, Сешанбе, 10-декабр

ОЛИМИ ҲАМАДОН

 04.05.2024 324

ОЛИМИ ҲАМАДОН

Ховалинг. Ноҳияи овозадори кӯҳистони Тоҷикистон. Як гӯшаи зеботарину зебоманзараи кишвари азизамон таърихи хеле кӯҳан дорад. Овозаи ин диёр, ки аз хазинаҳонаи таърих-зодгоҳи шоирону нависандагон, олимону мардони арсаи меҳнат, макони меваҳои шаккарин, обҳои зулол аз гӯшаи биҳиштосоест, ки дар ҳазорҳо китобу рисолаҳои таърихӣ ҷойи худро гирифта бошад ҳам, фарзандони он ва тасвири зебои ин диёри кӯҳистон, таърихи ҳар деҳаи он, нақши фарзандонаш дар гузаштаю ҳозира ҳанӯз ҳам кам зикр ёфтааст ва фарзандони ин диёр баҳри ватани хеш хизматҳои арзанда кардаанд.

Фарзанд ба Ватан ҳамеша машҳур шавад,
Роҳаш зи сафои меҳр пурнур шавад.

Бале, Зафар Мирзоён бо зодгоҳаш-Ховалинги зебоманзар ва Ховалинги олимпарвараш меҳри беандоза дошт ва ҳамеша хизматҳои мардумро ба хотири ин ноҳияи кӯҳандиёр, ки дар он ҷо ба дунё омада, давраи бачагиашро дар ин ҷо гузаронидааст ба ҷо меовард. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд. Намунаи ибрати дигарон буд.

 -Ту бачаи хубу ҳалим, зебо фаъол ва ояндадор мешавӣ, бачам гуфтаи муаллимонаш дар дили Зафари ҷавон меҳру муҳуббаташро ба ояндаи зиндагӣ бедор мекард. Аз суханони устодҳояш ӯ хурсанд шуда бештар китоб мехонд.

 Ҳангоми ба манзилгоҳ рафтан рӯзи ҷанозаяш яке аз мӯйсафедони Ховалинг, ки тахминан 75-80 сола буд, ба мо гуфт, ки Зафарҷон дар синфи 6-10 хонданаш кампирҳои бекасу бефарзанд ва мӯйсафедони мӯҳтоҷро дастгирӣ карда, ба хонаи онҳо об меовард, бомҳояшонро аз барф тоза мекард, меруфт, ҳезум меовард, ҳезум майда мекард, ба онҳо китб мехонд ва дигар корҳоро барояшон иҷро менамуд.

 Шояд дуои пирони кор: «Илоҳо, бачам аз умрат баракат ёбӣ, хока гирӣ зар шавад, яке аз донишмандони ҷумҳуриамон гардӣ» мустаҷоб шуд, ки Зафар Мирзоён соҳиби маълумоти олӣ, дониши баланд, соҳиби мансабҳои гуногун гардид. Фарзандони солим, зобову хушахлоқ насибаш шуд, соҳиби хонаи обод, дастурхони пур неъмати кушода ва номи баланди Зафари дошманд шуд, ки дар ҳама ҷо ҳамчун марди донишманд номи ӯро ба забон мегиранд, инчунин дар байни мардум, дар байни олимону донишмандон, шоирону наисандагон, мунаққидон, забоншиносну адабиётшиносон, таърихчиён, омӯзгорону табибон иззату эҳтироми калон дошт.

 Зафар Мирзоён факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Омӯзгор ва корманди сиёсию маъмурӣ дар ноҳияи Ховалинг, шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Дар миёни солҳои 1970-1971, 1973-1976, 1979-1986 дар кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумони муассисаҳои ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шуравӣ ва Афғонистон кор кардаанд. Раиси намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форси забонони ҷаҳон «Пайванд» дар минтақаи Кӯлоб бударо ба ӯҳда дошт.

 Инчунин Зафар Мирзоён солҳои зиёд дар минтақаи Кӯлоб роҳбари маҳфили «Шоҳномахонӣ» буд, ки дар ин маҳфил аз минтақаи Кӯлоб садҳо алоқамандони мероси гаронмояи ниёгонамонро  аз ҳисоби насли наврас, ҷавонон ва ҳатто калонсолон гирд оварда, ба муқаддасоти миллию марзбумӣ тарбия карда, ба майдони илму адаб ва фарҳанги миллиамон ҳидоят намудааст.

 Устод Зафар Мирзоён муаллифи чандин асару рисолаву китоб ва мақолаҳои ҷиддии илмӣ-оммавӣ мебошад, ки имрӯз дар баланд бардоштани шиноси мероси адабию фалсафӣ, арзишгарони мероси гаронмояи адабию таърихӣ, худогоҳию хештаншиносии миллӣ ва ғайра саҳми арзанда мегузоранд.

Ӯ чунон серкор ва донишманди закӣ буд, ки дар ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявиамон навиштаҳои ӯ рӯи чоп меоаданд, аз ҷумла дар маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Бонувони Тоҷикистон», «Фирӯза», «Меҳровар», «Адаб» ва рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Хатлон», «Навиди Кӯлоб», «Самак», «Фараҷ», «СССР» ва ғайра.

Мақолаҳои тарбиявии ӯ бо номи «Ойинаи шаҳрнишинӣ», «Оини меҳмонӣ», «Покии кӯчаву роҳравҳо», «Фарҳанги хурокхӯрӣ», «Одоби муошират», «Фарҳанги гуфтугӯи телефонӣ» ва ғайра дар саҳифаҳои матбуот чоп шудаанд.

Зафар Мирзоён дар бисёр озмунҳо иштирок варзида соҳиби «Шоҳҷоиза»-ҳо ва мукофотҳои давлатӣ гардидааст. Ӯ ҳамеша ба муаллимони ҷавон дасти ёрӣ, маслиҳатҳои судманд ва дар навишти корҳои илмиашон ёрии калон мерасонд.

Умри одамиро на рӯзу моҳҳо аз сар гузаронидааш, балки баракати ин рӯзу солҳо муайян мекунад, - қайд карда буд Устод Зафар Мирзоён дар яке аз бармадҳои худ назди омӯзгорони ҷавон. – Аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ истифода бурдан, аз корҳои беҳуда паҳрезкор будан, аз меҳнати фоиданок канораҷӯӣ накардан, аз хондани китобҳои адабию бадеӣ, илмию методӣ дур нашудан ҳар як инсонро ба муроду мақсад мерасонад.

Дӯсти мо- Зафар Мирзоён, ҳамеша дар дилу дида ва дар бари мост.

Шариф Бегиев-саромӯзгори кафедраи гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг




Ба рӯйхат