, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШ ВА УҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 29.04.2024 375

НАҚШ ВА УҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар руҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандузиву маърифатпарварӣ, ҳунармандиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кушиш мекарданд. Вазифаи дигари падару модар аз он иборат аст, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди хеш ғамхорӣ зоҳир намоянд. Инчунин ҳар як падару модар, пеш аз ҳама падар вазифадор аст, ки ба мактаб рафтани фарзандро пурра таъмин намояд, зеро мактаб макони илму дониш ва маърифат ба шумор меравад.

Падару модар вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд.

Фарзанддорӣ шукргузорӣ ва дилхушии оила буда, обруву эътибори пайвандон ва дилпурӣ ба фардои зиндагӣ ва идомаи наслҳо мебошад. Аммо тарбияи фарзанд кори саҳл нест ва он шабзиндадорӣ, меҳрубонӣ, заҳмату масъулият металабад. Ин аст, ки дар баробари ташаккули оила ва ҷомеаи инсонӣ, масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ҳамеша мубраму муҳим ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, агар таълиму тарбияи фарзанд дар ин раванд маърифатпарварона, ташаббускорона, хайрхоҳонаву дурбинона шакл гирад, фазои фарҳангиву маънавии ҷомеа рангин, солим, руҳбахш ва созанда мегардад. Барои ба вуҷуд овардани чунин фазо, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ, мактабу маориф, муассисаҳои фарҳангӣ, динӣ ва албатта васоити ахбори омма нақши муҳим доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо дар ҳолате самараи нек ба бор меоранд, ки моҳияти фаъолияти онҳоро созандагиву бунёдкорӣ ташкил намояд.

Табиист, ки дар ҳар кору фаъолият ҷанбаи ташкиливу ташаббускориҳо нақши калидӣ доранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Ин ҳуҷҷат, ки дар умум моҳияти ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ ба ҳамкориҳои иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тарбияи насли наврасро дорад, аммо чандон пайваста ва бомаърифатона сурат намегирад. Дар баъзе оилаҳо аз сабаби камтаҷрибагии волидайн тарбияи фарзандон коста гардидаст.

А.С.Макаренко навишта буд: «Дар баъзе оилаҳо падару модар боре ҳам фикр намекунад, ҳамту бо фарзандонашон паҳлу ба паҳлу зиндагӣ карда, гумон мекунанд, ки гӯё масъалаи таълиму тарбияи фарзанд худ аз худ ҳал шуда бошад».

Солҳои охир аз рӯи беаҳамиятии ҷомеа ва махсусан падарону модарон фарзандон бештар ба санъату маданияти Ғарб рағбат пайдо карда, ҳатто дар худ рафторҳои ҷавонони ғарбиро таҷассум менамоянд, санъату маданияти миллии тоҷикиро аз хотир бароварда, ба санъати ба мо бегона рӯ овардаанд. Ба ҷои либосҳои миллии тоҷикӣ сару либоси бегонаро афзалтар медонанд. Падару модар бояд донанд, ки ин амалҳо ҳеҷ гоҳ ба ояндаи фарзандон таъсири мусбат намерасонад. Дар урфият мегӯянд, ки мероси падар на танҳо молу мулк аст, балки тарбияи фарзанди солеҳу соҳибмаърифат мебошад, ки ҳамеша номи неки онҳоро нигоҳ дорад.

Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,

К – ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Ҳар як падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама ба фарзанди худ номи нек гузоранд, на амсоли Табар, Теша, Сангак ва ғайраҳо. Дуруст аст, ки таваллуди фарзанд барои ҳама хешу табори хонадон хурсандии калон меорад ва ҳангоми номгузорӣ барои эҳтиром калонсолони оила, бобою бибӣ даъват карда мешаванд. Вале, дар ин ҳолат ҳам падару модар дар интихоби ном нисбат ба дигарон ҳаққи бештар доранд ва бояд номи зебою замонавии худро пешниҳод кунанд, чунки замони фарзанд аз номаш норозӣ будан танҳо аз падару модар домангир мешаванд.

Барои таъмини фазои маънавии ҷомеа ва тарбияи фарзанд воситаҳои гуногуни таъсиррасонӣ мавҷуданд. Яке аз онҳо ҷалби наврасон ба китобхонӣ мебошад, чунки китоб калиди донишу маърифатомeзӣ аст. Китоб бояд дардхӯри ҷомеаи муосир бошад, на танҳо дар ташаккули завқи бадеӣ ва ҳисси дахолатпазирии иҷтимоии хонанда мусоидат кунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи падару модар, давлат ва ҷомеаро дар таълиму тарбияи фарзандон чунин муайян ва муқаррар кардааст:

Модаи 5. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд:

  1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад;
  2. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити модӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд;
  3. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Тарбия дар оила ва мактаб яке аз рукнҳои асосии инкишофи ҳаматарафаи бачаҳо буда, омода намудани кӯдакон ба мактаб дар оила ва муассисаҳои томактабӣ ҳатмӣ мебошад.

Падару модар аввалин муаллим ва тарбиятгари фарзанд маҳсуб ёфта, хишти нахустини бинои умри инсонро мегузоранд. Аз ин рӯ, инкишофи ҳаматарафаи насли наврас аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ахлоқию равонӣ ба тарбияи оилавӣ вобаста мебошад. Волидайн барои бачаҳо аввалин намунаҳои ибратгирӣ ва пайравӣ буда, аз ҳама пеш кӯдак ба волидайни хеш тақлид карда, рафтору кирдори онҳоро ба мисли оина инъикос мекунад. Бинобар ин, лозим аст, ки падару модар ва дигар калонсоли оила (бобо, бибӣ, бародар, апа) бо рафтору кирдор ва пиндори хеш барои хурдсолон намунаи ибрат буда, мунтазам ба рӯҳу равони онҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Ҷумахонзода Ҷамшед - донишҷӯи курси чоруми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат