,
Якшанбе, 22-декабр
Раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст.
Ба душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣ нигоҳ накарда, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” таъсис ёфт. Дар ин баробар дар кишвар 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2008, №502 ба тавсиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар буд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки намунаи олии эҳтиром ва эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон буда, аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Иқдоми мазкур бори дигар собит месозад, ки Президенти кишвар дар таҳкими бунёди сиёсати давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои ҳадафноки ҳукумати мамлакат арзёбӣ намудааст.
Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд: “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бун- ёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошанд. Махсусан дар вазъи мураккаби зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргуниҳои геополитикӣ ташаккули тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз ҳама, ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.
Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Разоқов Наврӯз-cардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ