,
Сешанбе, 10-декабр
Мусаллам аст, ки сулҳу салоҳ дар кишвари азизамон- Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, омили наҷотбахши миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз ҳамин таҷрибаи нодири сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун «формулаи сулҳу салоҳи тоҷикон» аз тарафи таърихшиносон, сиёсатмадорон ва олимону пажӯҳишгарони ҷаҳон омӯхта шуда, дар марҳилаи нави давлатдорӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ибратбахш аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи миллӣ ва дастоварди бузурги халқи тоҷикро яке аз унсурҳои таркибии андешаи миллии ин миллати тамаддунсоз пазируфта, барои дигарон-кишварҳои ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор, дарси наҷот медонанд.
Бо мурури таърихи миллати худ ва марҳилаи нави давлатдории халқи азизам баёни ин нуктаро муҳим дониста ишора менамоям, ки маҳз бо шарофати “формулаи сулҳу салоҳ” миллат ва давлати тоҷикон аз таҳдиди нобудшавӣ эмин монд. Ба андешаи яке аз намояндагони шинохтаи ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии Ҷумҳуроии исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст, ки дар китоби Муҳаммадҷон Тоштемуров ва Саидмурод Фаттоев “Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон” чунин нуктаро вохӯрдам “Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд, аммо имрӯз бо шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои мусаффо ҷорианд”.
Вале мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯз гурӯҳе аз бадхоҳони давлату ҳукумати кишвар аз рушд ва пешрафти давлати мо хурсанд нашуда, бо мафкураи экстремистию террористидоштаи худ, дар мисоли домуллову нимчамуллоҳои кишвари ҳамсоя-Афғонистон, дар баробари дастуроти созандаи Роҳбарияти Олии кишвар забони маломат кушода, ҷавонони ноогоҳро ба кирдорҳои ғайриинсонӣ даъват менамоянд. Ба ҷавонони саодатманди диёрам муроҷиат намуда, таъкид менамоям, ки ба гапу даъватҳои беасоси хоинону душманони давлату миллат дода нашаванд ва фаромӯш насозанд, ки беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо ин таъмини зиндагии шоистаи оила ва фарзандон аст. Бинобар ин бо шукр аз фазои орому осуда баҳри таъмини зиндагии саодатбори фарзандон камари ҳиммат банданд.
Халқи азизи тоҷик хуб медонад, ки мақсади асосии ин нотавонбинон халалдор намудани амнияту суботи кишвар мебошад. Аз ёдҳо зудуда нагардидааст, ки ин аблаҳон ва гумоштагони хориҷиён дар либоси дини мубини ислом ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъсис дода, дар кишвари азизамон ба садҳо амали ноҷавонмардона даст заданд.
Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба марзу буми кишвар ба сӯйи нохалафон ва гумроҳону асолатбохтагон садо баланд намуда, иброз медорам, ки шумо нотавонбинон ва хоинони давлату миллати тоҷик бо ҳисси нотавонбиниву ноҷавонмардӣ нисбат ба озодиву ваҳдати сартосарии кишвар аз ҳасудӣ ва гумроҳӣ худро нобут месозед.
Дониста бошед, ки мардуми саодатманди кишвар бо дарки худшиносӣ ва садоқат дар роҳи ватандорӣ “Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст ва хушбахтона, душмани миллати мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд ва намерасанд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз номи ин абармарди таърих, Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доим зафарёбанд”.
Тошматов Умар – мутахассиси маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ