, Якшанбе, 22-декабр

САРНАВИШТИ ВОЖАҲО ДАР ПАЖӮҲИШҲОИ ЗАФАР МИРЗОЁН

 11.06.2024 395

САРНАВИШТИ ВОЖАҲО ДАР ПАЖӮҲИШҲОИ ЗАФАР МИРЗОЁН

(ба хотираи неки устоди зиндаёд бахшида мешавад)

Дар тули ҳаёти сипаришуда бо олимону фозилону донишмандони зиёде ҳамсуҳбат шудаму аз андешаронии онҳо ғизои маънавӣ гирифтам. Аммо лаззати гуфтори устод Зафар Мирзоён дигар буд. Рафтораш дигар буд, суҳбаташ дигар буд, андешаронияш дигар буд, муносибаташ бо рӯйдодҳои зиндагӣ дигар буд, афкору амалҳояш ба масъалаҳои милливу забони модарӣ дигар буд.

Чун дигар фарҳехтагони миллат ҳар лаҳзаи умри хешро мехост ба ҳувияти милиӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшад, ҳатто дақиқаву сонияҳоро намехост, ки барабас сарф намояд. Устод ба қадри вақт мерасид. Боре дар суҳбат гуфта буд: -Эй кош, як шабонарӯз 24 соат неву 36 соат мешуд. Ман он вақт ба моҳияти ин  суханон чандон сарфаҳм намерафтам. Баъди даргузашти устод акнун фаҳмидам, ки чи қадар вақт барои инсон муҳим будааст. Ҳар лаҳзаи зиндагӣ ғанимат будааст. Мо намедонем, ки фардо ё пасфардо шахсро чӣ интизор аст. Ҳар як инсон баъди рафтан бояд, чизе ба мерос гузорад, ки арзиш дошта бошад. Ҳамаи амалҳои устод дар тули умри пурбаракаташон арзишҳои баланди инсониву илмиву фарҳангиро моликанд. 

Ҳамчунин мисли дигар фарзандони фарзонаи миллат, қалби устод саршор аз ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ буд ва метавон гуфт, ки дар ҳимояи манофеи миллӣ ҳамчун фарзанди ҷигарбанди миллат, ҷоннисори миллату Ватан буд ва то вопасин лаҳазоти зиндагӣ ба он  содиқ  монд.

Дар баробари вазфаҳои пурмасъули соҳаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ,  устод ҳамчун шахсияти ватандӯсту миллатдӯст, дар муаррифии забону фарҳанг, расму оини миллии тоҷик, ки ифодагари  ҳувияту ифтихороти миллӣ мебошад, саҳми бориз гузоштанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки устод Зафар Мирзоён тамоми истеъдоди худододии хешро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла  забонини ноби тоҷикӣ ва густариши он равона намудаанд.

Устод дар андешаронии хеш вобаста масоили забоншиносӣ бештар ба аснодҳои илмӣ такя менамуданд, ки ин аҳамияти вежаро дар омӯзиши дақиқи вожаҳо молик аст. Дар тақивияти ин гуфтаҳо, метавон гуфт, ки пажӯҳишҳои этимологии вожаҳои марбут ба топонимҳо (мавзеҳои ҷуғрофӣ), ки хеле аҳамиятноканд аз мадди назари он кас дур намондаанд. Масалан, дар яке навиштаҳои хеш он кас бо номи «Ховалинг-Сарзамини баландсарон» дар китоби «Ниёиши некону покон»-Душанбе: Шарқи озод, 2015. -304 с. (минбаъд мисолҳо аз ҳамин китоб оварда мешавад)  дар хусуси  этимологияи пйдоиши вожаи Ховалинг андешаронӣ намуда, реша ва маънии калимаи мазкурро бо усули диахронӣ (таърихӣ-муқоисавӣ) пажуҳиш намуда, мафҳуми  онро дар муқоиса бо оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ҷустанӣ шуда, чунин иброз доштааст: «Гумон доштам Ховалинг аз ҷузъҳои  мураккаби «хов»-баргирифта, аз хвар «Хур» офтоб ва «линг» шояд «ланд», яъне замин бошад.  Аммо чун ба ин хулоса шак доштам ва вожаи русии «луг»-ҷойи ҳамвори ҷангалак доштаро наздиктар ба ҷузъи «линг»- калимаи Ховалинг медидам, таваҷҷуҳамро ба он ҷалб кардам, ки ақвоми ҳиндуаврупоии дигар, мисли литвониҳо, сербу хорватҳо, прусу саксониҳо, исландиҳо дигар хешовандони дуртари забони форсӣ маънии дашти ҳамворро ба чӣ вожаҳое баён кардаанд. Баъдан, барои мушаххас намудани мутобиқати шакливу маъноии важаи «Ховалинг» ҷузъи дуюм он важаи «линг»-ро ба забонҳои булғориву лаҳистонӣ ва сербиву хорватӣ муқоиса намуда, ба чунинин хулоса меояд: «Дар забонҳои булғорӣ, лаҳистонӣ, сербӣ, хорватӣ, бо воажаи «луг», »лунг» дар қадим  он мавзееро ном мебаранд, ки шомили ҳамвории сердарахт, ҳамвории сабзазор ё сабзазори ботлоқӣ бошад, аммо дар забони  данягӣ он дар қолаби Lung (лунг) замини ботлоқдорро гӯянд. Вожаи мазкур дар  забони исландӣ бо номи ботлоқзори сердарахт Lenqva (Ленгва) ва дар забони прусиягӣ низ бо ҳамин ном дар шакли   Lanqondis (Ленгодис) ифода ёфтааст.  Аммо устоди нуктасанҷ ба вижагии калимаи фавқузикр жарфтар назар андохта, маънои мушаххаси калимаи «лингро» дар забони литвонӣ  пайдо менамояд. Дар ин маврид таъкиди эшон бисёр арзиши илмӣ дорад, чунки дар мушаххас намудани баромади калимаҳо аксари донишмандони забоншиноси самти оилаи ҳиндуаврупоӣ ба нахустзабон санскит такя мекунанд: «Аз ҳама ҷолиб он аст, ки литвониҳо дашти мобайни ду куҳро Lenqe гӯянд. Ховалинг низ дар ҳамвории ҳамвории васеъ ҷогир аст, ки аз ду тараф бо кӯҳҳои баланд иҳота шуда, ҳанӯз ҳам дар баъзе ҷойҳояш қитъаҳои замини ботлоқӣ мондааст».

Дар мавриди дигар онро бо забони ҳиндии қадим, ки нахустзабони оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шохаи забонҳои ҳидуэронӣ мебошад, муқоиса менамояд ва чунин андешаронӣ менамояд: “Дар забони ҳиндии қадим-шохаи ҳиндуэронии оилаи ҳиндуаврупоӣ ба вожаи Lokas ба маънии ҳамвории фарох дучор омадан мумкин аст”. Дар ҳамвории Ховалинг якчанд мавзее мавҷуд аст, ки бо вожаи «дашт» номгузорӣ шудаанд. Мисли Даштибед, Дашти Қавақ, Дашти Меш.

Бо чунин мулоҳизаҳо ва далоили дигари мавҷуда метавон хулоса кард, ки номи ҷуғурофиёии Ховалинг, маънии ҳамвории сарсабзи офтобиро дорад».

Лозим ба ёдоварист, ки устод Зафар Мирзоён ҳамчун як инсони миллатдӯст ва миллатпарвар тамомоми умр барои асолати забони модарӣ мубориза бурдааст ва дар яке  аз навиштаҳои  худ дар китобашон  бо номи «Вожаҳои зиндонӣ» бо ҳасрат аз тасарруф ва аз байн бурдани вожаҳои аслии қадимаи  тоҷикӣ чунин қайд кардааст: “Дар рӯ ба рӯи экспенсияи (ғасби) гӯиши иситилогрон, бархе аз вожаҳои порсӣ захмиву малул (ярадор) шуданд,  иддае тағайири шакл карданд, қисме ба ҳалокат расиданд ва теъдоди зиёде зиндониянд. Бегонаҳои истилогар барои нобуд сохтан ва ба зиндон афкандани калимаҳои забони форсӣ на танҳо аз зӯроварӣ, балки аз макру ҳилла, аз тадвини қонуну  муқарроте истифода карда омадаанд, ки ҳукми онҳо то ҳанӯз бар сари соҳибони забон ҷорист. Аз ҷумлаи онҳо назарияи бойшавии забонҳо аз ҳисоби забонҳои ҳамсояро ба хотири ғасби беамони  худ эҷод  кардаанд».

Дар мавриди бурду бохти вожаҳои иқтибосӣ низ, устод Зафар Мирзоён адешаронӣ намуда, зиёдаравӣ карданро дар мавриди истфодаи калимаҳои иқтибосӣ, ки шояд сабаби латма ба амалкарди забони тоҷикӣ шавад, маҳкум намуда,  чунин иброз  медорад: «Аз ҳамсояҳо метавон якчанд вожаро иқтибос гирифт, аммо онеро унсурҳои  (дастурӣ сарфу наҳвӣ) забони бегонаро бо фиребу найранг, ба тарзи зӯрӣ ба гӯиши радиову телевизионӣ ва муомилоти давлатӣ ворид карда, забонро фасод месозанд, бояд террористи фарҳангӣ ва амалашонро терроризм ном ниҳод».

 Устод Зафар Мирзоён вобастаба масъалаи тасарруф ва аз байн бурдани вожаҳои ормонии форсҳову тоҷикон аз тарафи арабҳо изҳори таасуф намуда, чунин гуфтааст: “Арабҳо агарчи ба якборагӣ натавонистанд забони худро сари озодагон бор кунанд, вале оҳиста-оҳиста даст ба вожаҳои ормонии форсҳо зада, қисме аз онҳоро аз байн бурданд ва  қисми  дигарашонро зиндонӣ карданд ва дар навбати аввал вожаҳоеро зиндонӣ карданд, ки баёнгари номус, шараф ва ифтихори миллӣ буданд. Чунончи вожаҳои «фар», «фарҳехта», «фурӯҳар» ва монанди инҳо, ки ба руҳу равони ориёӣ далолат мекунад, аз истифода хориҷ шуда, гӯё ба ҳалокат расонида шуданд. Гӯётарин ин ида «Шоҳнома» аст, ки  Ҳаким Фирдавсӣ  дар ин асари безавол беш аз сад  бор вожаи  «фар»-ро истифода кардааст, вале дигар шоирони пас аз ӯ ба арсаи адабиёт омада, боре ҳам аз фар, шукуҳу  ифтихри ориё ёдовар нашудаанд».

Устод дар мавриди ба маъноҳои «боло», «аъло», «нур», «партав» омадани вожаи «фар»  ибрози анеша намуда, аз ин калима ба вуҷуд омадани як силсила  калимаҳои аҳуроиро аз қабили, «фаррух», «фарзона», «фаройин», «фарҳанг», «фарзин»», «фара»-ро, ки баёнгари некиву покӣ мебошанд, қайд кардааст. Дар мавриди тафсир ё шарҳи вожаи «фар» низ дар  фарҳангномаҳо,  аз ҷумла фарҳангномаҳо бо номи «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони  Орзӯ ва «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ҳусейни Ғиёсиддин изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намудааст, ки шарҳи калимаи «фар» дар «Чароғи ҳидоят» умуман наомадааст, дар «Ғиёс-ул-луғот» бошад, калимаи мазкур аввал ба маънои фирорӣ, гурезанда омада ва баъдан маънии аслии тоҷикии он шарҳ дода шудааст, ки дар муайян намудани арзиши баланди фарҳангии ин калима духурагӣ ба вуҷуд овардааст.

Вожаи дигаре, ки ба асорати вожаҳои арабӣ ва русӣ гирифтор шудааст, ин вожаи «дод» мебошад. Устод дар мавриди арзиши баланди маънавии вожаи мазкур андешаронӣ намуда, ба чунин хулоса омадааст:   «Гӯётарин гувоҳи  матлаби зиндонӣ сохтани вожаҳои баёнгари рӯҳи миллии ориёидошта, сарнавишти вожаи «дод» ва калимаҳои ҳамрадифи он «додхоҳ», «додрас», «додгустар», «додистон» мебошад. Вожаи «дод» ва ҳамрадифони он аз он ҷиҳат бунёдгари рӯҳи миллии  ориёиҳо дониста мешаванд, ки додхоҳи принсипи асосии дини ориёиҳо, дини зардуштӣ, рафтору кирдори муъбадон ва донишмандон ва шоҳони он қавм буд» ва  боз меафзояд, ки: «шояд вожаи «дод», «додхоҳ», «додрас» хилоф бар руҳияи арабҳои ишғолгар буд, ки бар ивазаш «қазоват», «қозӣ», «одил»-ро сари форсигӯёни мазлум таҳмил карданд. Ва русҳо, ки додхоҳиву додгустариро ба тарзи худ мефаҳмиданд, калимаҳои «суд», «судя», «суд кардан»-ро ба форсигӯён бо зӯрӣ бор карда буданд. Тасаввур кунед, ки агар дар порсии бостон «додхоҳ» додхоҳӣ мекард, дар замони шӯравӣ «судя», суд мекард, яъне вазифаи аввалин ба дод расидан бошад, дуввумӣ танҳо ҳадафи зиндонӣ карданро дошт».

Вожаҳои дигаре, ки дар баробари маънои баланд доштан барои муарифии ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги ориёӣ аҳамияти калон доранд,  калимаҳои «гурд», «хуҷаста», «сипоҳ», «радон», «аржанг», «дирфш», «сутург», «озарм» ва ҳазорони дигар мебошанд, ки мавриди таваҷуҳи устод  қарор гирифтаанд ва онҳоро низ вожаҳои зиндонӣ номидааст.

Устод Зафар Мирзоён, баробари нигарониҳои зиёд дар мавриди ҷойгузини калимаҳои қадимаи тоҷик шудани дигар забонҳо аз сиёсати фарҳангпаваронаи Раҳбари муаззами мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳушнудӣ карда, чунин мегӯяд: «Бидуни муболиға қайд карданиям, ки бо шарофати ба истиқлоият расидан ва давлати ҷавони Тоҷикисторо сарварӣ кардани тоҷики асил, як силсила вожаҳои зиндонӣ дубора озод шуданд. Дигар имрӯз вожаҳое чун «меҳан», «марз», «донишвар», «донишгоҳ», «маниш», «пажӯҳишгоҳ», «бунгоҳ», «кӯдакистон», «бемористон», «пизишк» ва амсоли инҳо дар баробари забондонони таҳсилкарда, тоҷикони андакхонда низ дар гуфтори худ истифода мекунанд».

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки матлабҳои устод Зафар Мирзоён натанҳо барои эҳёи калимаҳои аслии тоҷикии аз амалкарди забонамон берункардашудаи  аҷнабиён, балки барои зинда намудани руҳи миллӣ, ормонҳои миллии милати мо равона шудааст.

Хулоса, хидматҳои устод Зафар Мирзоён дар масъалаи ҳувияти миллӣ, арзишҳои миллӣ, эҳёи забони миллӣ дар пайравӣ аз   ташаббусҳои бевоситаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаба масалаи худшиносии  миллӣ, худогоҳии  миллӣ, ҳастии миллӣ, итиқлолияти комили фарҳангии миллатамон буда, барои мардуми тоҷик ва  насли ҷавони ояндасоз  намунаи ибрат  мебошад.

Хотираи неки устод Зафар Мирзоён гиромӣ бод.

Шермуҳаммад Тоиров-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат