,
Якшанбе, 22-декабр
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Имрӯз на танҳо соҳаи маориф, балки пояи эҳё ва таҳкими ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи пуршарафу нуронӣ ва сиёсати бесобиқа, беназир ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат эҳё ва таҳкими давлатдориро аз танзими соҳаи маориф ва илм оғоз намуда, яке аз рукнҳои сулҳофаринӣ ва ваҳдатгароиро низ маҳз бар ҳамин асос эҷод намуд.
Аз ҷониби Президенти кишвар таҳрезӣ ёфтани ислоҳоти соҳаи маориф ва илм дар ин замина, эҷод гардидани принсипҳои муосир ва калидии соҳа, аз қабили дасту дили пок, садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба халқ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию давлатӣ аз он шаҳодат медоданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чунин Сарвари давлат дар муддати кутоҳ метавонад, ки на танҳо дар арсаи олам муаррифӣ гардад, балки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушду такомули бемайлони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мушарраф гардад.
Ҷавҳари ислоҳоти соҳаи маориф ва илм дар он нуқта зуҳур гардида буд, ки принсипҳои инкишофи онро Пешвои миллат дар шакли барномаҳои мукаммалу муназзам пешбинӣ менамуд. Муҳимтарин барномаи рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар, бавежа соҳаи маориф ва илм дар даврони муосир аз ҷониби Пешвои миллат дар шакли Паём эҷод гардид, ки дар ин замина, ҳар як Паёми Сарвари давлатро метавон Консепсияи ташаккули Тоҷикистон маънидод намуд. Зеро дар ҳар Паём ҷараёни ташаккули соҳаҳо, ба хусус соҳаи маориф ва илм таҳлил гардида, вазифаҳо ва роҳҳои густариши соҳаҳо, минҷумла бавуҷудоии асосҳои нави конститутсионии таҳсил ба сифати механизми идоракунии давлатӣ, ташкили институти сифатан нави маориф ва илм ва дар асоси он ҷобаҷогузории кадрӣ дар соҳаи мазкур марҳила ба марҳила замина гузошта шудааст.
Воқеан, Пешвои миллат институти нав ва ҷавобгӯ ба талаботи муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаи маориф ва илм, механизми муосир ва серпаҳлӯи идоракунии давлатии соҳаи маориф ва илмро ба вуҷуд оварда, дар доираи ислоҳоти соҳа хизмати касбии миллӣ таъсис дод.
Бо ибтикори Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардида, бо назардошти рушди соҳа ва пайдо гардидани принсипҳои нави муносибатҳои маориф ва илм ба қонуни мазкур як қатор тағийру иловаҳо, аз ҷумла, мафҳумҳои нав ворид гардид, ки онҳо дар густариши соҳаи маориф ва илми кишвар яке аз нақшҳои асосиро фарогир аст.
Ҳамчунин, модели нави идоракунии давлатӣ дар соҳа таҳия гардид, ки асосгузори он низ Пешвои миллат буда, ба тасвиб расидани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбинӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи маориф ва илм аз як тараф бозгӯи таъсири бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ташаккули маориф ва илм ва амалишавии самараноки ислоҳоти соҳа ба шумор равад, аз ҷониби дигар таҷассуми ҳокимияти халқӣ ва ифодаи татбиқи орзую омоли чандинҳазорсолаи халқ дар марҳилаи сифатан ва таърихан нави давлатдорист. Зеро Пешвои миллат бо муайян кардани самтҳои сиёсати кишвар ва таҳрезии онҳо ба се мароми стратегӣ: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар на танҳо хатари танқисии озуқаворӣ дар иҳотаи коммуникатсияи бегона қарор доштан ва вобастагии энертетикиро аз байн бурд, балки ботадриҷ орзуи деринаи миллати тоҷикро амалӣ намуд ва, зиёда аз ин, ҳадафҳои мазкури стратегиро ба зинаҳои дигари ташаккул: дастрасии энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, коммуникатсияи муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи озуқаи баландсифат расонид.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани ин нукта, ки «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад» ва дар заминаи он ба шаклҳои дигари таълим фаро гирифта шудани шаҳрвандони аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ мухталиф бори дигар шаҳодати халқӣ будани институти соҳаи маориф ва илм дар Тоҷикистони маҳбуби мост.
Дар соҳаи маориф ва илм баробари ташаккули соҳа омилҳои муҳим ва рушдкунандаи он, озмун, аттестатсия, захираи кадрӣ, маъхази маълумот, дастурамалҳои вазифавӣ, забондонӣ (пеш аз ҳама, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ), ташаккули раванди бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ, азнавтайёркунӣ ва имтиёзҳои мухталиф ба вуҷуд омада, мақомҳои ваколатдори соҳаи маориф ва илм Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута таъсис дода шуд, ки дар давоми фаъолият ҷиҳати ташкил, такмил ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии маориф ва илм нақши калидӣ дошта, дар доираи ваколатҳои худ даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба хотири рушди соҳа ба тасвиб расонидааст.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо назардошти дар марҳилаи сифатан нав қарор доштани соҳаи маориф ва илм ва таҳдиди унсурҳои манфии ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар назди кормандони соҳаи маориф ва илм вазифаҳои нав ба нав қарор гирифтаанд, ки зиракии сиёсӣ, бологузории манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, эҳсоси воқеии арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузории муқаддасоти миллӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ аз муҳимтарини онҳо маҳсуб ёфта, албатта, ба касбият ва салоҳиятнокии кормандони соҳа сахт марбутанд.
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо ба вуҷуд омадани усулҳои гуногуни ҳавасмандгардонии моддиву маънавӣ дар соҳаи маориф ва илм, аз зумраи унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили сомонӣ барои олимони ҷавон, инчунин маблағгузорӣ ва сол аз сол зиёд шудани он таҳким ва ташаккули онро ифода намуда, нақши Пешвои миллатро дар рушди соҳа боз ҳам тобонтар гардонидаанд.
Воқеан, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил, рушду ташаккул ва таҳкими соҳаи маориф ва илм ниҳоят бузург буда, на танҳо ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм, балки ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки барои амнияту осудагии ҷомеа, осмони софи Ватан, пос доштани арзишҳои олии миллати маҳбубамон ба ҷон омода ва саҳмгузор бошанд.
Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон – н.и.с., дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ
Назаров Бахтиёр Ҳасанович- муаллими калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ