, Якшанбе, 22-декабр

ҒАМХОРӢ НИСБАТ БА ҶАВОНОН-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

 28.05.2024 257

ҒАМХОРӢ НИСБАТ БА ҶАВОНОН-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз саҳифаи тозаи муваффақияту комёбиҳо дар таърихи навини тоҷикон боз шуда истодааст, ки ин дастовардҳо дар ироаи Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда мешаванд.

Паёми имсолаи Раҳбари муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои қаблӣ натиҷагирии кору пайкори мардуми кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку ҳамдастии табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад.

Ба ин маънӣ кишвари соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишу нерӯи созандаи мо- ҷавонон, умед баста, ҳалли масоили марбут ба ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад.

Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон таъкид доштанд, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияти суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имконияти мусоидро барои таҳсил, кисби ҳунар ва кору фаъолияти ҷавонон фароҳам овардааст. Дар ин баробар дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати Роҳбарияти олии кишвар аст. Барои мисол, тавре аз Паёми солонаи Пешвои миллат маълум мегардад, «Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1-миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд. Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8-миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Инчунин, дар ин давра 11-ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад. Дар тули ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоит олии касбӣ қабул гардидаанд».

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Бояд гуфт, ки 70%-и аҳолии кишвари азизи моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар иншооти бузурги аср «Роғун» саҳми ҷавонон бечуну чаро ба назар мерасад, Роҳбари давлат низ зимни яке аз баромадҳояшон дар ин хусус ёдрас шудаанд: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишоф ва қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд”.

Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд. Чунончи, шоири ширинсухан, шодравон устод Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд?

Мо боварии комил дорем, кишвари азизи мо-Тоҷикистон бо сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонони зодаи истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи миллат Пешвоимаҳбуб муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон саҳми назарраси худро хоҳем гузошт.

Ситораи Абдурасул - ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат