,
Якшанбе, 08-декабр
Зафар Мирзоён 5-уми майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар хонадони хизматчӣ ба дунё омадааст. Зафар Мирзоён солҳои 1952-1962 дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Ховалинг таҳсил карда, соли 1972 факултети шарқшиносӣ ва соли 1994 факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.
Фаъолияти кории устод Зафар Мирзоён гуногунҷабҳо буда, аз синни ҷавонӣ то дами марг аз фаъолият боз намондааст. Ӯ солҳои 1972-1973 ассистенти кафедраи форсии факултети шарқшиносии ДДТ, солҳои 1970-1971 ва баъдан 1986-1989 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии собиқ СССР, солҳои 1986-1991 мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳияи Ховалинг, солҳои 1991-2003 раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра», солҳои 2003-2007 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, аз соли 2010 дар кафедраи журналистика, баъдан кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика ба ҳайси омӯзгори фанҳои «Риторика», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир», «Методикаи таълим дар МО», «Методологияи таҳқиқоти илмӣ», «Ҳуқуқҳои муаллиф дар журналистика» ва ғайра ба донишҷӯёну магистрантон дарс гуфта, аз худ хотироти неке байни коллективи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон боқӣ гузоштаанд.
Зафар Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи кишвар дониста шудааст. Устод беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намуда, беҳтарин шоҳномахонҳою шоҳномадонҳоро тарбия намудааст.
Зафар Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистону Эрон беш аз 600 мақолаи илмиву публитсистӣ ба нашр расонидааст.
Китобҳои устод Зафар Мирзоён – «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандгори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) рӯйи чоп омадаанд.
Соли 2022 китоби дигари Зафар Мирзоён зери унвони «Се шикасти ориёиҳо» ба табъ расид, ки аз таърихи гузаштаи ақвоми ориёӣ қисса мекунад.
Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 04.04.2018 хизматҳои шоистаи Зафар Мирзоёнро дар соҳаи илм ба назар гирифта, устодро ба унвони «Профессори фахрӣ»-и донишгоҳ сазовор донист, ки дар ҳақиқат арзанда буданд.
Ӯ ҳамчунин раисии бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»-ро ба уҳда доштанд.
Зафар Мирзоён яке аз шахсиятҳои шинохтаю маъруф дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар маҳсуб меёфтанд. Устод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ховаршинос, шоҳномашинос, фарҳангшинос, дар маҷмуъ бо тамоми ҳастӣ инсони комил ва намунаи ибрати хурду бузург дар ҷомеаи мо буданд. Чунин обрӯю мақоми баландро дар ҷомеа соҳиб гаштан на ба ҳар кас муяссар мегардад, танҳо шахсе, ки тамоми ҳастиашро ба халқу ватани азизаш мебахшад, Худованд чунин мартабаро насибаш мегардонад.
Дар ҳақиқат, Зафар Мирзоён салобати ба худ хос доштанд – қаду қомати баланду бовиқор роҳ рафтанҳошон, шоҳномахониҳою тафсири абёти «Шоҳнома» бо лафзи ширинашон, суҳбатороиҳошон, маҳфилоро буданашон аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Устод на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ соҳиби обрӯю эҳтироми хосса буданд, чунки устод Зафар Мирзоён солҳои тӯлонӣ дар ин кишварҳо кору фаъолият намуда, аз фарҳангу тамаддуни ин халқу миллатҳо огаҳӣ пайдо намуда, мақолоти зиёдеро ба онҳо бахшидааст, ки маҳз дар рӯзномаву маҷаллаҳои ин мамлакатҳо рӯйи чоп омадаанд.
Вақте ки сухан атрофи ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Садда, Меҳргон ва Тиргон мерафт ё атрофи гулдӯзии чакани тоҷик барномаи телевизионие баргузор мегардид, ҳатман Зафар Мирзоён даъват мешуданд ва андешаҳои хешро иброз медоштанд, зеро фикр мекунам, аз ҳама дида дар хусуси ҷашнҳои миллӣ ва чакани кӯлобӣ устод зиёдтар маълумот доштанд ва асарҳо низ офаридаанд.
Баъд аз марги устод Зафар Мирзоён дар расонаҳои хабарӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо сӯгворию таъзияномаҳо ва мақолаҳои зиёде перомуни рӯзгору осори устод рӯйи чоп омаданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Зафар Мирзоён дар ҷомеаи мутамаддин, дар адабиёту фарҳанги форсу тоҷик ҷойгоҳи хосеро касб карда буданд.
Намунае аз он сӯгвораҳоро аз эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб барои исботи гуфтори фавқ пешкаши хонандаи гиромиқадр менамоем:
ДАР СӮГВОРИИ УСТОД ЗАФАР МИРЗОЁН
Зафарҷони зарифи мо зи мо рафт,
Ҳалиму оқилу доно зи мо рафт.
Кӣ бинвисад дигар шарҳи дили мо?
Гирифта ҷой дар дилҳо, зи мо рафт.
Ба ёдаш аз дилу ҷон омад овоз:
Анису ёри беҳамто зи мо рафт.
Дар ин дунё дигар ӯро наёбем,
К-аз ин дунё ба он дунё зи мо рафт.
Ҳазорон қиссааш ногуфта бигзошт,
Чу қисса аз ҷаҳони бебақо рафт.
Ба ашк орем ёдашро ба сар мо,
Ки маҳбуби хирадсимо зи мо рафт.
Ба шаҳномасароён арз гӯед,
Чу як «Шаҳнома»-и хоно зи мо рафт.
Бикарда кашфи тоза Ориёнро,
Азизи Ориёиҳо зи мо рафт.
Зи ғусса Неъмати мо хуни дил шуд,
Дареғо, ки Зафар Мирзо зи мо рафт.
Ёди устод Зафар Мирзоён бахайр ва хонаи охираташон обод бошад!
Холиқова Зайналбӣ- дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ