, Якшанбе, 22-декабр

ВАСФИ ВАТАН ДАР МЕҲВАРИ ЭҶОДИ ШОИР АСТ

 02.05.2024 686

ВАСФИ ВАТАН ДАР МЕҲВАРИ ЭҶОДИ ШОИР АСТ

Дар самои илму адаби Тоҷикистон ахтарони пурҷилову рӯшан беҳисобанд, вале онҳое, ки дар ҷодаи эҷоду эъҷоз комёб гардида, маҳбубияти ҳаводорону ихлосмандонро соҳиб мешаванд, ангуштшуморанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов, устод Муҳаммад Ғоиб аз зумраи он соликон ва машъалафрӯзони адабиёти муосири тоҷик мебошанд, ки бо салиқаи ривоҷу нумӯи хосаи шеъри ноб, насри муъҷазу публитсистикаи зиндагиафрӯз, драмаҳои манзуму мансур, силсилафилмҳои ҳунарӣ, чакомаҳои кӯдакона, ҳикоя, повест ва романҳои мондагор, ба фазои фарҳангу адаби миллӣ  шукуҳу азамат бахшида, нерӯи сухан ва таъсири созандаи каломи бадеъро ба афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ муассиру арзишманд гардонидаанд.

Абдуқодири Раҳим - аз қаламкашони нозукбаёни мо, дар як нигоштаи худ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” атрофи таълифоти гуногунпаҳлӯи Муҳаммад Ғоиб чунин иброз медорад: “Вақте кас шеърҳои барои кӯдакон эҷоднамудаи ӯро мутолиа мекунад, дар ин ақида устувор мемонад, ки  ӯ аз беҳтарин шоир дар ин соҳа аст. Дар эҷоди шеър барои калонсолон низ аз шоирони муваффақ аст. Диду дарёфти мавзуъҳои шеърҳояш аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад, албатта, тарзи баёни андешаву дардҳои шоиронааш низ. Дар жанрҳои гуногуни адабӣ, тавре пештар ҳам зикр шуд, муваффақ аст. Дар эҷоди ғазал ҳам дастболост. Ғазалҳояш равону дилнишинанду зебо. Бо назокати хос онҳоро мегӯяд: аз санъатҳои лафзиву бадеӣ устодона истифода мекунад”. 

Воқеан ҳам, шеъри Муҳамад Ғоиб тасвири воқеоти зиндагии як инсони пур аз садоқату муҳаббат ба Ватан, шодиҳо ва нокомиҳои тақдир, ангезаи умед барои зистан ва ҷонфидоӣ кардан барои марзу буми аҷдодӣ буда, ифтихорафзо ва раҳнамост. Камол Насрулло – Шоири халқии Тоҷикистон, дунёи рангини хаёлоти шоирро “зиндагӣ дар шеър” унвон мекунад: “Як ҷиҳати ҷолиб ва фарқкунандаи шеъри Муҳаммад дар он аст, ки шеъри ӯ, мазмун ва тасвираш сохтаву бофта нест. Ӯ дар шеър зиндагӣ мекунад, зеро шеъри ӯ аз муҳити худаш, аз олами андешаҳои худаш аст. Ин як сабаби дар аксари мавридҳо шабеҳи шеъри дигарон набудани шеъраш аст. Муҳаммад Ғоиб, ки аслан физик аст, пешааш дуртар аз филология мебошад, бо тақозои дил ва кашиши завқу табъ ба олами шеър омадааст. Аз ин рӯ аст, ки ӯ мавзуъ намекобад, он чиро ба тасвир мегирад, ки мебинаду меандешад”. 

Ин ҷо, метавон аз андешаҳои устоди шодравон Лоиқ Шералӣ, ки ҳанӯз  чандин даҳсола пеш, аз нахустин рӯзҳои ба шоҳроҳи адабиёт қадам мондани  Муҳаммад Ғоиб навишта буд: “Пай бурдам, ки ӯ азми дурусту саъйи комил дорад. Ҷавоне, ки факултети физикаро хатм карда, ин қадар ба шеъру шоирӣ дил бохтааст ва шеърҳояш на танҳо бӯи дашту саҳро, балки бӯи умед ҳам доранд, маро дилпур мекунад, ки ба азми ӯ бовар кунам ва дар олами печидаи шеър ба ӯ хоҳони сафари нек бошам”.  

Агар фақат аз ашъори ватандӯстонаи Муҳаммад Ғоиб сухан кунем, месазад, ки бо иктифо кардан бо шеъри “Ватанро нафурӯшед” даҳҳо рисолаҳои илмию адабӣ дар боби таълиму тарбия, ифтихор аз ватандорӣ, ҳувияту худшиносӣ эҷод кард. Зеро ҳамин шеъри бо ғуруру эҳсоси хосаи ҳифзи арзишҳои миллӣ иншонамудаи адиб намунаи олии як шахсияти дилсӯзи миллатро ба вуҷуд оварда, наметавонад, ки ҳеҷ як фарди равшанзамиру дилогоҳро бетараф монад.

Барои шоир ҳар як хасу хор, ҳар барги гулу ёсуман азиз аст ва таъкид ба амал меорад, то  кӯчактарин ҷузъиёти Ватанро бояд ҳифз кард:

Нилуфару садбаргу суманро нафурӯшед,
Як барги хазонранги чаманро нафурӯшед.
Зар меравад аз даст, ба он меҳр набандед,
Як зарраи ин хоки куҳанро нафурӯшед.
Бандед саги нафс, ки он сер нагардад,
Дар дашт, ки монед, даманро нафурӯшед.

Дар раванди ҷаҳонишавии бошитоби замони муосир, баҳри ҳифзи арзишҳои моддиву маънавии миллат, ки дар пайи ибтикороти фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 15 номинаи фарҳанги миллии тоҷикон, аз ҷумла чакану адрасу атлас ва соҳаи пиллапарварӣ ба феҳристи мероси фарҳангии  Созмони байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардида, бозгӯи тамаддуни пурғавати миллат мебошанд, шоирро водор бар он намудааст, ки аз ин арзишҳои воло пуштибонӣ шавад:

Доранд зи гулҳои ватан ранг, ба душман
Атлас нафурӯшед, чаканро нафурӯшед.

Имрӯз зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ба либосу фарҳанги бегона, истифода маводи кимиёвӣ дар машшотагӣ, дар маҷмуъ коҳишёбии андешаву ахлоқи инсонҳо  аз мушкилоти рӯз арзёбӣ шуда, чунин вазъи ногувор боис ба нигаронии шоир гардидааст.  Ҳамзамон, устод Муҳаммад Ғоиб таъсири амалҳои ғайриахлоқию беэҳтиромӣ дахолат ба ҳусни табиию худододи зан - модарро нобахшиданӣ ва зиён ба генофонди миллат мепиндорад:

Аз мижжаву абрӯи дигар нусха нагиред,
Як мӯйи худододи баданро нафурӯшед.
То модаратон сархаму озурда нагардад,
Бар доғ гули чеҳраи занро нафурӯшед.

Бо як эҳсоси баланди дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, ба хотири пояндагӣ ва гиромидошти обрӯю нуфузи миллати тамаддунофари тоҷик, ки дар дарозои таърих, бо вуҷуди мушкилоти мухталифу нобасомониҳои тақдир, забон, фарҳанг, ҳувияту бузургии хешро ҳифз намудааст, шоир бо тасвирҳои табиию равону дилнишин хостгори бедориву ҳушёрии ҳамдиёрон аст:

Таърих баду нек фаромӯш насозад,
Гарди фараҳи ғуссашиканро нафурӯшед.

Муҳаммад Ғоиб аз сермаҳсултарин шоирони замони муосир, хоса давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки аз мадди назари хеш ягон ҳаводиси ба тақдири миллату давлат иртиботдоштаро дур намонда, ҳамқадам, ҳампаҳлӯ, ҳамандеша бо сухани созгору амалҳои бунёдкоронаи ҳамдиёрон, таҳти сарварии Пешвои маҳбубу ҷонфидо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар жанрҳои гуногуни адабӣ эъҷодҳои бемисол кардааст, ки миёни ин ҳама таълифоти бешумор васфи Ватани биҳиштосои тоҷикон ҷойгоҳи хоса дорад.

Тавре Пешвои миллат дар даҳҳо баромаду суханрониҳояшон ба ҷавонон таъкид намудаанд, “...бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки Ватани моро ба ғайр аз худамон дигар ҳеҷ кас обод намекунад. Аз ҷониби дигар, мо бояд шукргузор бошем, ки пурифтихортарин ва пуршарафтарин рисолат – обод кардани Ватан бар дӯши мо аст. Ватани мо танҳо барои мо Ватан аст, азизу муқаддас аст. Барои дигарон ҷои ба даст овардани манфиат...”. Шоир ба Ватан содиқ будану хасу хори Ватанро аз “тахти Сулаймон хуштар” донистан ва ҳамеша “атри кафан зи хоки Ватан орзу” кардан, дар ҳар куҷои ақсои олам бо ёди Ватан буданро ишора карда, як порча матои аз “пахтаи мулк” омодашударо арзишманд мешуморад:

Пинҳон бикунад шармгаҳи мурдаи худро,
Аз пахтаи мулк аст, кафанро нафурӯшед.

Ҳушдори дигари шоир дар байти дигари шеър аз он иборат аст, ки дар давраи рушди технологияҳои муосир, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ, хатари ҷангҳои иттилоотӣ, зарур аст, ки ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро аз муҳимтарин рисолати инсонию шаҳрвандӣ шуморида, воқеияти  озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстонаро дарк намоянд, фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор ва созмону ташкилотҳои гуногун, ки манфиатҳои миллии халқу миллатҳо ва давлатҳоро зери по карда, мақсаду ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро амалӣ менамоянд,  нашаванд. 

Душман нашавад дӯст, фаромӯш насозед,
Бар аҳди тиҳиҷаҳд суханро нафурӯшед.

Мақтаи шеъри “Ватанро нафурӯшед” амсоли як мухотаби мутантан аст, ки масъалаҳои муҳими давлатсозӣ, ҳифзи муқаддасот, мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ташаккул додани муносибати бошууронаи ҳар як тоҷику тоҷикистониро фаро гирифта, дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ созгор аст:

Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед! 

Адибони ҳамзамони мо, дар ҳар маҳфилу ҳамоише дар мавриди шоирони ватансаро сухан гуфта, исми Муҳаммад Ғоибро дар қатори аввалинҳо ба забон овардаанд. Дар ҳақиқат, Муҳаммад Ғоиб аз зумраи он шоиронест, ки дар замони эҳёи навини Тоҷикистон дар сафи онҳое буд, ки шеърашон дар худшиносии миллӣ, ангезиши эҳсосоти баланди ватандӯстӣ, дар раҳнамоӣ ба ягонагиву бунёди Ваҳдати миллӣ саҳми бориз гузошта васфи Ватанро дар меҳвари эъҷоди худ қарор додаанд .

Ҷоиз ба қайд намудан аст, ки шеърҳои ватандӯстонаи ӯ  “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!”, “Тоҷикистонро дигар бояд кунем!”, “Дунёи нангу ор манам - ориёиям” имрӯз вирди забони мардум ва шукӯҳи  ҳамоишҳои муҳташами фарҳангию сиёсӣ ва руҳбахшанда ба андешасозии миллӣ гардидаанд.   

Шарофат Худойдодова,  дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат