, Якшанбе, 22-декабр

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА НАҚШИ ВАО: ҲАҚИҚАТ ВА ҚИЁС

 11.05.2024 528

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА НАҚШИ ВАО: ҲАҚИҚАТ ВА ҚИЁС

Амнияти иттилоотӣ мавзуест, ки вақтҳои охир атрофи он суҳбатҳои зиёде доир мешавад. Ин беҳуда нест, зеро дар шароити раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фаъолияти васоити ахбор ба манбаи амнияти иттилоотӣ табдил меёбанд. Табиист, ки дар ин раванд воситаҳои ахбори омма барои таъмини амнияти иттилоотӣ нақши муассире доранд. Ин нақш бо роҳи саҳмгирӣ дар бобати бо иттилоъ таъмин намудани мухотабони худ (хонанда, шунаванда ва бинанда) амалӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳуҷҷати асосӣ раванди амнияти иттилоотиро заминаи қонунӣ мебахшад. Яке Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1175, аз соли 2003 тасдиқ гардидааст ва дигарӣ Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 451, аз 30 апрели соли 2008 тасдиқ шудааст. Маҳаки асосии заминаҳои мазкури қонунӣ таҳкими ҳамкории воситаҳои ахбори омма бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад. Зеро ҳадафи асосии қабули консепсияҳои номбаршуда ташаккул ва таҳкими волоияти қонун, шаффофияти фаъолият ва ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа мебошад. Дар воқеъ муҳимтарин тадбир дар ин бобат ҳамкории зичи се бахш: давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ин ҳамкории пурарзиш метавонад ва имкон фароҳам меорад, ки барои пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ омода бошем. Бесабаб нест, ки: «амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот муаррифӣ мешавад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи телевизионҳои Варзиш, Синамо ва Академияи ВАО изҳор дошта буданд, ки: «дар замони таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд. Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумати кишвар буда, воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нисбат ба дигар расонаҳои иттилоотӣ бояд фаъол бошанд».

Журналистика дар шароити кунунӣ фаротар аз он аст, ки замоне онро чун «ҳокимияти чорум» мепазируфтем. Ҷаҳонишавии муосир ва қонуниятҳои маълуми ҷаҳони иттилоотӣ ин хулосаро ба мо собит намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк менамояд, ки ин ҳокимияти чорум иқтидорест на танҳо як давлатро нобуд созад, балки ҷаҳонро дар сохту қолаби нав метавонад тағйир диҳад. Чун як силоҳи нави маҳви ҷаҳон шинохта шудани ахбор ба як падидаи маълуму муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Чандин таҷрибаҳову таҳқиқҳо барои муайян кардани сарҳаду ҳудудҳои таъсири васоити ахбор равона гаштаанд. Аммо то ҳол касе муваффақ ба он нагаштааст, ки ин марзу ҳудуду сарҳади олами ахбору афкорро мушаххасу муайян намояд. Зеро дар тамоми ҷаҳони фарогирандаи мо талошу муборизаҳо барои ҳадди аққали соҳибият ба як қисмати вақти аудитория равона гардидааст. Ин ҷараён ба монанди мавҷҳои бузурги як уқёнус хоҳони шустани манзилҳову хушкиҳои соҳилҳоро дорад. Ин ҷараён паҳнкунандаи ангезаву заҳрҳост, ки дар натиҷа эпидемияҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Ин ҷараён хосияте дорад, ки дар баробари паҳлӯҳои мусбати он кам касоне ҳастанд, натиҷаҳои манфии онро дарк менамоянд. Ҳамаи ин фарзияҳоро мо имрӯз дар «қабатҳо»-и фазои иттилоотии муосир дарёфт карда метавонем.

Имрӯз дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ маълум шудааст, ки барои ғасби як давлату як кишвар нерӯи низомӣ лозим нест. Дар ин роҳ кифоя аст, ки рақиб рақибашро дар ин ҷанги иттилоотӣ мағлуб созаду воситаҳои ахбори онро ба муқобили худаш шӯронад. Дар ин ҳолат «ранги заҳролуд»-е ки хабар аз он ранг мегирад, хеле зуд ҳарифро ба марг мувоҷеҳ месозад.

Фазои иттилоотии феълӣ қонуниятҳои аҷиб низ дорад. Ҷои инкор нест, ки дар мафкураҳо ҳангомаву ҳамоқатҳо тезтар ҷо мешаванд. Ҳангомаву валвала аз оғоз низ мавриди корбасти васеи васоити ахбор буд. Дар ҳамин ҳолат вақте фазои иттилоотӣ холигаҳ дораду аз ҷониби як рақиб ишғолу идора мешавад, бояд донист, ки чӣ пайомаде як ҷамъиятро интизор аст. Журналист ё фарде ки минбари иттилоотиро дар ихтиёр дорад, бо ҳар мақсаде ба олами афкор рахнаву таъсире ба миён оварда метавонад. Ҷонӣ Карсон тележурналисти амрикоӣ дар як телешоу шухӣ кард, ки дар мамлакат буҳрони истеҳсоли қоғази ташноб рафта истодааст. Дар як фурсати кутоҳ дар мағозаҳо қоғази ташноб (туалетная бумага) боқӣ намонд. Ҳарчанд Карсон узр пурсида бошад ҳам, аммо дер шуда буд. Чанд ҳафта буҳрони воқеии сохтае дар ин масъала ба миён омад. Ҷинояткори ба ҳукми қатл маҳкумшудаи ғарбӣ аз толори суд баромада дар назди издиҳоми журналистон дод зада гуфт, ки «Какаои Ван Гуттенро нӯшед». Ӯ барои ин кораш маблағи бузургеро барои пайвандон ба мерос гузошта тавонист. Ин таъбир дар саҳифаҳои тамоми газетаҳо нашр гардид. Газета ҳам ба фурӯш рафт, какао низ серхаридор гашт. Сафоратхонае ки барояш фаррош (ҳавлирӯб) лозим буд, ба газета чунин эълон медиҳад: «Ҳавлирӯб лозим аст». Касеро барои кор наёфтанд. Эълонро тағйир доданд: «Менеҷери калонро доир ба тоза кардани ҳудуди сафоратхона ба кор мегирем». Талабгор ончунон зиёд гашт, ки танҳо ба тариқи озмун як фаррошро ба кор гирифтанд.

Дар се хабари боло иқтидореро мебинем, ки бо моҳияти психологӣ бузургтарин рекламаи пӯшидаро ба вуҷуд овардаанд. Аз як ҷузъи ночизу назарногир неруе ҳосил гашт, ки ҷомеаро ба ҳаракат водор намуд.

Феълан оинаи нилгун ва интернет, воситаи паҳн кардани ангезаҳову дардҳост. Ангезаву дардҳое, ки дар оғуши хабар матраҳанд ва ин хабар имрӯз ҷаҳонсӯзу ҷаҳонсоз аст. Бил Гейтси машҳур мегӯяд, ки усули беҳтарини дар рақобат фаъол будани ширкати худро дар он мебинад, ки агар бо ахбор дуруст кор карда тавонад. Яъне, моҳияти хабарро кушодан афзалтар аз он аст, ки баъзеҳо ба овозаҳо ва сарчашмаҳои ғайримуътамад такя мекунанд. Андешаи боло аз он ҷиҳат дуруст аст, ки агар дар кӯча рӯзи дароз ҷор занему бо варақаҳо ҳақиқатро ба омма фаҳмониданӣ шавем ҳам, ҳеҷ касе моро гӯш намесозаду бидуни натиҷа аст. Аммо тартибу танзими дурусти ахбор ва шакли саҳеҳи паҳн намудани он боис мешавад, ки ҳадаф ҳосил гардад.

Бо ин махсусиятҳо раванди ҷаҳонишавӣ бо назардошти вақт рақобатҳои шадидеро барои воситаи ахбор ба вуҷуд оварда истодааст. Имрӯз мо аз фанои матбуоти классикӣ бо ваҷҳи таҳаввули васоити электронии ахбор ҳарф мезанем. Ҳатто фарзияе ҳаст ва муҳаққиқон низ сари он андешаанд, ки телевизион дар ояндаҳои наздик ба моли таърих табдил меёбад. Зеро интернет чун як шакли иттилову иртибот мавқеи дигар воситаҳои ахборро маҳдуд менамояд.

Интернетро дастоварди инсоният номидаанд, ки ҳукми саҳеҳ аст. Аммо ин дастоварду ихтироъ имрӯз инсониятро дар мавҷҳои худ ғарқ гардонидан мехоҳад. Воқеан, Интернет як хазинаи бузурги маълумоти иттилоот аст. Google-и машҳур чанде қабл эълон намуда буд, ки дар Интернет дар ҳаҷми 5 миллион терабайт маълумот ҳаст, ки ҳамаи онро дар 200 миллион дискҳои навъи Blu-Ray ҷо намудан мумкин аст. Ҳар рӯз 247 миллиард, мактуби электронӣ (e-mail), аз ҷое ба ҷое равон мегардад. Ҳар рӯз 2,4 миллиард, ё 37,7 % сокини сайёра ба интернет ворид мешаванд. Агар Facebook давлат мебуд, аз рӯи шумораи ахолӣ дар ҷаҳон дар ҷои сеюм қарор мегирифт. Ҳар моҳ корбарандагони он 3 миллиард суратро ба шабака ворид месозанд. Аз рӯи маълумоти Netcraft 227 миллион сайт амал менамояд, ки аз 65 миллиард веб-саҳифаҳо иборат мебошанд. Ин мисолҳо далели онанд, ки Интернет олами нопайдо ва ҳам беназорат аст. Яъне, ҳоҷат ба шарҳу пеш овардани мисолҳои мушаххас нест, ки чунин ҷаҳони беканори Интернет холӣ аз паҳлуҳои манфӣ бошад. Масалан, проблемаи Интернет – терроризм чун маcъалаи асосӣ барои аҳли башар боқӣ мемонад ва пеш аз ҳама ба амнияти иттилоотӣ халал ворид мекунад. Бо ёрии интернет - терроризм метавонад, ки компютери мо аз кор монад ва ба воситаи вирусҳо системаи бонкҳо шикаста шаванд. Қазияи Сноувдени амрикоӣ хиёнаткори як кишвари абарқудратро барои тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуд. Инқилобҳои олами арабро интернет оғоз бахшида буд. Ин терроризм ба тамоми ҷабҳаҳо таъсири худро расонида метавонад. Фарҳанг, санъат, сиёсат, иқтисод ва даҳҳо соҳахои дигар осебпазир боқӣ мемонанд. Масалан, дар самти таъсир ба фарҳанги миллатҳо бештар аз интернет чизи дигаре қудрат надорад. Аз рӯи маълумотҳо 80 фоизи тасвирҳои Интернетро акси занҳои нимаурёну урён ташкил медиҳанд. Аз се яки ҷустуҷӯҳову дархостҳо ба ҳамин самт равона мешаванд. Даҳшатноктарин аксу наворҳои қатлу кушторро, ки онро этикаи журналистӣ мамнуъ медонад, оламиён аз интернет мебинанд. Дар ин ҷода ҷавонон ҳадафу нишони асосӣ мебошанд. Зеро танҳо 37 фоизи маводи интернет барои калонсолон аст. Чунин ба назар мерасад, ки алоқамандии шадид бо шабакаҳои электронии иҷтимоӣ гурӯҳу доираҳоро дар фаҳмишу идрок маҳдуд месозад. Яъне он гуруҳӣ мешавад. Масалан, як нафар ба саҳифаи худ ворид мешаваду фаҳмидан мехоҳад, ки як дӯсташ дар бораи ӯ чӣ мегӯяд. Ин на он руҳияи иҷтимоиест, ки ба таври мисол садсолаҳо боз хоси матбуот аст.

Дар ҳама сурат инкор кардани ин ё он шакли фарсудаву нави васоити ахбор аз рӯи адолат нест. Ҷахонишавии босуръат чунин шароитро ба вуҷуд овардааст, ки танҳо ҷомеаҳои маънаван бой дар чунин фазои иттилоотии гуногунмазмуну гуногунсамт муваффақ мешаванд. Як падидаи маълуми дигар сарфи назар нест, ки дар шароити тезутунди рақобату сабқатҳо васоити ахбор аз ҳамагуна усул истифода мебарад. Дурӯг, таҳриф, ҳангома, дасиса, бӯҳтон ва амсоли он аз ҷумлаи он усулҳост, ки барои мавқеъро аз даст надодан васоити ахбор аз корбасташон сарфи назар намекунад. Як хабар ва як матлаб аз чандин равзана баён мешавад. Қонунияти маълуми дигар он аст, ки омма аз шунидану дидану хондани ахбори як мавзуъ аз чанд васоити ахбор ба печидагие мувоҷеҳ мешавад. Вале дар оқибат бо назардошти сатҳи маънавии хос ҳақиқатро бо қиёс дарёфт менамояд.

Фосила, вақт ва замон дар шароити феълӣ дар фаъолияти васоити ахбор нақши хеле бузург дорад. Аудиторияи имрӯза мувоҷеҳи интихоби ниҳоят васеъ аст. Масалан, агар як нафар хоҳад, ки ба таҳқиқи маълумоти муаррификунандаи аъзоёни «В контакте» машғул шавад, барои ӯ ҳазор сол лозим аст.

Аз ибтидои соли 2023 то моҳи октябр 39 миллион нафар аз функсияи хабарҳои овозӣ (аудиосмсҳо)-и “VK Мессенҷер” истифода карда, 13,2 миллиард смс-и овоздор фиристодаанд. Тибқи иттилои маҷаллаи машҳури Форбес дар соли 2022 дар ҳар дақиқа 231 миллион мактуб тариқи почтаи электронӣ, 16 миллион смс, 1,7 миллион смс тавассути фейсбук, 2,4 миллион акс дар снапчат, 347 ҳазор твит дар Твиттер, 66 ҳазор сурат дар инстаграмм ва 500 соат видео дар Ютуб фиристода шудааст. Ин рақамҳо шаҳодати онанд, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба тадриҷ ҷойи воситаҳои анъанавии ахборро ишғол мекунанд ва чунин фаъолнокӣ далели он аст, ки аудиторияи бузургеро онҳо фарогиранд. Ин аудиторияро соҳибӣ кардан ва талаботи онҳоро бароварда сохтан боиси пурра гардидани фазои иттилотӣ бо ахбори пурмуҳтаво ва босифат мегардад. Дар акси ҳол холӣ мондани ин фазо боиси аз даст додани аудитория ва зери суол бурдани амнияти иттилоотӣ мегардад.

Бидуни шакку шубҳае, холигаҳ дар фазои иттилоотии ҳар як кишвар тамоюли манфиро дар пай дорад. Зеро хоҳу нохоҳ фазои иттилотии ҳар давлат ҳатман дар зери таъсири фазои иттилоотии минтақаи маълум қарор мегирад. Чун дар набардҳои иттилоотӣ ҳадафҳо мухталифанд, омма бояд муътақиди манфиатҳои миллии худ бошад, ки дар ин роҳ ҳифзи «қабати озонӣ»-и фазои иттилоотӣ нақш дорад. Ҳар як қаламкаш дар аввалин қадами эҷоди як матлаб бояд аз рӯи мавқеи миллатдӯстиву ватанпарастӣ амал намояд. Ғафлату бетафовутҳои миллату халқиятҳои мухталиф имрӯза боис ба он гаштааст, ки онҳо феълан мулку сарзамини худро аз даст дода истодаанду аз он фирор менамоянд. Сарфи назар аз таъиноти воситаи ахбор бояд мо аз гузаштаву имрӯзаву дурнамои миллати худ чашм напӯшем. Ҷомеа ба вуҷуд оварандагони фазои иттилотиро ҳамчун ташхисгарон ва нафарони дурнаморо дарккунанда эътироф менамояду ба заковати онҳо такя низ менамояд.

Дар замина таваҷҷуҳ ба дастгирии молиявии воситаҳои ахбори омма, беҳтар намудани шароити кори онҳо, вусъати фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма ва боло бурдани сифати кори онҳо метавонад заминае барои рушди соҳа дар маҷмуъ гардад. Амнияти иттилоотиро таъмин намудан фақат як шиор не, балки ифтихори воқеӣ ва амалӣ бояд бошад.

Қазияҳои номбаршуда танҳо мушкилоти ин муассисаҳо нест. Вай ҳамчунон фақат ба воситаҳои ахбор алоқадор нест. Балки оқибати он ба фазои хабарии мамлакат ва бехатарии иттилоотии он низ таъсир мерасонад. Зеро замони имрӯза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст.

Дар интиҳо овардани суханони роҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост, ки: «дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи воситаҳои ахбори омма зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Ин рисолати душвор ва дар айни замон муқаддаси зиёиён ва пеш аз ҳама роҳбарону кормандони воситаҳои ахбори омма аст, ки хидмате хоҳад буд дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар.

Исмоилзода Зинатуллоҳ - номзади илмҳои филологӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон




Ба рӯйхат