, Чоршанбе, 11-декабр

ОН ИЛМ ТАЛАБ, КИ СУДМАНД АСТ

 01.06.2024 304

ОН ИЛМ ТАЛАБ, КИ СУДМАНД АСТ

(дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024)

Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар давраҳои гуногуни таърих миллати тоҷик чун насли созандаву бунёдкор, илмдӯсту фарҳангпарвар шинохта шуда, миёни дигар қавму миллатҳо ҷойгоҳи махсус дорад. Корнамоиҳои олимони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, ба монанди риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, кимиё ва тиб басо арзишманданд.

Ҷаҳони имрӯз бо пешрафти илму техника ва навовариҳои илмиву техникӣ ба дастовардҳои бемисл ноил гардида истодааст. Вале мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки бо гузашти замон вазъи зиндагии мардум боз ҳам мураккабу печида гардидааст.

Дуруст аст, ки пайдо гардидани техника ва технологияи нав раванди иҷрои як қатор корҳо, ки онро бевосита инсон бо машаққати зиёд иҷро мекард, сабук гардид. Аммо аз тарафи дигар, бо зиёд гардидани аҳолии курраи замин, талабот нисбат ба ҳама самтҳо бештар гардидааст. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, дастовардҳои илмиро афзудан лозим аст, албатта, корҳои илмие, ки барои беҳбудии ҳаёти мардум нигаронида шудааст. Тавре муҳтарам Пешвои миллат қайд карданд: «Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст.

Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Умуман, дар ҷамъияти инсонӣ ҳар як соҳаи илм ҷойгоҳи худро дорад. Аммо, ба андешаи мо, имрӯз на соҳаи илм, балки муҳаққиқони соҳа роҳи интихобкардаи худро дуруст истифода набурда истодаанд. Ин, албатта, дарди нав нест, балки решааш ба чанд даҳсола қабл аз истиқлолияти давлатӣ рафта мерасад. Лекин солҳои охир боз ҳам вазъ бадтар шуда истодааст.

Барои дарки масъала мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Вақте ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат роҳандозӣ гардид, баъзан сару садоҳо ба гӯш мерасид, ки «боз ҳамон шеъру шоирӣ», «адабиёт барои пешравии кишвар чӣ лозим»… Аммо хиради волои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ бар даҳони чунин нафарони баҳонаҷӯ ва мудом гиламанд муҳри хомӯшӣ ниҳод.

Адабиёти бадеиро Н.Г. Чернишевский “китоби зиндагӣ” номидааст. Аз ин рӯ, мутолиаи он барои тамоми соҳаҳо манфиатбахш аст. Роҳандозии озмуни ҷумҳуриявӣ – «Илм – фурӯғи маърифат» майдони қуваозмоиро барои дӯстдорон ва муҳаққиқони илмҳои табиию риёзӣ васеъ гардонид. Лекин, тавре муҳтарам Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён баён намуданд, натиҷаҳо ҳамоно қонеъкунанда нест. Агар кушоду равшан баён кунем, баъзан мутахассисони соҳаи илмҳои табиию риёзӣ, иқтисодиёт ва ғайра интихоби мавзуъҳои афзалиятнокро сарфи назар кардаанд. Бинобар ин, азму талоши ҳар муҳаққиқ дар роҳи илм бояд содиқона бошад.

Дар ин фишурдаи мақола аз сар халондан ба дигар соҳаҳо худдорӣ намуда, мехоҳам бо илҳом аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сухане аз ганҷинаи бойи осори классикон оварда бошам. Ҳар фарди соҳибдил аз суханронии муҳтарам Пешвои миллат дарк хоҳад кард, ки иқтидори асосии ҳар як миллат ба дастовардҳои илмӣ вобаста мебошад. Камбудиҳое, ки дар ин соҳа қайд шуданд, гувоҳ бар он аст, ки илми тоҷик ҳанӯз ҳам ҳамқадами замон нест.

Муҳтарам Пешвои миллат тамоми камбудиҳои соҳаро бо мисолҳои мушаххас баён намуданд. Аз олимон ситоиш карданд, дар ҷойи дигар интиқод намуданд. Олими воқеӣ кист, муносибат бо шогирдон чӣ гуна бояд бошад ва баъзе падидаҳои номатлуб, ки дар миёни ин қишри ҷомеа ҷой дорад, кушоду равшан баррасӣ гардид. Мо хиради воло ва азалии муҳтарам Пешвои миллатро мероси ниёгони худ медонем.

Абуалӣ ибни Сино дар таърихи миллати тоҷик тавассути асарҳои илмӣ ва ашъори баландмазмун ҷойгоҳи махсус дорад. Мутафаккир ҷонро мисоли шиша ва илмро ба чароғ ташбеҳ дода, инсони бе илму амалро мазаммат кардааст:

Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност.

Муҳтарам Пешвои миллат саҳми олимонро дар пойдории давлату миллат баланд арзёбӣ карда қайд намуданд, ки «дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд».

Байти зерини донишманди номдори мо Носири Хусрав айни ҳамин гуфтаҳост:

Ҳазорон тавон ёфт ханҷар ба дониш,
Яке илм натвон гирифтан ба ханҷар.

Воқеан чунин аст, агар миллат босавод бошад, ҷавонон зираку ҳушёр бошанд, қувваю тавоноии мо даҳчанд мешавад. Дар вазъияти ногувори ҷаҳонӣ давлатҳои пешрафта маҳз аз чунин усул кор гирифта истодаанд. Онҳо бо ҳар роҳ ҷавонони гумроҳу дур аз илму донишро ба доми худ бурда, дар иҷрои ҳадафҳои нопоки худ муваффақ ҳам шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, роҳи асосӣ дар ин самт тақвият бахшидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тарғиби худшиносию ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.

Дар ҷойи дигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ аз он намуданд, ки баъзан барои тарбия ва рушду камоли мутахассисони ҷавон монеаҳо ҷой дорад. Аз он шодам, дар роҳи илм, ки дар саргаҳи он қарор дорам, бо чунин ҳолат мувоҷҷеҳ нашудам. Роҳнамои ман дар соҳаи илм- матншинос, профессор устод Аламхон Кучарзода мебошанд, ки ҳастии худро барои илм бахшидааст, бо шогирдон чун роҳбари серталаб ва чун падари ғамхор муносибат мекунад. Шараф ба чунин инсонҳо! Аммо аз ҷониби баъзе муҳаққиқони ҷавон чунин гиламандӣ шунида мешавад ва, албатта, боиси таассуф аст. Ба таъкиди Пешвои миллат “Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад”.

Падидаи номатлуби дигаре, ки дар байни муҳаққиқон роҳ ёфтааст, танбаливу хунукназарӣ нисбат ба илм мебошад. “Боиси нигаронист, ки як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд”, - қайд карданд муҳтарам Пешвои миллат.

Басо равшан аст, ки дар ин кор на танҳо унвонҷӯ, балки ҳамонҳое, ки ба ин амал раҳнамоӣ мекунанд, гунаҳкоранд. Ба андешаи мо, илмро набояд фурӯхт, балки натиҷаи он бояд самараовар бошад. Ин амал теша ба решаи худ задан аст. Яъне ин падида оқибати нохушро дар пай хоҳад дошт. Ин амали ношоиста монанди барфе хоҳад шуд, ки баъди боридани зиёд ногоҳ об шуда, зарари зиёд ба бор меорад.

Дар амал татбиқ намудани илм аз масъалаҳои асосӣ дар суханронии муҳтарам Пешвои миллат  маҳсуб меёбад. Тавре ёдовар шудем, баъзе аз соҳаҳо ба ташаккули ҳаёти маънавии инсон марбут мешаванд, қисмати дигар барои хоҷагии халқ хеле заруранд. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳаи илмҳои табиӣ, дақиқ, саноату меъморӣ ва тиб ба ин ҷиҳати масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ба андешаи мутафаккир Носири Хусрав:

Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй,
Камолатро ту аз илму амал ҷӯй!
Ё ҷойи дигар баён доштааст:
Зиҳӣ ҷоҳил, ки олим ном дорӣ,
Ту ин илм аз барои дом дорӣ.
Шунидӣ илм, кардӣ ном солус,
Хирад бар илми ту медорад афсӯс.

Аз гуфтаҳои боло равшан мешавад, ки дар ҷомеаи инсонӣ нақши олимону  фозилон басо баланд аст. Давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дорад. Аз ин лиҳоз, дар амал татбиқ гардидани корҳои илмӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Мавзуъҳое барои пажуҳиш интихб гарданд, ки барои ҷомеа манфиат дошта бошанд. На насиҳатгар, мушоҳидачӣ, балки меҳнатдӯст ва содиқ ба касби худ бошем. Таҳлилу хулосабарориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии илми тоҷик бояд сармашқи кори мо бошад ва барои ислоҳи камбудиҳо камари ҳиммат бандем. Дар интиҳои матлаб ду байт аз ҳаким Низомии Ганҷавӣ меорем:

Назм арчи ба мартабат баланд аст,
Он илм талаб, ки судманд аст.
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ
Мекӯш ба хештаншиносӣ!

Шамшоди Ҷамшед – доктори фалсафа (PhD), аз рӯйи ихтисоси филология, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик




Ба рӯйхат