,
Якшанбе, 22-декабр
Иқтисоди сабз иқтисодиётест, ки сатҳи зиндагии мардумро бидуни хатари наслҳои оянда ё хароб кардани муҳити зист таъмин мекунад.
Доираи ҳадафҳои иқтисоди сабз бо рушди фарогир аз нигоҳи идоракунии оқилонаи муҳити зист, кам кардани манбаъҳои карбогидридҳо, кам кардани партовҳои атмосфера ва нигоҳдории экосистема муайян карда мешавад. Ин иқтисодиёт ба партовҳои ками газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия нигаронида шудааст.
Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои асосие, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва тамоми кишварҳо маҳз дар ин самт заҳмату талошҳои зиёд доранд, ин ҳам бошад тавлиди энергия ва ё қувваи барқ тавассути нерӯгоҳҳои атомӣ ва ангиштӣ мебошад. Зеро дастрасии энергия бо роҳҳои болозикр боиси вайрон гардидани экосистема гардида, дар афзоиш ёфтани партоби газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мусоидат мекунанд. Кишвари мо имконияти мусоид баҳри тавлиди энергияи сабз тавассути сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обиро дорад. Нерӯгоҳҳои барқи обӣ на танҳо дар тавлиди энергияи сабз, балки дар маҷмуъ дар рушди иқтисодиёти сабз барои кишвари мо нақши калидӣ дорад.
Ба ақидаи коршиносони соҳа, бо дарназардошти бартариҳои иқтисоди сабз нақши он дар ноил шудан ба рушди устувор инкорнопазир аст, зеро он ҳифзи муҳити зистро таъмин мекунад, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мекунад ва инчунин ба пешрафти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки чунин иқтисод ҳамкории ҳамаи тарафҳои манфиатдорро тақозо мекунад, ки аз ҷумла давлат, соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра иборат аст. Фақат дар сурати ҳамкории ҳар як ташкилот дар ин самт мо метавонем дар бораи татбиқи бомуваффақият ва гузаштан ба рушди устувор бо дилпурӣ суҳбат кунем.
Ҳануз аз соли 2008 аз ҷониби СММ Ташаббуси “Иқтисоди сабз” (Green Economy Initiative) эълон карда шуд, ки яке аз мақсадҳои асосии он дастрасии аҳолии ҷаҳон ба энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия маҳсуб меёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масоили вобаста ба рушди иқтисоди сабзро дар доираи ҳадафҳои стратегӣ пешбинӣ намуда, ниҳоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, таҳти №482 Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037-ро қабул намуд, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад.
Дурнамои дарозмуддати рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 чунин пешбинӣ гардидааст: “Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад мавқеи пешсафро дар истифодабарии иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои ками хориҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад”.
Раванди пешрафти иқтисоди «сабз» идомаи мантиқии рушди устувор буда, дар фарқият аз охирин ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Ташаббуси иқтисоди «сабз» ба се принсипи асосӣ такя мекунад: истифодаи механизмҳои бозоргонӣ барои ба даст овардани рушди устувор, нигоҳдории сармояи табиӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкил кардани ҷойҳои кории «сабз».
Илова бар ин дар Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025 (қарори ҲҶТ аз 30.04.2021, №168) қайд гардидааст, ки “...дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад бо истифода аз иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ва ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад”.
Дар баробари ин Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2017 қайд намуданд, ки «...Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «Иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерўгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».
Рушди иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муайянеро аз сар мегузаронад, ки бо набудани таҷриба дар ин самт, таваҷҷуҳи пасти аҳолӣ, маблағгузории нокифоя ва ғайра алоқаманд аст. Сарфи назар аз мавҷудияти мушкилоти ҷиддӣ, ин соҳа ба шарофати муносибати маҷмўӣ ба ҳалли масъалаҳои пешомада паёмадҳои рушд дорад. Пурра сохта мавриди амал қарор додани нерӯгоҳҳои барқи обии сохтамешуда дар робита ба иқтисодиёти сабз ва рушди устувор ба тадриҷан рафъи як қатор мушкилоти мавҷуда дар минтақа мусоидат мекунанд. Аммо бояд гуфт, ки масъалаҳои иқтисоди сабз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле муҳим буда, зарур аст, ки дар ин самт таҳқиқоти илмӣ бештар гузаронида шуда, роҳҳо ва усулҳои беҳтари расидан ба иқтисодиёти сабз муайян карда шаванд.
Шамсова Ҳидоятбону Бахтиёровна – донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факултети молиявию иқтисодӣ, ихтисоси Кори бонкӣ