,
Ҷумъа, 08-ноябр
"Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд".
Эмомалӣ Раҳмон
Ин суханони пурэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонони саодатманди кишварро дар роҳи ватандориву давлатсозӣ рӯҳбаланд ва дар ин росто масъулиятамонро бештар мегардонад.
Агар бузургтарин неъмат барои халқи тоҷик озодиву истиқлолият бошад, дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ нақши ҷавононро Пешвои муаззами миллат баланд арзёбӣ намудаанд. Пас, месазад дар ин ҷода масъулияти бузурги созандагиро ба душ гирифта, худро ба таҳаввулоту талаботи замон мутобиқ созем ва дар ин ҷаҳони пуррақобат мавқеи кишвари азизамонро зина ба зина баланд бардорем.
Моро зарур аст ҳамеша дар назди худ савол гузорем, ки “чи бояд кард то ватандсози ҳақиқӣ бошем ва нерӯи ҷавонии худро чи тавр баҳри ояндаи босаодати халқу кишварамон сарф намоем?”
Ман фикр мекунам, пеш аз ҳама бояд худшинос бошем. Зеро бе худшиносии миллӣ ҳар қадами мо кур-курона гузошта мешавад ва, ҳатто, бехудшиносии миллӣ будани мо барғалат хоҳад буд. Ягона омили муҳим ва василаи муассирро дар роҳи расидан ба худшиносии миллӣ ин амал кардан ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинам, зеро Ӯ худ саропо ба меҳвари асолати миллӣ табдил ёфтааст. Дар таърихи навини тоҷикон борҳо Пешвои муаззами миллат худро дар хатар гузошта, халқи тоҷикро аз вартаҳои нобудӣ наҷот додааст. Борҳо гурӯҳҳои ба гумроҳӣ рафтаро ба роҳи рост баргардонида, гуноҳҳояшонро бахшидааст, ки камоли ҷавонмардист.
Аз дигар қадамҳои созандаи мо ҷавонон дар шароити муосири геополитикӣ ин мубориза ба унсурҳое чун терроризму экстримизм мебошад. Фирефтаи чунин гурӯҳҳои ифротӣ нашудан ин худ мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз ҳамин мавзуъ оғоз намуда, аз “шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам” изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин самт моро зарур аст, бо ёдоварӣ аз таҷрибаҳои талхи кишварҳои Ховари миёна, Аврупои шарқӣ ва Афғонистон ғаразҳои бозиҳои сиёсии геополитикҳоро дарк намуда, манфитҳои давлату миллатамонро дар ҷои аввал гузорем. Барои мисол, бубинед, дар давраи навини соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бо дахолати ҳамин рӯҳониёни асолатбохтаи бегонапараст, ки принсипи “дин аз давлат ҷудо”-ро вайрон карда мехостанд бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷиашон сари қудрат биёянд, наздик буд истиқлолиятамонро аз даст бидиҳем ва Тоҷикистон пора-пора шавад. Тавре мушоҳида мешавад, душманони истиқлолияти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз ин шеваи санҷидашуда умедвор буда, кӯшиш доранд ҷавонони моро мағзшӯӣ кунанд. Нишонаҳои онро мо дар кӯшишҳои сиёсикунонии дин аз тариқи сиёсикунонии ришгузорӣ миёни ҷавонон ҳамчун нишонаи ҳаводорияшон аз ҷараёнҳои бегона ва ба либосҳои бегона рӯ овардани ҷавондухтарони тоҷик мебошад.
Албатта, дар шароити феълӣ онҳо оқибатҳои даҳшатбори рафтори худро фаҳмида наметавонанд. Ин ҷавонмардону ҷавонзанҳо таҳти таъсири таблиғоти рӯҳониёни асолатбохтаи мо қарор гирифта, воқеоти дар давлатҳои исломӣ таҳти айнан ҳамин шиорҳо рӯйдодаро дида наметавонанд. Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла рӯҳониёни ҷавон садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо хизмати софдилонаи худ бақияи ҷавононро дар роҳи созандагӣ ҳидоят намоянд. Агар мо мехоҳем садоқати худро ба давлатдории миллии худ собит кунем, бояд пеш аз ҳама ҷавононеро, ки дар торҳои анкабути “ришҳои сиёсӣ” ва “чодарҳои сиёсӣ” печидаанд, раҳо кунем, ҳаё ва либосу суннатҳои миллиро ба занону духтаронамон баргардонем, ниқоб аз чеҳраи манфури мубаллиғони хушунатҳои ифротгароёна бардорем ва андешаҳои ғаразноки хоинони миллатро фош созем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, сураъати созандагии худро афзун намоем ва ҷавони ояндасози миллат бошем.
Вазифаи дигари мо ҷавонон дар роҳи даст ёфтан ба аҳдофи дар боло зикршуда ин рӯ овардан ба илму дониш ва мусоидат дар васеъ гаштани ҷаҳонбинии худамон аст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид кардаанд: “Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд”.
Ин умедвориҳо ҳамзамон масъулиятро ҳамроҳ доранд. Яъне мо бояд дар самти такмили донишҳои худ масъулиятшинос бошем. На танҳо омӯзгорон аз донишомӯзон серталаб бошанд, балки хонандагону донишҷӯён ва волидони онҳо низ нисбати омӯзгорон серталаб шаванд. Дар шароити имрӯзаи рушди нанотехнология маҳз чунин серталабӣ аз худу дигарон нисбати донишазхудкунӣ моро ҳамқадами ҳаёт карда метавонад. Миллати тоҷик дар ҳама давру замон ба хотири донишмандонаш миллати соҳибэҳтиром буд ва боқӣ аз мо ҷавонон вобаста аст, ки ин эҳтиромро то куҷо нигоҳ медорем. Мо бояд ба ин мисраъҳои шеърӣ, ки аксарият дар лаб дорем, содиқ бошем:
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем.
Дар охир мехоҳам навиштаҳои худро бо чунин суханони падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст созам: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Ҳусейнзода Маҳҷабин-магистранти курси 2-юми факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ