, Якшанбе, 22-декабр

МАВҚЕИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ

 13.05.2024 507

МАВҚЕИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ

Солҳои охир мушкилоти экологӣ характери глобалӣ пайдо карда, ба яке аз мавзуъҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аҳолӣ ва истеъмолот меафзояд ва ба ҳифзи муҳити зист чандон аҳамият дода намешавад. Ин ба афзоиши истеҳсолот, партовгоҳҳои нав ва паст шудани сифати зиндагӣ оварда мерасонад. Ва барои аз байн бурдани чунин хатарҳо, СММ дар солҳои 70-80-уми асри гузашта, консепсияи рушди устувор - бидуни зарар ба наслҳои ояндаро ба тавсиб расонидааст.

Стратегияи рушди иқтисоди сабз бори аввал аз тарафи конфронси байналмилалӣ оид ба рушди устувори иқтисодӣ ва муҳити зист соли 1992 дар Бразилия (Рио-де-Жанейро) ва соли 2002 дар Африқои Ҷанубӣ (Йоханнесбург) қабул карда шуд, ки барои ташаккулёбии иқтисодиёти сабз асос гузоштааст.

Назарияи иқтисоди сабз

Иқтисоди сабз - иқтисодиётест, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона шудааст. Пеш аз ҳама, иқтисоди сабз ба истифодаи иқтисодии ин захираҳое, ки ҳоло ба талафи (маъданӣ - нафту газ ва ангишт) дахл доранд ва истифодаи оқилонаи захираҳои беталаф ба назар мерасанд. Дар маркази иқтисоди сабз – ин технологияи тоза ё сабз ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои коршиносон, рушди иқтисоди сабз ба кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки буҳрони экологие, ки аллакай характери глобалӣ пайдо кардааст то андозае паст намояд.

Иқтисодиёти сабз ба мавзуи асосии мубоҳиса барои форумҳои муҳими байналмилалии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Ҳамин тариқ, масъалаҳои рушди «сабз» ҳамчун стратегияи рушди устувори минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, махсусан истифодаи оқилонаи захираҳо, коҳиши карбон ва рушди устувори шаҳрҳо дар самти истифодаи энергияи сабз дар истеҳсоли маҳулот ва коммуникатсияи нақлиётӣ самтҳои калидӣ ба шумор меравад.

Се принсипи асоси иқтисоди сабз:

- арзёбӣ ва нишон додани хадамоти табиӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ;

- таъмини шуғл тавассути таъсиси ҷойҳои кории сабз ва таҳияи қарорҳои сиёсии мувофиқ;

- истифодаи механизмҳои бозор барои ноил шудан ба рушди устувор.

Дар айни замон, ҷомеа ба таври мухтасар ифодаи «Иқтисоди сабз» - ро дарк менамоянд. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки ин бахшҳои нави иқтисодиёт табиати кишварро беҳтар мегардонанд. Дигарон ин изҳоротро ҳамчун технологияҳои навӣ, як намуди экосистемаҳо, ки барои расонидани кӯмак ба табиат офарида шудаанд, мефаҳманд. Ва баъзеҳо чунин мешуморанд, ки ин гузариш ба марҳилаи нави рушд аст, ки мақсади он фароҳам овардани шароити экологӣ мебошад.

Имрӯз, 40% инноватсияҳои ҷаҳонӣ аз ҳисобӣ «Иқтисоди сабз» буда, 20 фоизи онро нерӯи барқ ва самаранокии энергия, ки омили асосии иқтисоди сабз аст ташкил медиҳад. Нерӯи энергетикӣ на танҳо барои рақобатпазирӣ ва бехатарӣ, ҳамчун гармӣ ва сабукӣ истифода мешавад ва барои 50 фоиз аз партовҳои ифлоскунанда ва 70 фоизи газҳои гармидиҳандаро паст менамояд. Яъне, сатҳи шиддатнокии энергетикӣ бо таркиби муҳити иқлими зист ва иқтисодиёти миллӣ муайян карда мешавад.

Модели пештараи иқтисодӣ захираҳои фарогирро ба хароҷоти зиёд оварда мерасонад ва самаранокии маҳсулотро коҳиш дода сабаби зиёд шудани хавфҳои экологӣ, норасоии экологӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ гардида бӯҳронҳои давомдорӣ иқтисодиву молиявиро бабор меоварад. Ва дар ниҳоят идеяи модели нави «Иқтисоди сабз», ки дар он беҳбудии моддӣ аз таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад, ташаккул меёбад.

Масъалаи тағйирёбии иқлим ва хатари таъсири манфии глобалӣ ва минтақавӣ баъзе мавзуъҳои мухталифе дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Аҳамияти ин таҳқиқот ва тадбирҳо барои мутобиқ шудан ба мушкилоти тағйирёбии иқлим мебошад. Объекти асосии тағйирёбии иқлим ин гузариш ба иқтисодиёти сабз ва манбаъҳои алтернативӣ мебошад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо шароитҳои зерин баррасӣ карда мешавад, инҳоянд:

  1. Динамикаи иқтисодиёти сабз, самаранокии энергетикӣ ҳамчун воситаи мубориза бо тағирёбии иқлим.
  2. Таҳлили вазъияти миллӣ ва ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди сабз ва тағйирёбии иқлим.
  3. Ҷустуҷӯи роҳҳои мутобиқкунӣ ба тағйирёбии иқлим ва механизмҳои рушди иқтисоди сабз.
  4. Гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия.

Иқтисодиёти сабз, ин иқтисодиётро беҳбуд мебахшад ва адолати иҷтимоиро дар ҳоли коҳиш додани хатарҳои экологӣ ва азхудкунии захираҳо барқарор менамояд.

Тағйирёбии иқлим самти маъмултарин ва оммавӣ аз 90% эҳтимолияти афзоиши омилҳои гармшавии антропогенӣ мебошад. Ҳамчунин, ин сабабҳо бо фаъолияти технологӣ ба назар мерасад: нақлиёт, саноат ва ғайра. Дар баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ яке аз вазифаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад.

Кишварҳои пешрафтаи гузариш ба манбаъҳои алтернативии иқтисоди сабз:

Кореяи ҷанубӣ, ИМА, Чин, Олмон, Шветсия, Швейтсария, Русия.

Нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва энергияи сабз.

Бо шарофати энергетикаи обии кишвар партови газҳои гулхонавии Тоҷикистон ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ва дар ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин мебошд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28.12.2023, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

“Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем” иброз гардид, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини саёра оид ба масъалаҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иқлимӣ, гидроэнергетикӣ, географӣ, гидрологии ҷаҳонӣ андешаҳои хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни соҳаҳои мухталифи илм ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.

Дар маҷмуъ барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ оид ба рушди иқтисодиёти сабз зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон оид ба захираҳои алтернативии табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд, ки ин ба беҳтар шудани сифати ҳаёти инсон оварда мерасонад.

Фарзона ҲАСАНОВА - номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат