, Шанбе, 12-октябр

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

 04.06.2024 251

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушду камолоти ҷавонон, тарбияву раҳнамоӣ намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллат саҳми босазо мегузоранд. Аз ин ҷост, ки ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дар фазои суботу ваҳдати миллӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз таъсири пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир саъйу талош меварзанд.

Мусаллам аст, ки ҳар як халқу миллат таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва тамаддуни хоси худро дорад ва ҳар яке аз ин ҷузъҳо ҳамчун пойдевори ҳастии халқу миллат ҳастанд. Дар таърихи башарият боназардошти рӯйдоду воқеаҳои зиёди ҳамарӯза ҳифз намудани забону фарҳанг ва анъанаву тамаддуни як миллат хеле душвор аст. Барои дар ин росто вуҷуд доштани як миллат таҳаммул ба зарбаҳои гуногуни сиёсиву идеологӣ ва истодагарӣ дар муқобили онҳо амри зарурист. Маҳз соҳибмиллатон метавонанд ва вазифаи муқаддас ҳам доранд, ки баҳри ҳифзи миллати хеш, фарҳанг, забон, расму оин ва тамаддуни хеш талош варзанд. Зеро аз байн рафтани забон, фарҳанг ва тамаддун боиси аз байн рафтани миллат мегардад ва ин барои ҳар як соҳибмиллати хештаншинос нанг аст.

Мавҷудияти миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз бо шарофати фарзандони хештаншиносу худогоҳ, сарсупурдаву бедордили миллат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки чеҳраҳои мондагори миллат барои ҳифзи забону тамаддун, фарҳангу оини хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Талошу ҷоннисориҳои Спитамену Деваштич, Исмоили Сомониву Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Темурмалику Восеъ, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо чеҳраҳои дигар баҳри ҳифзи асолати миллӣ саҳифаҳои таърихи миллатро равшан месозанд.

Волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо ин Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки ормонҳои таърихии ҳазорсолаи миллати тоҷикро ифода намуда, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.  Асоси пойдории давлатдории миллии моро ваҳдати миллӣ ҳамчун натиҷаи тафаккуру иродаи миллӣ ва ҳуввияту худогоҳии миллӣ ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар сатҳи байналмилалӣ мавқеъ гирифта, арзишҳои миллии моро ҳифз менамояд.

Имрӯз миллати сарбаланди моро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таърихи пурғановат мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Илму фарҳанги оламшумули моро эътироф намудаву истифода мебаранд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати моро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ҳамаи ин, мо насли имрӯз, бахусус насли ҷавонро водор месозад, ки баҳри ҳифзи асолати миллӣ, таърих, фарҳанг, забон ва тамаддуни миллат талоши пайваста дошта бошем. Баҳри баланд бардоштани ҳисси худогоҳии милливу хештаншиносӣ кӯшиш намоем.

Мо бояд пеш аз ҳама арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллии худро амиқан дарк намоем ва дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо онҳоро ҳаматарафа ҳифз намоем. Солҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки фарҳангу оин ва идеологияи бегонагон ҷузъ-ҷузъ ба фарҳангу оини миллати тоҷик ва идеологияи миллии мо роҳ ёфта истодааст. Мутаассифона, ин хело нигаронкунанда мебошад. Чунки аз байн рафтани миллат маҳз тавассути аз байн бурдани фарҳангу оин, тамаддуну забони он сурат мегирад. Дар ин росто моро зарур аст, ки беш аз пеш ба ҳифз ва рушди фарҳангу анъанаҳои миллӣ, забону тамаддун, таъриху маънавиёт, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ниҳоят идеологияи миллӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, “ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад”.

Ҳолати ҷаҳони имрӯза мо соҳибмиллатонро водор менамояд, ки суботу ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам намуда, манфиатҳои миллии хешро аз таъсири фарҳангу маънавиёти бегона ҳифз намоем. Ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, суннатҳо ва арзишҳои миллӣ, тафаккури илмӣ тарбия намоем.

Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дар тарғибу беолоиш нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ саҳми бештар дошта бошанд. Мутассифона, бархе аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба андешаҳои ифротгароёнаву хусуматпарварона гаравида, даст ба амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ мезананд. Ба иғвову дасисаҳои бадхоҳони миллат фирефта гардида, манфиатҳои миллии моро поймол месозанд.

Ё ин ки фарҳангу расму оини бегонагонро тақлид намуда, ба онҳо гаравида, дигаронро низ тарғиб менамоянд, ки ин зарба ба фарҳангу тамаддуни миллат мебошад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарғиби идеологияи миллӣ ҷиддӣ машғул гардида, нагузорем, ки ягон нафар ҳаммиллати мо ба бегонапарастию тарғиби фарҳанги бегона моил шавад. Баръакс, ҳар як фарди худогоҳ бояд бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз миллати худ пуштибонӣ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар иброз доштанд, ки “ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд”.

Дар ҳошияи ин суханҳои ҳикматомез мо ҷавонон бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳамчун нерӯи созанда пайваста ба ҳифзи фарҳанг, забон, расму оин, тамаддун ва ҳастии миллати хеш камари ҳиммат мебандем.

Мазарифов Манучеҳр Каримҷонович- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳидавлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ




Ба рӯйхат