашни Наврӯз занон ва гулдухтарон ба тан либосҳои зебо ва ҳамранг бо фасли баҳор карда, ба ҷашнгоҳҳо ва ба сайру тамошои табиат рафта, рақсу бозӣ ва хурсандиҳо мекунанд. Хосатан куртаи чакани духтарон ва занони тоҷикони кӯҳнишини тоҷик, ки аз замони боварҳои хуршедпарастии гузаштагони мо то ба имрӯз маҳфуз мондааст, ба ҷашнҳои миллии мо шукӯҳу шаҳомати махсус мебахшад ва пероҳанҳои бо даст гулдӯзишударо имрӯз занон ва духтарон дар сартосари кишварамон мепӯшанд ва ин ба хурсандиҳояшон меафзояд.
Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз матои “дебо” бештар ёд мешавад, ки дар гузашта барои омода намудани хилъати занону мардони ашрофзода аз матои дебо ва хазз истифода мекарданд:
Яке хилъат орост шоҳи замин,
Ки карданд ҳар кас бар ӯ офарин....
Зи дебову хаззу зи ёқуту зар,
Зи густурданиҳои бисёрмар,
ғуломони румӣ ба дебои Рум,
Ҳама пайкар аз гавҳару зар-ш бум.
Дар фасли “Куштани Баҳром шеронро ва рафтанаш ба хонаи Гавҳарфурӯш ва хостан духтари ӯро” Фирдавсӣ овардааст, ки ҳангоми хостгорӣ кардани Баҳром аз духтари Гавҳарфурӯш мард ба духтараш мефармояд, ки назди шоҳ бо либоси зебо, аз дебои румӣ омодашуда ва дар сар тоҷ ҳозир шавад:
Кунун хезу дебои румӣ бипӯш,
Бинеҳ бар сар афсар чунон чун ки дӯш,
Нисоре бар аз гавҳари шоҳвор,
Се ёқути сурх аз дари шаҳрёр.
Дар номаи бостон либосҳо ва тоҷҳои шоҳону шаҳбонувон, шоҳдухтон ва ашрофзодагон бо симу зар, гавҳар ва сангҳои гуногуни қиматбаҳо, аз ҷумла ёқут бо рангҳои гуногун, забарҷад, ақиқ ва ғайра мурассаъ мегаштанд:
Або ёраву тавқу бо гӯшвор,
Зи дебову гавҳар чу боғи баҳор.
Ҷои дигар:
Шуда бом аз ӯ гавҳари тобнок,
Зи тоби рухаш сурхёқут хок.
Дар достон аз ёқути зардранг низ ёд шудааст:
Ба пеши падар шуд чу Хуршеди Шарқ,
Ба ёқуту зард-андарун гашта ғарқ.
Мардумони бофарҳанги ориёӣ дар гузашта ҳатто зарфҳо-ҷому табақҳои худро низ аз сангҳо ва симу зар месохтаанд:
Забарҷад табақҳову пирӯза ҷом,
Чи аз зарри сурху чи аз сими хом.
Шаҳбонувон, ё худ занон аз хонадони шоҳон, ашрофзодагон низ мисли мардон афсар (тоҷ, кулоҳи подшоҳон ба сар мегузоштанд:
Сари моҳ бо афсари зарнигор,
Сари шоҳ бо тоҷи гавҳарнигор.
Дар фасли “Фиристодани Қайсар лашкар ва духтар назди Хусрави Парвиз” Ҳакими Тӯс шукӯҳу шаҳомат ва фарҳанги волои шоҳону шоҳдухтонро дар интихоби либос, истифодаи сангу гавҳару симу зар дар ороишу пероиши либос, рангҳо бозтоб намудааст:
В-аз он пас биёвард чандон ҷаҳиз,
К-аз он кунд шуд борагиҳои тез.
Зи зарринаву гавҳари шоҳвор,
Зи ёқуту аз ҷомаи зарнигор,
Зи густурданиҳову дебои Рум,
Бару пайкари сарву симин-ш бум.
Дар интихоби ранги либос низ занони ориёитабор закӣ ва ҳушманд буданд ва ин тасбити он андешае мебошад, ки мардумони ориёитабор аз замонҳои дури фароторихӣ дорои фарҳанги волои либоспӯшӣ буданд ва дар интихоби ранги он низ табъи баланд доштанд. Аз рангҳо бештар ранги зард, сурх ва бунафшро, ки ранги офтоб мебошад, меписандиданд.
Дар фасли “Рафтани Хусрав ба шикор ва дидани Ширин ва фиристоданаш ба мушкӯи худ” оварда шудааст, ки Хусрави Парвиз дар иҳотаи дарбориёну сипоҳиёнаш ба сӯйи шикоргоҳ меравад. Ширини зебочеҳра, ки бо Хусрав ошноии ҷавонӣ дошт ва солиёни зиёд аз дурии шоҳзода азият дошта, бо ӯ мулоқот меҷуст, аз омадани шоҳ бишнид ва худро ороставу пероста карда дар тан пироҳани зардрангу сурхранги зебо ба пеши роҳи Хусрав мебарояд:
Яке зард пероҳани мушкбӯй
Бипӯшиду гулноргун кард рӯй.
Яке аз бараш сурх дебои Рум,
Ҳама пайкараш гавҳару зар-ш бум.
Ба сар барниҳод афсари хусравӣ,
Нигораш ҳама гавҳари паҳлавӣ.
Дар фасли мазкур шоҳони ҷавону ҳамроҳонаш низ бо ҷомаҳои зарду сурху бунафш ва шоҳаншоҳ бо ковиёнӣ дирафш мерафтанд:
Зи шоҳони барно чу сесад савор
Ҳаме ронд бо номвар шаҳрёр.
Ҳама ҷомаҳо зарду сурху бунафш,
Шаҳаншоҳ бо ковиёнӣ дирафш.
Ҳаме ронд бо тоҷу бо гӯшвор,
Ба зар бофта ҷомаи шаҳрёр.
Або ёраву тавқу заррин камар,
Ба ҳар мӯҳрае-дар нишонда гуҳар.
Ёдоварии ин нукта зарурист, ки ориёинажодон дар оростани худ бо сару либос, аз фалсафаи кайҳонӣ, аз тасвири ҷурмҳои осмонӣ, хосатан офтоб ва рангҳои он (зарду сурху бунафш) хеле зиёд истифода мекарданд, ки ин пайвастагие ба замонаҳои хуршедпарастии мардумони ориёитабор дорад. Мо бояд саъй кунем, ки иртиботи ин рангҳоро ба эҳсос ва андешаҳои бостонии миллатамон дарёбем. Чунон ки медонем, эронинажодон, минҷумла тоҷикон пеш аз ислом пазируфтан ва пеш аз гароиш ба ойини Зартушт, ҳанӯз 6000 сол пеш меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) ихтиёр доштанд ва ҳатто пас аз гаройиш ба оини Зартушт боварии меҳрпарастиро тарк накарда буданд.
Гузаштаҳои дуродури ниёкони мо ва як идда қавмҳои дигар саросар ба хуршед (офтоб) пайвастагӣ дошт. Ҳатто дар замони Ардашери Бобакон (220/224-224/239) парастиши офтоб дини расмӣ низ будааст. Дар замони Сосониён (аз соли 224 то соли 651 мелодӣ) Хуршед худои бузург аст ва бад-он савганд мехӯрданд.
Яздигурди дувум (439-457) барои офтоб қурбонӣ низ тақдим мекардаанд. Ва гоҳ хуршедро худои Меҳр ном ниҳодаанд.
Ҳахоманишиён (558-330 то мелод) низ офтобро ниёиш мекарданд: “... он гоҳ офтоб баромад ва Хишоёршоҳ рӯ ба хуршед кард ва ба розу ниёз пардохт, то дар кори тасхири Аврупо аз ҳар ҷиҳат комраво бошад”.
Ҷам (Ҷамшед) дар “Ведо”, писари Хуршед (офтоб) аст. Ҷашни Наврӯз рӯзи расидани офтоб ба бурҷи ҳамал (хонаи худ) ва бар тахт нишастани Ҷамшед аст.
Дар мавриди иртибот доштани номи Ҷамшед ба офтоб дар “Бурҳони қотеъ” шарҳи ҷолибе мавҷуд аст, ки фишурдаи он чунин аст: “Ҷамшед сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, рӯзе ки офтоб ба нуқтаи авҷи Ҳамал омада буд, фармуд, ки тахти мурассаеро (зевару нигинкорӣ шуда-А.Н.) дар ҷойи баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъе бар сар ниҳода бар он тахт нишаст. Чун офтоб тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро “шед” мегӯянд, ин лафзро ба Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне подшоҳи равшан ва он рӯз ҷашне азим карданд ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд”.
Дар “Қуръон” низ эҳтиром ба Хуршед дида мешавад ва номи яке аз сураҳои ин китоби муқаддас (Сураи 91) “Аш-шамс” (офтоб) аст. Дар Сураи 91 гуфта шудааст: “Савганд ба офтобу нисфи рӯзаш ва савганд бар моҳ, ки аз паси он дарояд...”.
Қобили зикр аст, ки рангҳои сурху зарду бунафш-рамзи дирафши коваёнӣ (яъне парчами бостонии тоҷикон) низ мебошад, ки гӯё офтоб гул пароканда аст. Бад-он гуна ки Ҳаким Фирдавсӣ гуфтааст:
Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш коваёнӣ дурафш.
Ё:
Зи бас гуна-гун парниёнӣ дурафш,
Чу сурху чи сабзу чи зарду бунафш.
Дар замони бостон, ба ҳангоми офариниши нигораҳо, дӯхтани либосҳо ранг дар баробари шаклсозӣ, дорои рамзу намодҳо будааст. Рангҳои сурху зард рамзи хуршед, оташ, шукӯҳу қудрат, ранги бунафш (сабз) рамзи сулҳу оштиву оромишу навшавандагӣ, боззоии зиндагӣ ва ранги сафед рамзи покдоманиву бегуноҳӣ ва нуру рушноӣ будааст.
Сабаби аз ҷомеа дур гардидани Зол сапедии мӯйи сар ва сурати ғайриодӣ доштани ӯст, ки ин ҷиҳат ҳам ҳақиқати устураӣ ва ҳам воқеияти иҷтимоӣ дорад: сафедии либоси рӯҳониёни зардуштӣ рамзи покист, ки ба гунае дар сарулибоси баъзе рӯҳониёни ҷомеаи мо низ ба мушоҳида мерасад. Ё худ, ба ҳамин рамзу маънӣ либоси саросар сафеди наварӯсон, ки аз фарҳанги ғарб вориди ҷомеаи мо шудааст.
Истифода аз ранги сурху зарду сафед дар пироҳани дӯшизагону бонувон ин ҳамон таровиши Хуршед аст, ки дар он инъикос шудааст.
Бад-ин тартиб тавре пажӯҳишгарон нишон додаанд, фалсафаи меҳрпарастии ниёкони мо хеле пурмуҳтаво аст ва андешаҳову бовариҳои гузаштагони ориёинажодон ба Хуршед-офтоб пайвастагии ногусастанӣ доранд.
Сарбанд, ё худ рӯймол низ яке аз ҷузъиёти муҳими либоси занони Шарқ, аз ҷумла занони ориёитабор дар гузашта маҳсуб меёфт, ҳарчанд қабл аз вуруди ислом дар Эрони бузург занон дар пӯшишу либос озод буданд ва истифодаи сарбанд барои онҳо ҳатмӣ ба ҳисоб намерафт. Баъзе муҳаққиқон ба таври либоспӯшии қаҳрамонони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ , аз ҷумла истифодаи сарбанд ҳам диққат додаанд. Аз ҷумла, донишманди машҳур Шиблии Нуъмонӣ дар мавриди либоспӯшии занони Шарқ дар гузашта овардааст, ки занон сарбандро истифода мебурданд.
Дар достони “Зол ва Рудоба” низ Зол пас аз мулоқоти аввал бо Рудоба ва пайдо намудани розигӣ аз ҷониби падар дар пайвасти ӯ бо дилдодааш ба назди Рудоба зани муждарасонеро мефиристад. Рудоба дар ивази ин хушхабар дар қатори туҳфаю дастовезҳо ба вай сарбанд низ медиҳад:
Яке шора сарбанд пеш оварид,
Ҳама тору пуд андар он нопадид.
Ҳама пайкараш сурхёқуту зар,
Ҳама зар шуда нопадид аз гуҳар.
Ҳамин тавр, аз мисолҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, ки мардуми мо дар гузашта аз фарҳанги баланди либоспӯшӣ бархурдор будаанд ва дар офаридани либосҳо ва пӯшишҳои гуногун ҳам барои мардон ва ҳам барои занон ва умуман намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа аз худ фарҳанг ва хиради воло нишон медодаанд.
Манзурам аз муқаддимаи тӯлонӣ кардан дар ин навиштор дар он аст, ки имрӯз мебояд ҷомеаи тоҷик, ба вижа наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия ёбанд, аз гузаштаи пурифтихор ва аз фарҳанги куҳанашон на ор, балки ифтихор дошта бошанд.
Дар масъалаи фарҳанги либоспӯшӣ ва бозтоби он дар осори адабии классикони адабиёти форсу тоҷик суханро метавон идома дод, аммо ин корро ба фурсати дигар мегузорем ва таваҷҷуҳи худро бештар сӯйи баёни мушкилиҳои мавҷудбуда дар масъалаи фарҳанги либоспӯшӣ ва дарки он аз ҷониби шаҳрвандони кишварамон менигаронем.
Дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, хосатан ҷомеаи шарқиён масъалаи либос ва фарҳанги либоспӯшӣ масъалаи хеле паҳншуда ва дар айни замон мушкиловару дарднок низ шудааст.
Боси нигаронист, ки имрӯз аз хориҷи кишвар бадхоҳон ва бадбинону ҳасудон, одамони аз фарҳанг фарсахҳо дуру бехабар аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик сӯйи Тоҷикистон ва ҳукумату мардуми он санги маломат зада, мо-тоҷикону тоҷикистониёнро ба бединию сатрбадбинӣ муттаҳам кардан мехоҳанд. Онҳо Тоҷикистонро як давлати қафомондаи феодалӣ бо сарварии муллотарошону диндорони реаксионӣ дидан ва занонро аз сари нав мисли саду ҳазор сол қабл хонанишину беҳуқуқу хизматгору чокар кардан мехоҳанд. Хестӣ, ки хобӣ!
Ҳама давлатҳои мутараққии ҷаҳон агар даъвои кайҳонро фатҳ кардану орзу ва талоши расидан ба сайёраҳои дар дуриҳои дур аз сайёраи мо қароргирифта дошта бошанд ва бо ихтирооту навовариҳо ва пешравиҳои илмию техникии муосирашон ҳайрати даҳҳо давлатҳои дигарро оранд, мо-шарқиён, шарқи исломӣ ҳанӯз ҳам даъвои сатру ҳиҷобу либоси маҳкаму пӯшида ба бар кардани занон, ҳуқуқ надоштани онҳо ба таҳсилу боздоштани фаъолияти занон дар истеҳсолот ва ҳазорон ҳазор масъалаҳои дигарро дорем. Гӯиё кори дигар надорем. Агар, онҳое, ки воқеан аз ибораҳои “гузаштаи пурифтихори мардуми бофарҳанги тоҷик”, “фарҳанги миллӣ”, “либоси миллии тоҷикона”, “чакан”, “атласу адрас”, “одобу иффати занони тоҷик” ва умуман фарҳанги халқи тоҷик, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушд додан ва баҳри онро шинос намудан ба халқҳои дигари ҷаҳон пайваста талош меварзад ва дар ташкилоти байналмилалӣ ҳуқуқи халқи тоҷикро барои соҳиб будан ба ҳамин гуна фарҳанги воло дифоъ мекунад, нафрат доранд, донанд, ки дунё бесоҳиб нест ва тақдиру сарнавишти ин сарзамини куҳану халқи бофарҳангаш ба дасти ҳар касе, ки чи коре ки хоҳад, ҳамонро мекунад, дода нашудааст.
Бигзор онҳо як маротиба сари он масъалае андеша кунанд, ки беш аз чил сол мешавад, ки дар мамлакати ба Тоҷикистон ҳамсоя – Афғонистон сулҳу осоиштагӣ агар дар хоби мардумаш надарояд, дар рӯзи рушан намебинад. Имрӯз зани афғон аз одитарин ҳуқуқҳои инсонӣ бархурдор нест, ӯ хонанишину чодарбасар асту на ҳуқуқ ба таҳсил дораду на қариб ҳуқуқ ба кор кардан ва дар ҷомеа мавқеъ доштан. Дар ҳама ҳолат бояд такя ба марди хона кунад, хоҳ падар бошад ва ё бародар, ё худ ба шавҳар ва ин ҳолатро мушоҳида ва тасаввур кардан барои инсон дар асри XXI хеле мушкил аст. Он нафароне, ки аз дини мубини Ислом дифоъ мекунанд, бигӯйянд; охир чаро мамлакате, ки чил сол боз онро давлати исломӣ эълом доштаанд, чаро то ҳол мусулмонони ин кишвар, ки аксарияти аҳолии онро ташкил медиҳанд, бо ҳам ба мувофиқа намоянд?
Аз гузаштаи на чандон дури ин кишвар маълум аст, ки дар сари қудрати он ҳамеша нафароне қарор доштанд, ки аз дини Ислом бохабар буданд ва аз он дифоъ мекарданд. Пас чаро ҳолат дар ин мамлакат торафт рӯ сӯйи пастию бадбахтист, на боло рафтану тараққӣ кардан?!
Ин саволҳо ба он нафароне дода мешавад, ки худ шоҳиди ҳоланд ва айни замон дар ин сарзамини куҳану ҳамзабону ҳамфарҳанг бо халқи тоҷик ва умуман гавҳораи тамаддуни халқҳои ориёитабор камин гирифта, сӯйи миллату давлаташон санги маломат мезананд.
Дили ҳама тоҷикистониён ба мардуми ҷангзадаю азобдидаи Афғонистон месӯзад. Ҳам Пешвои миллат ва ҳам мардуми Тоҷикистон нисбат ба тақдири тоҷикони он тарафи соҳил бетафовут нестанд. Мо тоҷикон ва тоҷикистониён аз Худои муттаол таманнои онро дорем, ки дар кишвари ҳамсоя низ монанди Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ танинандоз бошаду мардумонаш ҳар чи зудтар аз ҷаври ҷангу хунрезиҳои даҳшатбор раҳоӣ ёбанд.
Ба он нафароне ки худро “ҳомиёни пӯшиши боиффатонаи занони тоҷик” эълом доштаанд, муроҷиат карда гуфтан мехоҳам, ки дар Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ касро маҷбури лублучи модарзод карда гаштан накардаанд. Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ҳар навъ ки дилаш мехоҳад, ҳамон хел либос ба бар кунад, албатта, дар чаҳорчӯбаи одобу ахлоқи инсонӣ. Дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки қисме аз кормандонашон занон мебошанд, бонувон либосҳои тавсиявӣ ба бар мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки либосҳои тавсиявӣ пурра ба меъёру талаботи ахлоқу одоби инсонӣ ҷавобгӯ мебошанд, агар зан хоҳиш дошта бошад, метавонад, рӯймол ба сар кунад. Куртаю поҷома низ истифода карда метавонад. Дар роҳраву деворҳои ҳама ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълими миёна, миёнаи махсус ва олии кишвар расми либосҳои тавсиявӣ ҳам барои ҷавонписарону мардон ва ҳам барои духтарону занон овезон буда, дар онҳо ягон расми либосҳои берун аз одобу ахлоқи инсонӣ насб нашуда ва тавсия дода нашудааст ва либосҳои ғайришаръӣ ҳам ба назар намерасад. Албатта, дар Конститутсияи Тоҷикистон, ки бо раъйи ҳама халқи Тоҷикистон қабул шудааст, чунин оварда шудааст: Тоҷикистон давлати дунявӣ ва баробарҳуқуқ мебошад.
Ин давлати дунявист, на исломӣ. Аммо ҳамон бонувоне, ки сатру ҳиҷобро барои дар пӯшиши рӯзмарраи худ истифода кардан интихоб намудаанд, ки аксар занони хонанишинанд, аз ҷониби касе зӯран барои напӯшидани чунин либос таъқиб карда намешаванд ва ин овозаҳо аз пашша фил сохтанро мемонад.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки воқеан Ватани худро дӯст медорад ва онро гулгулшукуфону пешрафта дидан мехоҳад, набояд имрӯз байни мардуми он тухми нифоқу ҳисси бадбинӣ кошта, мисли солҳои навадуми асри гузашта, ки ба сари мардуми ин кишвари биҳиштосо ҷангу хунрезиҳои зиёд овард, дубора бадбахтиҳо орад. Баръакс, беёед ҳама сарҷамъу тифоқ дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем ва ватанамонро аз ин ҳам бештар обод созем!
Ашурова Нодира-д.и.ф., профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ