, Якшанбе, 22-декабр

ОИЛА ВА МАЪРИФАТ: (тасниф ва таҳқиқ)

 15.05.2024 558

ОИЛА ВА МАЪРИФАТ: (тасниф ва таҳқиқ)

Оила – сохтори иҷтимоӣ, ҳастаи асосии ҷомеа буда, тавассути чунин хосияту аломатҳо фарқ карда меистад:-Иттифоқи марду зан; -Ихтиёрияти ақди никоҳ; -Аъзоёни оила тавассути умумияти маишӣ бо ҳам пайванданд; -Воридшавӣ ба муносибатҳои никоҳӣ; -Майлу кӯшиши фарзанд ба дунё овардан, иҷтимоигардонӣ ва тарбияи афтол.

Оила яке аз арзишҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад. Мутобиқи баъзе нашрияҳои илмӣ, маҳз шакли оиладорӣ метавонист дар замонҳои дуру дароз самти умумии таҳаввули низомҳои хурди иҷтимоиро муайян кунад. Ҳар як узви ҷомеа, ғайр аз мақоми иҷтимоӣ, мансубияти этникӣ, моликиятӣ ва моддӣ, аз лаҳзаи таваллуд то охири ҳаёт соҳиби муносибатҳои оилавию никоҳӣ мебошад.

Дар марҳилаи силсилаи ҳаётии инсон тадриҷан вазифа ва мақоми он дар оила тағйир ёфтан мегирад. Барои инсони болиғ оила сарчашмаи қаноатмандии гурӯҳи ниёзу эҳтиёҷмандиҳо ва гурӯҳҳои хурд аст, ки имкон медиҳад, ки талаботҳои гуногун ва мураккабе қонеъ гардонида шаванд. Барои тифл оила-ин муҳитест, ки дар он шароитҳои рушди ҷисмонӣ, рӯҳию равонӣ, ҳиссиётӣ ва ақлонӣ фароҳам оварда мешавад.

Муҳтавои мафҳуми «оила» вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа тағйир меёбад. Таҳти мафҳуми оила ҳамчунин метавон ҷуфти волидайн ва ё яке аз волидайнро, ақаллан, бо як фарзанд  фаҳмид. Ҳарчанд бар хилофи дину ойинҳо дар баъзе мамлакатҳо иттифоқ ва ё никоҳи ҳамҷинсон низ иҷозат дода шудааст.

Таъйиноти оила

 Оила-ҷамоаест, ки бар асоси ақди никоҳи ҳамсарон (модару падарон)  ва фарзандони муҷарради онҳо сурат гирифтааст, ки тавассути муқаррароти маънавӣ ва рӯҳию равонӣ, умумияти маишӣ ва масъулияти ахолоқии байниҳамдигарӣ пайванданд. Оила дар асоси ақди никоҳ, фарзандхонӣ, ҳамчунин дигар асосҳо барпо карда мешавад, ки тавассути қонун манъ нашудаанд ва муқаррароте, ки бо асосҳои маънавию ахлоқии ҷомеа мухолифат надоранд.

Новобаста ба он ки мафҳуми оила умумиистеъмолист, таъйиноти мушаххаси илмии он хеле мушкил аст. Дар ҷомеа ва фарҳангҳои мухталиф таъйиноти оила метавонад то андозае тафовут дошта бошад. Гузашта аз ин, аксаран ин таъйинот вобаста ба соҳаест, ки ин мафҳум мавриди истифода қарор дода мешавад. Таъйиноти гуногуни мафҳуми оила мавҷуд аст ва ҳар яки он вобаста ба шароитҳои мушаххаси таърихӣ, этникӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳадафҳои муайяни тадқиқ мебошад.

Тибқи таъйиноти классикӣ яке аз барҷастатарин ҷомеашиносони англис–Энтони Гидденс, таҳти мафҳуми оила «гурӯҳи одамоне фаҳмида мешаванд, ки тавассути муносибатҳои қаробатӣ алоқаманд буда, аъзоёни болиғи он ӯҳдадориҳоро оид ба парвариши атфол ба худ мегиранд». Дар қаринаи таъйиноти мазкур таҳти ифодаи муносибатҳои қаробатӣ муносибатҳое дарку фаҳм карда мешаванд, ки дар натиҷаи ақди никоҳ ба вуҷуд меоянд ва тавассути эътирофи иттифоқи ду нафар шахсони болиғи аз лиҳози шаҳвонӣ ба ҳам пайвандшуда тасдиқ мегарданд ва ё натиҷаи алоқамандию пайванди қаробатии шахсон мебошанд. Оила-гурӯҳи хурдтаринест, ки бар асоси ақди никоҳ ва ё қаробати наздик ташаккул ёфта, аъзоёни он бо умумияти маишӣ, ёрию кумаки байниҳамдигарӣ, масъулияти ҳуқуқӣ ва маънавӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҳуқуқшиносӣ таҳти мафҳуми оила институти иҷтимоие фаҳмида мешавад, ки таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Маъмулан, «оилаи комил» ба маънии ҳуқуқӣ аз падар, модар ва фарзанд ё фарзандон иборат аст; «оилаи нокомил» (нопурра)-иборат аз падар (ё модар)  ва фарзанд (ва ё фарзандон). Аслан ба маъниии пурраи ҳуқуқиаш оила доираи шахсонест, ки тавассути ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои шахсии моликиятӣ ва ё ғайримоликиятӣ пайванданд, ки бар асоси ақди никоҳ, қаробати байниҳамдигарӣ ва фарзандхонӣ ба вуҷуд омадаанд.

Таъйиноти генеалогии оила онро ҳамчун маҷмӯи шахсоне муайян мекунад, ки бо хусусиятҳо ва қаробатҳои умумӣ ба ҳам пайванданд. Ин таъйинот, аз як ҷониб, аз таъйиноти ҳуқуқӣ васеътар буда, аз ҷониби дигар, волидайн ва фарзандони интихобшударо аз аъзоёни оила  истисно мекунад.

Бархурд ва муносибати психологӣ нисбати оила, ки онро Клаус Шнеевинд (нем. Klaus Schneewind) ҷонибдорӣ мекунад, таҳти мафҳуми оила маҷмӯи фардҳоеро эътироф мекунад, ки чор меъёрро таъмин мекунанд:

-Қаробати рӯҳию равонӣ, ахлоқию маънавӣ ва эҳсосотии аъзоёни он;

-Маҳдудияти замонию фазоӣ;

-Пӯшиданокӣ ва қаробати маҳрамона;

-Давомнокии муносибатҳо, масъулияти ҳамдигарӣ, ӯҳдадориҳои тарафайн.

Ҷанбаи иҷтимоии таъйиноти мафҳуми оила дар ҷомеаи сотсиалистӣ афзалият дошт ва тибқи муқаррароти марксизм «оила ба мо манзараи хурди ҳамон ихтилофотро намоиш медиҳад, ки дар он ҷомеа ҳаракат мекунад». Дар марҳилаҳои мухталифи рушди муносибатҳои оилавӣ ҷанбаҳои ҳудудию иқтисодӣ афзалият доранд. Масалан, дар Фаронса дар мафҳуми оила гурӯҳи шахсоне ворид мешуданд, ки шабона танҳо мемонданд», тибқи омори қаблии русӣ деҳқонон таъйиноти оиларо дар асоси теъдоди хӯрандагоне муайян мекарданд, ки доиман сари як миз хӯрок мехӯрданд ва ё аз як сарчашма нон истеъмол мекарданд». Мунтаҳо, новобаста ба муҳимияти вазифаҳои иҷтимоию иқтисодии оила, онро бояд аз хоҷагидорӣ фарқ кард, ки метавонад як нафар анҷом диҳад ва ё гурӯҳи одамоне, ки тавассути муносибатҳои қаробатӣ пайванд нестанд. Ҳамин тариқ, айнан дар як ҳавлию макон истиқомат кардан низ имрӯз наметавонад маънии оиларо ифода кунад. Дар тамоми давру замон асоси он маҳз мафҳуми биологии ҷуфти ҳамсарон боқӣ мемонад, ки метавонанд ҳамроҳ бо насли худ ва ҳам волидайни худ сукунат кунанд.

Аз ин мавқеъ сиёсати демографии давлат бояд ба чунин самтҳо равона карда шавад:

  1. Беҳдошти шароитҳои моддию масканӣ бо шартҳои имтиёзнок бо мақсади беҳдошти фаъолмандии репродуктивии аҳолӣ: -ба оилаҳо ҷудо намудани субсидияҳои имтиёзнок дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти доштан ва ё надоштани фарзандон; -афзоиши ҳаҷму андозаи кумакпулиҳое, ки сарфу харҷҳои яквақтаи вобаста ба таваллуди фарзандро ҷуброн мекунанд; -афзоиши давраи нигоҳубини тифл, ки ба собиқаи суғуртавӣ мансуб аст.
  2. Ташвиқу тарғиби арзишҳои оилавии миллӣ дар байни ҷавонон, ки ҳанӯз ба сини репродуктивӣ нарасидаанд.

Худи маънии мафҳуми «оила» дар забони тоҷикӣ иқтибосшудаи арабӣ буда, «аёлманд», «ғайримуҷаррад», «фарзанддор»-ро ифода мекунад. Мафҳуми тоҷикии он «хонавода» аст ба маънии «аъзоёни як хона» (макон) ва дар забони русӣ мафҳуми «семья» баромади славянию ҳиндуаврупоӣ дошта, маънии «умумияти заминӣ» (муқ. Zeme: Замин)-ро дорад.

Омӯзиши илмӣ ва тадқиқи оила ва ҳайёти олилавӣ асри  XIX шурӯъ шуда, марбут ба ному осори илмии И.Баховен, Л.Морган, М.М.Ковалевский мебошанд. Аз ҷумла, исбот карда шуд, ки навъи оила дар дараҷаи болотарин ҷанбаи таҳаввулоти минбаъдаи ҷомеаи мутобиқро ифода мекунад.

Марҳилаҳои оилавӣ

Аз мавқеи такрористеҳсолкунии аҳолӣ муҳимтарин меъёри сохтани типологияи демографии оилаҳо марҳилаҳои силсилавии оилаҳо мебошанд. Марҳилаҳои оилавӣ тавассути чунин давраҳои падарию модарӣ муайян карда мешаванд:

-марҳилаи қаблазволидайнӣ (падарию модарӣ)-давраи бастани ақди никоҳ то таваллуди фарзанд;

-падарию модарии репродуктивӣ-давраи байни таваллуди нахустин ва охирин фарзанд;

-падарию модарии иҷтимоишуда-давраи таваллуди нахустин

фарзанд то ҷудошавӣ аз оила (аксаран тавассути бастани ақди никоҳ) фарзанди охирин  (дар ҳолати як фарзанд будан бо марҳилаи қаблӣ мувофиқат мекунад);

-марҳилаи бобоӣ (баъдиволидайнӣ)-давраи таваллуди нахустин набера то фавти волидайни волидайн).

Сохтори оилавӣ ва ё никоҳӣ нишондодест, ки зимни барӯйхатгирии аҳолӣ ва ё муоинаю омӯзиши махсуси таркиб ва ҳайати аҳолӣ ба даст меояд. Биноан, тасаввуроте оид ба сохтори оилавии аҳолӣ фақат баъди гузаронидани маъракаҳои барӯйхатгирӣ ва ё муоинаю омӯзишҳои махсус ҳосил шуданаш мумкин аст. Зимнан амалияи муоинаю омӯзиш ва барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва омори демографӣ оилаҳоро аз рӯи чунин аломату нишонаҳо ҷудо карда меистад:

-ҳаҷму андозаи оила (теъдоди аъзоёни он);

-навъи оила (нуклеарӣ, мураккаб, пурраю комил ва нопурра).

-Оилаи нуклеарӣ (англ. nuclear family)-оилаҳое, ки иборат аз як ҷуфти никоҳӣ бо фарзандон мебошанд);

-Оилаи мураккаб-ба оилаи асосӣ дигар хешутаборон тавассути ақрабои волидайн ва ҳамчунин хешу таборони дигари волидайн (ақрабои ҳар як ҳамсар) дохил мешаванд. Ҳамчунин ба ин гурӯҳ якчанд ҷуфтҳои никоҳӣ ва ё ҳамсарон дохил мешаванд, ки аъзоёни онҳо тавассути пайвандҳои хешутаборӣ ва пешбурди рӯзғор ва хоҷагидорӣ вобастаанд.

Теъдоди фарзандон дар оила

-оилаҳои камфарзанд-1-2 фарзанд, ки барои афзоиши табии аҳолӣ кифоят нестанд;

-оилаҳои миёнаи фарзанддор-3-4 фарзанд, ки барои такрористеҳсолкунии камтавсеа ва пайдоиши динамикаи дохилигурӯҳӣ басандаанд;

-оилаҳои серфарзанд- аз 5 фарзанд зиёдтар, ки барои иваз кардани наслҳо зиёдтар аст.

Навъи оилаҳо ва ташкили онҳо

Аз мавқеи демографӣ якчанд навъи оилаҳо ва ташкили онҳо мавҷуд аст.

Вобаста аз шарикон:

-оилаҳои моногамӣ- иборат аз ду шарик;

-оилаҳои полигамӣ – иборат аз шарикони аз 2 нафар зиёд;

-бисёрзанӣ (полигиния) – ҳолати дар як маврид бо якчанд зан ақди никоҳ бастани мард. Зимнан бо ҳар як зан мард никоҳи алоҳида мебандад. Масалан, дар шариат аз чор зан зиёдтар доштани мард ғайримумкин аст;

-полиандрия - ҳамзамон ва дар як мавриду ҳолат бо якчанд мард ақди никоҳ бастани як зан, ки дар мардумони Тибет, Ҷазираҳои Гавай мушоҳида мешавад;

-Оилаҳои шведӣ- оилаҳое, ки бар асоси муносибатҳои полиаморӣ  байни шарикон ба вуҷуд омадаанд.

Вобаста ба ҷинсияти шарикон:

-Оилаҳои гуногунҷинса - «оилаҳои анъанавӣ», ки иборат аз як зан ва як мард мебошанд;

-Оилаҳои якҷинса - оилаҳое, ки тавассути ду шахси ҳамҷинс (ду зан ва ё ду мард) ташаккул меёбанд.

Вобаста ба теъдоди фарзандон:

- оилаи бефарзанд (инфертилӣ);

-оилаҳои якфарзанддор;

-оилаҳои камфарзанд;

-оилаҳои миёнафарзанд;

-оилаҳои серфарзанд;

Вобаста ба таркибу ҳайат:

-оилаҳои соддаю оддӣ ва маъмулӣ (нуклеарӣ) – иборат аз як насли волидайн бо фарзандон ва бе фарзандон. Оилаҳои нуклеарӣ дар ҷомеаи муосир аз ҳама зиёдтар густариш ёфтаанд. Онҳо метавонад чунин бошад:

-оилаҳои элементарӣ – оилаҳо иборат аз се аъзо: мард, зан ва фарзанд. Чунин оила метавонад зимнан боз ба чунин навъҳо ҷудо шавад: - оилаҳои пурра - дар таркибу ҳайат волидайн ва ақаллан як фарзанд мавҷуд аст; -оилаҳои нопурра - оилаҳои иборат аз яке аз волидайн бо фарзанд (он) ва ё оилаҳое, ки фақат аз волидайн иборатанд; -оилаҳои таркибӣ - оилаҳои пурраи нуклеарӣ, ки фарзандон тарбия мешаванд; -оилаҳои мураккаб ва ё патриархалӣ – оилаҳои калони иборат аз якчанд насл. Онҳо метавонанд волидайни волидайн (бобою, момо), бародарон ва ҳамсарони онҳо, хоҳарон ва ҳамсарони онҳо, хешу ақраборо низ фаро гиранд.

Навъҳои оилаҳо вобаста ба воситаҳои интихоби шарики оилавӣ чунин мешаванд:

- оилаҳои эндогамӣ, бастани ақди никоҳ бо намояндагони фақат як гурӯҳи муайян (қавм, тоифа, қабила ва ғайра);

-оилаҳои экзогамӣ, ки ақди никоҳ байни хешу ақрабо баста мешаванд (масалан, байни хешу ақрабои наздик, ҳамқавмон ва ғайра), ки аз нигоҳи тибу илмҳои дигар мамнуъ ва ғайриимкон аст.

Вобаста ба нақш ва мақоми шахс дар оила:

-оилаҳои волидайнӣ – оилаҳое, ки тифл ба дунё меоранд;

-оилаҳои репродуктивӣ – оилаҳое, ки инсонҳоро худ ташкил мекунанд.

Вобаста ба сукунат доштани оилаҳо:

-оилаҳои матрилокалӣ – оилаҳои ҷавоне, ки ҳамроҳ бо волидайн зиндагӣ доранд;

-оилаҳои патрилокалӣ - оилаҳое, ки ҳамроҳ бо волидайни шавҳар зиндагӣ мекунанд;

-оилаҳои неолокалӣ - оилаҳое, ки дар масофаи дур аз волидайн сукунат доранд.

Ба масъалаҳои таснифи оилаҳои муосир муҳаққиқ Торохтий В.С. ҷиддан машғул буд. Ҳар як оиларо зуҳуроту падидаҳои иҷтимоию психологии дар он рӯй медода, муносибатҳои никоҳию оилавӣ, ки иборат аз ҷанбаҳои психологии фаъолияти предметию амалӣ мебошанд, доираи муошират ва мазмуну мӯҳтавои он, хусусиятҳои робитаҳои эҳсосотӣ, ҳадафҳои иҷтимоию психологӣ ва талаботи инфиродию психололгии аъзоёни он ҷудо карда меистанд.

Ҷумъахон Алимӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат