,
Якшанбе, 22-декабр
(дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024)
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогир ба ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлоли дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Нигоҳ накарда ба тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон мардуми тоҷик ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама намояндагони қишри ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҳама масълаҳои соҳаҳои мухталифро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳад.
Мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, аз иқдомҳои илмпарваронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Мо аҳли илм ва маориф шоҳиди он ҳастем, ки дар даврони соҳибистқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳо муҳайё гардидааст. Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолии кишвар корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Зимни мулоқот Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омиҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Инчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд».
Ин нукта боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат дар суҳбату мулоқотҳои худ на танҳо масъалаҳои хос ба соҳаи мушаххас, балки дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, ки ҳадафҳои стратегии давлатро инъикос мекунанд, иброз намуда, баҳри амалигардони онҳо иҷрои чорраҳои мушаххасро вазифагузорӣ менамоянд.
Дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро Президенти кишвар ҳамчун вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ки бахусус мо маорифчиён бояд ин гуфтаҳоро сармашқи кори худ гардонем.
Мо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ба Ватан хизмат намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталиф, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро гузорем.
Сафарова Муборак – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ