, Якшанбе, 22-декабр

МЕҲРИ Ӯ ДАР ДИЛУ ДАР ДИДАИ МОСТ...

 03.05.2024 308

МЕҲРИ Ӯ ДАР ДИЛУ ДАР ДИДАИ МОСТ...

Дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба асолати миллӣ пеш омад. Истиқлолияти миллии тоҷикон ба даст омада, миллати тоҷик дар чорчӯби давлати миллӣ ба раванди бозшиносии арзишҳои миллии худ оғоз намуд. 

Хушбахтона, дар тамоми ин даврон шахсиятҳое буданд, ки асолати миллии худро ҳифз намуда, рисолати фарҳангиву таърихиашонро  ҳамчун зиёии миллӣ аз ёд набурдаанд. Ва мисолу намунаи ин шахсият дар чанд даҳсолаи охири таъриху фарҳанги мо устод Зафар Мирзоён мебошад. Ӯ бо дониши баланд ва талошҳои шабонарӯзии худ бори сангини зиёии миллӣ буданро ба дӯш гирифта, бо заҳматҳои бисёр бузургаш барои ҳамагон нишон дод, ки пайванди ин миллат бо гузаштаи худ ва бо фарҳанги асилаш ҳанӯз боқист.

Устод Зафар Мирзоён аз донишмандони муваффақи имрӯзи тоҷик аст, ки бо самимияту дилсӯзии тамом, меҳру муҳаббати саршор ба таҳқиқи илму адаби форсии тоҷикӣ, ҳифзу ҳимояи забони модарӣ, тарбияи кадрҳои миллӣ, садоқати бепоён ба халқу ватан камар баста, бо осори арзишманди илмию публитсистиаш саҳафоти илми адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фарҳангшиносии моро рангину ғанӣ ва сарватманд гардонидааст. Ӯ анъанаҳои наҷиби гузаштагони халқи тоҷикро дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо сарбаландӣ идома дода равнақи тоза бахшид ва аз ҷониби аҳли илму фарҳанги тоҷик ба сифати як муҳаққиқу рӯзноманигори фарзона шинохта шуд.  

Зафар Мирзоён барандаи ҷоизаҳои Маркази тадқиқоти журналистии ба номи Пайванди Гулмуродзода барои тадқиқоти журналистӣ дар соҳаи илму фарҳанг (соли 2013), ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар (соли 2016), барандаи озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» (соли 2017), дорандаи дипломи «Беҳтарин корманди ғайриштатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав (соли 2017), ҳамчунин раиси бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар минтақаи Кӯлоб буд.

Аъзои Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, солиёни зиёд ба ҳайси мушовири ректори донишгоҳи мазкур оид ба иртибот бо ҷомеа фаъолият мекард. Ҳамзамон дар кафедраи журналистика ба донишҷӯён аз мавзуъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс мегуфт. Ба ҷуз аз сарпарастӣ ба маҳфили «Шоҳномахонӣ» масъулияти ҷамъияти илмии донишҷӯёнро бар дӯш дошт, ки он барои рӯ овардан ба корҳои илмии донишҷӯён нақши муҳиммеро мебозид.            

Фаъолияти пурсамар ва бобаракати устод Зафар Мирзоён, дақиқкорӣ ва  дақиқсанҷӣ дар таҳқиқи масъалаҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик, иқтидори зоҳир намудани назари тоза ба ҳодисаҳои адабӣ ва ҷамъиятӣ ва ба миён овардани мулоҳиза ва ақидаҳои ҷамъбастӣ, ин муҳаққиқи пуркорро нафақат дар мамлакати мо, балки берун аз хоки он низ сазовори эҳтироми аҳли илму адаб гардонидааст.

Дар поси ҳурмати устод бо камоли меҳру садоқат ва ифтихор сухан ронданам ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро яке аз шогирдонашон ҳастам.

Бо устод Зафар Мирзоён тавассути суханони неки дар ҳаққашон шунидаам шинос шудам. Номашон тавассути гуфтори доимии муаллимони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар зеҳнам бештар боқӣ мемонд. Вале, мутаассифона, то вохӯрии дар саҳни ҳавлии назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба амал омада (устод солҳои 2003-2007 дар ҳукумати шаҳр вазифаи роҳбарии дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлобро ба ӯҳда доштанд), ӯро аз наздик намешинохтам. Аз ҳамкорон шунида будам, ки устод шахси фозилу донишманди закӣ буда, бо ташаббусашон дар шаҳр барои ҳаводорон ва алоқамандони каломи бадеъ ва адабиёти пурғановати классикии форсу тоҷик, алалхусус «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» ташкил дода шудааст. Дар вохӯрии нахустин устодро шахси ҳалиму ситорагарм дарёфтам. Чун аз синни кӯдакиям нисбат ба «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ меҳр мепарваридам, дар дақиқаҳои аввали вохӯриамон аз эшон хоҳиш кардам, ки маро ба маҳфилашон шомил намоянд. Пешниҳодамро устод  бо хушнудӣ қабул намуда фавран вақт ва ҷойи баргузории маҳфилро муайян ва сипас гуселам карданд.

Ҳамин тавр, баъди шиносоии сарироҳӣ ва суҳбати лаҳзаина аз пайи корамон равона шудем.

Маҳз ҳамин шиносоӣ боис гардид, ки минбаъд, аз соли 2006 то соли 2023, яъне тӯли 17 сол бо устодам дар робита бошаму дар ин муддат меъёрҳои аслии инсониро дар шинохти ӯ вобаста ба дараҷаи тафаккури доштаам омӯзам. 

Маҳфили «Шоҳномахонӣ» ҳар ҳафта ва ё моҳе ду маротиба ҷавонони адабдӯсту навқалам, рӯзноманигору муҳақиқини риштаи адабиётшиносию сиёсатшиносӣ, таърихнигорию фарҳангшиносиро ба ҳам меовард. Устод Зафар Мирзоён бо эҳсоси масъулияти баланд ва донишу маҳорати воло ва хоксорию фурӯтании ба худаш хос ҷавонони зиёди минтақаи Кӯлоб ва берун аз онро ба маҳфил ҷамъ намуда, дар мазуъҳои хеле ҷолиб ва айни замон актуалӣ суҳбат барпо мекард. Ӯ ҳамчун садри маърака ҳама суҳбатҳои дар атрофи ин ё он мавзуи интихобкардаашон дақиқаҳо, соатҳо суҳбат менамуданд ва дар ин муддат на худ ва на сомеонашон хастагиро эҳсос намекарданд. Суҳбатҳои устод то ба он андоза ҷолибу диққатҷалбкунанда буданд, ки ҳеҷ кас аз иштирокчиёни маҳфил, ҳатто пас аз муддати дароз давом ёфтани суҳбату нишастҳо ба хонаҳояшон рафтан намехостанд ва ё гоҳо фаро расидани шабро ҳам эҳсос намекарданд. Ин қадар суҳбаторо буданд муаллим.

Хислати сарсупурдагӣ доштан нисбат ба кор ва бемалол заҳмати беғаразона кашидан дар роҳи тарбияи насли ҷавони эҷодкор ба устод Мирзоён имкон дод, ки дар давоми умр шогирдони зиёдеро тарбия карда ба роҳи пурмашаққати эҷодӣ сафарбар намояд. Ба гуфтан меарзад, ки устод аз муфассирони шоистаи илму адабиёт буда дар муддати фаъолияти чандинсолаи худ тавонистааст дар дили садҳо ҷавонони донишёб чароғи рушноии адабиёти куҳани тоҷиконро фурӯзон кунад.

Сазовори гуфтан аст, ки имрӯзҳо дастпарварони муаллим дар соҳаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат намуда дар баланд бардоштани илму маърифати тоҷик, хосатан соҳаи журналистикаи кишвари куҳантаъриху навбунёдамон заҳмату талош доранд. 6 нафар аз аъзои маҳфил дорои унвонҳои баланди илмӣ гардидаанд.  

Устод Зафар Мирзоён дар давоми фаъолияти илмию ҷамъиятии худ зиёда аз 600 китобу мақолаҳои илмию публитсистӣ таълиф карда, ҳазорҳо навиштаҷоти аҳли илму адаб ва намояндагони қишри зиёии кишварро аз таҳрири заргарона гузаронидааст. Дар таҳияи даҳҳо барномаҳои адабӣ ва фарҳангии шабакаҳои гуногуни телевизионҳои ватанӣ иштироки фаъол дошта, бо ибрози ақидаю андешаҳои тозаю пешқадамонаи худ барномаҳоро ҷолибтару рангинтар мекард ва бо ин роҳ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии  бинандагону шунавандагон саҳм мегузошт. Ҷуз ин аз шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон, шабакаи радиоии бурунмарзӣ, Би Би Си, Озодӣ пиромуни мавзуъҳои «Шоҳнома», ойинҳои бостонии тоҷикону эронитаборон ва монанди он беш аз 50 гуфтумонҳо пахш намуда буд. Ҳар моҳе ду-се бор аз баландгӯи садои «Овози тоҷик», ки барномаҳояш бештар барои шунавандагони кишварҳои Эрон ва Афғонистон пахш мешаванд, дар мавриди бозшинохти ҳикматҳои «Авасто», инқилоби заминдорӣ дар бовариҳои зардуштӣ, нақши «Шоҳнома» барои дарёфти роҳҳои хирадмандонаи фарҳангӣ сохтани насли имрӯзу фардо, гуфтумонҳои 30-дақиқаӣ дошт.

Зафар Мирзоён санъатро низ хеле дӯст медошт ва дилбохтаи аҳли ҳунар буд. Бо нияти кӯмак ба санъати театрӣ бори санъатшиносиро ҳам ба дӯш гирифта, пайваста ба таҳлилу пажӯҳиши масоили мухталифи театру мусиқӣ низ шавқ дошт ва солиёни зиёд бо аҳли санъати кишвар ҳамкорӣ мекард. Борҳо шоҳиди суҳбатҳои телефонии устод бо Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон,  ҳунарманди машҳури кишвар Ҳошим Гадо будам. Устод Зафар Мирзоён бо ин ҳунарманди асилу нотакрор муносибатҳои гарму самимӣ доштанд ва якдигарро хеле хуб мефаҳмиданд. Дӯстонаш дар байни мусавирони номии Тоҷикистон низ кам набуд. Аз байни мусаввирони кишвар бештар ҳунари рассомии Сабзаалӣ Шарифзодаро қадр мекард ва ба он баҳои сазовор медод. Ин суратгари мониқалами тоҷикро мисли худ дилбохтаи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ дарёфта дар мақолаи ба ҳунари тасвиргар бахшидааш чунин оварда буд: «Дар намоишномаи бахшида ба 70-солагии суратгари беҳамто, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, чандин асари пурэҳсос ва мӯбинонаи ӯро дидам, ки гӯёи ҷаҳонбинии Фирдавсӣбуданд, меҳри бепоён ба Ватан ва марзу буми он… Ҷолиб он буд, ки Сабзаалӣ Шарифзода ба сони Ҳакими бузургвор, барои ба тасвир расонидани  намодҳои меҳанпарастони бостон 35 сол ранҷ кашидааст».

Аз ҳунармандони Шарқ бошад шефтаи санъати волою худододи ҳунарманд, сарояндаи машҳури Афғонистон Аҳмад Зоҳир буд. Ба хотирам ҳаст мегуфт, ки рӯзи худро ӯ бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир оғоз мекунад. Дар атрофи рӯзгор ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарманд, ки дар байни даризабонони дунё шуҳратёр буд ва ҳаст, устод мақолаҳои зиёд ба табъ расондааст, ки хонандаи имрӯзи тоҷикро бо паҳлуҳои норушану мармузи ҳаёти ин сарояндаи хушовози асри гузаштаи Шарқ ошно мекунад.  

Аз ибтидои роҳи эҷодӣ то нафаси охирин устод кашфиёту тозабаёнӣ бо сабку шеваи нави суханвариро пешаи худ қарор дода буд. Роҳи душвору сангини эҷодиро пеша кард ва то охир ба он содиқ монд. Офаридаҳо ё маҳсули эҷодии устод бо интихоб ва ҳалли муҳимтарин масъалаву мавзуъҳои замон, вусъату ибрози назари  донишмандона, салосату рангинии забон, корбасту бозии дилкаши таъбиру вожаҳо, эҳсосот ва ҳарорати хоси худаш дар соҳаҳои мухталифи илму адаб, аз ҷумла соҳаҳои забоншиносию адабпажӯҳӣ, рӯзноманигорию фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносию таърихнигорӣ ва ғайра падидаи тоза пазируфта шудаанд.

Офаридаҳои устод Зафар Мирзоён, ки дар ин навиштори кӯтоҳ мехоҳам ба таври гузаро аз онҳо ёдрас шавам, дар маҷмӯаҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллӣ» (2013), «Ниёиши некону покон» (2014), «Худовандагори сухани порсӣ» (2015), «Офаридгори сухан», (2018), «Динпаноҳӣ ва меҳанпарастӣ» (2018), «Бозёфтҳо аз «Шоҳнома» (2020), «Се шикасти ориёиҳо» (2022) ва дигар асарҳо ба табъ расидаанд.

Муҳтавои китоби «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллӣ» аз навишторҳо дар пиромуни ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Шаби Ялдо бо унвонҳои «Наврӯз ҷашни Ҷамшед аст», «Ҷашни Наврӯз аз баҳор фаротар аст», «Фурӯғи ҷашни Сада», «Шаби Ялдо», «Меҳргони бағёдӣ ва тирамоҳ» иборат аст.

Дар ин навишторҳо, ки оҳангҳои интиқодӣ низ пай бурда мешаванд, муаллифи китоб талош дорад, ки назари хонандагонро ба бархе аз ношинохтаҳо ва нодонистаҳои андешаҳои куҳани тоҷикон ҷалб намояд ва ишораҳои ӯ ба норасоиву нодониҳо сирф бар ҳадафи ҳамёрӣ доштан бо нерӯ, завқи дӯстдорони фарру фарҳанги тоҷикон мебошад.

Муҳтавои асари дигари Зафар Мирзоён «Ниёиши некону покон» дар мавриди шахсиятҳои таърихии тоҷик, ки барои покии забони тоҷикӣ сар ба савдо гузоштаанд, ифтихор аз сарсупурдагони миллат, ки барои озод будану озод зистан ҷон бохтаанд ёдкардҳо дорад. Дар ин гирдоварди мақолаҳо муаллиф андешаи худро дар бораи бархе масъалаҳои мавриди баҳс пиромуни забони тоҷикӣ ва ошуфтагиҳои он баён доштааст.

Муаллифи китоб дар мақолаи аввал зери унвони «Ситоиши Президент Эмомалӣ Раҳмон» аз корҳои шоёни Сарвари давлати Тоҷикистон дар пиромуни густариши андешаву ғурури миллӣ ёд карда, нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар нигаҳбонии ҳувияти миллии тоҷикон, бозбинии гузаштаи таърихии ин мардум ба таври вижа инъикос кардааст.  

Дар китоби «Худовандгори сухани порсӣ» муҳаққиқ Зафар Мирзоён бештар ба сурудаҳои беҳамтои Ҳаким Фирдавсӣ, «Шоҳнома»-и бемарг рӯ овардааст. Муаллиф дар китоб менависад, ки баландии ба арш расидаи сухани мунодии аслу насаби эронитаборон дар шоҳкориҳои саросари ҷаҳон ба чашм намехӯрад ва аз ин ки «Шоҳнома» - шиносномаи мардумони эронитабор аст, омӯхтану донистани росту дурусти он барои ҳар як тоҷик ба сони паёми муқаддаси падарон ба фарзандон мебошад.

Китоби нав ва охирини устод Зафар Мирзоён унвонии «Се шикасти ориёиҳо» идомаи андешаҳои доимии ӯ мебошанд, ки дар китобҳову мақолаҳо ва суҳбату маърӯзаҳои хеш пайваста изҳор мекард. Муаллифи ин китоб умре ба омӯзиши забон ва адабиёти форс-тоҷик машғул шуда, ҳар андешаи наву тозаи худро бидуни такя ба далелҳои мустанад ва дарёфтҳои мантиқӣ ба чоп намедод. Дар китоби нави худ низ дарёфтҳои хешро бо овардани намунаҳову иқтибосҳои бешумор далелнок кардааст. Ҳамин аст, ки дар поварақҳои 300 саҳифаи китоб, беш аз 280 иқтибос оварда, андешаҳояшро бо ишора ба гуфтаҳои олимону адибони саршиноси ҷаҳон тақвият бахшидааст.

Хулоса, ҳамаи мавзуъҳое, ки устод Зафар Мирзоён даст задаанд, наванд. Андешарониҳояшон низ мӯшикофонаю навназаронаанд! Ва ин ҳама, бешубҳа, самараи заҳматталабӣ ва натиҷаи дилбастагӣ ва ҷоннисории фитрии устод ба илм, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ мебошад.

Таҷрибаҳои назарӣ ва амалии ин донишманди фидокор ба таҳлил ва арзёбии ҷудогона ниёз дорад. Он чи дар хотимаи ин гузориш метавонам гӯям, ин аст, ки ба эътирофи ҳам мо – шогирдон ва ҳам бисёр нафароне, ки бо офаридаҳои устод ошноӣ доштанд ва доранд, устод Мирзоён ба сазовор шудан ба унвони илмии доктори илмҳои филологӣ меарзид, аммо ӯ хеле хоксор буд ва дар замоне, ки барои дар шакли рисолаи илмӣ тайёр кардани навиштаҳояш имконият дошт, ин корро накард. Имрӯз вақте мақолаҳои сершумори ӯро дар саҳифаҳои нашрияҳо аз назар мегузаронем, аз миқдор ва ҳусни онҳо меболем ва умед мекунем, ки қисми зиёди мақолаҳои устод Мирзоён, ки берун аз китобҳояшон монданд, дар қолаби ҷилдҳо ҷамъоварӣ ва нашр шаванд, зеро навиштаҳои ӯ ҷузъи тафаккур ва таърихи адабиёту фарҳанги миллии мо мебошанд.

 Мо дар ин навиштори худ кӯшидем ба таври гузаро биниши худро дар бораи шахсияти устод Зафар Мирзоён, хислатҳои неку инсонгарии баланди ин марди фозилу маърифатпарвар, ватандӯсту фидоии роҳи илм, устоди ғамхору ёвари ҷавонони эҷодкор баён созем. Ба гуфтан меарзад, ки таҳлили густурдаи зиндагинома ва фаъолияти эҷодии тайкардаи ин донишманди пуркору жарфбин фурсати дигареро мехоҳад, ки мебояд коршиносони варзида дар пиромуни он пажӯҳишҳои алоҳида намоянд.  

Ашурова Нодира-доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат