, Якшанбе, 22-декабр

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

 10.05.2024 423

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ аст. Зарур аст, ки барои муборизаи самаранок бо ин навъи экстремизми баррасишаванда вобаста ба фанатизми динӣ ҳамчун асоси он маълумоти муфассал дошта бошем, то ба саволи «Барои чӣ эътиқоди кӯр-кӯрона ва бечунучаро ба дин асоси экстремизм ва терроризм аст?» ҷавоб диҳем.

Аз рӯ мақсаду маром, шиор, ғоя ва тарзу амалашон созмонҳои террористиро ба чанд гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст.

  1. Терроризми миллатгаро ё террористони миллатчӣ худро муборизони роҳи озодии миллӣ ва зидди ситами миллӣ эълон намуда, бар зидди намояндагони миллати дигар амалҳои террористиро содир мекунанд, одамонро мекушанд, таркиш ва дигар амалҳои зишту даҳшатоварро содир менамоянд. Барои террористони миллатгаро – миллатчигӣ мақсаду маром ва далелу бурҳони амалҳои нопокашон мебошад.
  2. Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Дар ислом онҳо худро “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод” – ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазавот” – ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамоянд.
  3. Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказ¬гуре¬зӣ) террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд.
  4. Терроризми антиглобалӣ ё террористони антиглобалистӣ гӯё бар зидди ҷараёни “қашшоқшавии умумӣ” мубориза мебаранд.

Боз гурӯҳҳои дигари террористӣ мавҷуданд, ки марому мақсади фаъолияташон гуногун аст. Барои дарки мақсаду мароми онҳо бояд донист, ки амалҳои террористӣ барои кӣ, барои чӣ ба кадом мақсад содир карда мешаванд.

Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан аст.

Экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад.

Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳш” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарконидан, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро, мардумро ба ҳолати тарсу ҳарос, ноумедӣ, оҷизию нотавонӣ афкандан аст.

Радикализм – аз калимаи лотинии “radia” – гирифта шуда, маънояш “реша” қатъӣ аст (2,358).

Радикализм – бе созишу гузашткунӣ, бетаҳаммул ва якдигарфаҳмӣ амалӣ кардани майлу хоҳиш ва мақсади худ, кӯшишу фаъолият барои бо зӯрӣ ва фишор қатъиян дигаргун кардани вазъият дар ин ё он соҳа мебошад.

Радикализмро метавон ба маънои мусбӣ низ истифода бурд. Масалан, дигаргуниҳои қатъӣ, радикалӣ дар соҳаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра.

Аммо радикализми манфӣ ё тундгаро ин ба таври қатъӣ комилан дигар намудани сохти мавҷуда, идеология, қонун ва дигар арзишҳое, ки ба ягон ҳизби сиёсӣ, гурӯҳ мақул нест ва онҳо мехоҳанд сохти мавҷударо бо роҳи зӯрӣ дигаргун созанд.

Фундаментализм аз калимаи лотинии «fundament» гирифта шуда, маънояш асос, бунёд, таҳкурсӣ, поя, пойдевор, пойдор аст. Фунаменталистонро одатан бунёдгаро мегӯянд. Шахсе, ки ҷонибдори бунёди ҷомеаи пештара, сохт, ғоя, идеология, тарзи ҳаёти пештара, кӯҳна мебошад, бунёдгаро ё фундаменталист мегӯянд. Фундаменталистони ислом мехоҳанд, ки сохти пештараро аз нав бунёд ва устувор созанд.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Ба ақидаи аксари муҳақиқон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Коршиносон маъмулан решаҳои асосии экстремизм ва терроризмро ба чунин омилҳо ҷудо мекунанд: равонӣ (психологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идеологӣ-динӣ.

Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй ба андешаи мо бояд чунин чораву тадбирҳо андешида шаванд:

  • дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд;
  • дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда шавад;
  • чизи аз ҳама муҳим – таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо бурдан мехоҳанд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷонибдорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, бояд муайян карда шавад;
  • ошкор сохтани мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст;
  • муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тақрибкорӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудоиандозии онҳо бояд бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шавад;
  • таҳлили появу заминаи пайдоиши ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳоро кадом қувваҳо, дар кадом кишварҳо ҷонибдорӣ менамоянд, таъминоти молиявӣ, тарғиботӣ (таъмин бо адабиёт) ва ғоявии онҳоро ошкор сохтан низ чизи муҳим аст;
  • тащлили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст;
  • таҳлили мавқеъ, мақсад ва мароми баъзе кишварҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар зери шиори дӯстӣ ва ҳамкорӣ ғояҳои бегона ва зарроварро низ роҳандозӣ менамоянд;
  • кори таблиғотӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, на барои маъракаороӣ, мавсимӣ ва барои ҳисобот ба боло;
  • аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо бештар истифода бурдан лозим аст;
  • мутассифона барномаҳои телевизионии мо бештар фароғатӣ, аз консертҳои доимии якрангу дилгиркунанда ва аз рекламаи «ситораҳои» бефурӯғ, ки телевизионро иҷора гирифтаанд, иборат аст. Бояд барномаҳое бештар тарҳрезӣ шаванд, ки дарди ҷомеа, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравро тарғиб намоянд;
  • ғоя, идеологияро ба мағзи сари инсонҳо, мардум бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, вагарна ҷойи холиро ҳатман ғояи бегона ва ба назар «ҷолиб» ишғол менамояд;
  • ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт;
  • ҳангоми корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти ин ё он мақомот, шахсони алоҳида бо далел, рақам, бе таҳқири шахсият ба таври ошкоро танқид шуда, роҳҳои бартараф кардани камбудиҳо нишон дода шавад. Таърифу хушомадгӯиҳои бардуруғ, яктарафа натиҷаи баръакс меорад;
  • таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ, майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад;
  • баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ;
  • тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ;
  • танқиди ошкорои шахсони қонуншикан, ришвахӯр, ахлоқан нопок, бегонапараст ва манфиатҷӯ;
  • хотима гузоштан ба таблиғу ташвиқи маъракаи ҳаҷ, нишон додани дабдабаи гусел ва қабули ҳоҷиён, хусусан онҳое, ки аз ҳаҷ «араб» шуда бармегарданд ва ба либосу гуфторҳои бегонапарастиашон майнаи ҷавононро гиҷ мекунанд. Ҳаҷ яке аз фаризаҳо ва талаботи аҳкоми шариат буда, ҳеҷ ҷои таблиғу ташвиқ ва таърифу тавсиф надорад ва ин кори муқаррарии ҳар як мусулмон аст. Дар дигар кишварҳои исломӣ онро ба тариқи телевизион таърифу тавсиф намекунанд. Дар мо мусулмонӣ ба тариқи «реклама» нишон дода мешавад. Дар маъракаҳо муллоро аз олиму муаллим ва шахсони зиёӣ боло нишонда, нисбати онҳо эътибори махсус медиҳанд, ки ин низ шавқи ҷавононро на ба илм, балки ба зоҳирпарастӣ ва хурофот ҷалбу моил месозад;
  • хотима гузоштан ба кору фаъолияти дурӯягӣ, духӯрагӣ ва бемасъулиятии баъзе имомхатибон, ходимони дин ва хизматчиёни давлатӣ, ки дар минбар дигар чиз мегӯянду дар асл рафторашон дигар аст. Ба гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шудани баъзе имомхатибон падидаи хавфнок аст ва бояд ҷазои ҷиноятӣ нисбати ин ашхос пурзӯр карда шавад;
  • ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд;
  • таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо масъулият дорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Зулфов Муҳаммадҷон - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб




Ба рӯйхат