,
Якшанбе, 10-ноябр
Дар мизони андеша ва баёни чанд ҳарфи самимие доир ба мавқеъ ва гиромидошти устод, ки ин шуъларо дар умқи дилам равшан намуд, нукоти волои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мефармоянд, “Устод, омӯзгор, муаллим, мураббӣ барои ҳар як шахс азизу муътабар аст. Агар шахс аз муаллими худ сабақ нагирад, чизе наомӯзад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ қудрати донистану фаҳмишро надорад”.
Мехоҳам зери ин сатрҳои тиллоии Пешвои муаззами миллат аз рӯзгор, осор ва фаъолияти яке аз олимони асил, муаллим, омӯзгоре, ки ҳаёти хешро баҳри таълиму тарбияи насли наврас сарф кардааст, профессор Икромов Искандар қисса карда бошем. Устод аз даврони кӯдакии хеш дилбастаи адабиёту шеъру ғазал буд ва инро худи муаллим дар ёддоштҳояш шарҳ дода мегӯяд, «Ман ҳанӯз аз айёми шубоб ба мутолиа ва омӯхтани адабиёти классикии тоҷик дилбастагии зиёд доштам. Дар ин ҷода нақши падари бузургворам Икром ибни Нурмуҳҳамад, ки беҳтарин омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба шумор мерафт, басо зиёд буд». Омили дигаре, ки меҳру муҳаббати устодро нисбат ба адабиёт, алалхусус адабиёти классик ва чун мутахассиси варзидаи ин навъи адабиёт омода намуд, ҳофизон ва сарояндагони нотакрори диёраш буданд. Исботи ин гуфтаҳо далелу субут аз рӯзгори устод ҳастанд, ки дар мақолаи мо рӯи коғаз оварда шудааст.
Хоҷағалтон- диёре, ки устод, бародарон, модари меҳрубонаш Сӯфиева Раъно ва қавмаш зиндагӣ кардаанд. Хоҷағалтон яке аз деҳаҳои калонтарини дурдасти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (пештара Шурообод) ба шумор меравад. Ин деҳа ба гуфти калонсолон яке аз деҳаҳоест, ки нисбат ба дигар деҳаҳо 50-60 сол баътар обод шудааст. Эҳсоси ватандӯстӣ дар дили Искандари кӯчак ҳамоно айёми хурдсолиаш пайдо шуд. Ӯ дар китобаш бо номи “Зеҳнпораҳо” қисса мекунад, ки «дар навбати аввал аллаи модари меҳрубонам, пандҳои падари бузургворам ва насиҳатҳои ҷадди бузургворам- Нурмуҳаммад ибни Усмон, маро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд». Устод таҳсили илм ва омӯзишро сарманшаи илмҳоми зиндагӣ дониста мегӯяд, «сарчашмаи дуюми илҳоми ман, ки як умр дар ҳаёти шахсиям нақш бастааст, таҳсил дар мактаби ибтидоӣ ва ҳамагонии ҳамин ноҳия буд». Ёдоварии устод аз муаллимонаш аз қабили қиблагоҳашон Икроми Нурмуҳаммад, Карими Ашӯр, Шарифи Сафар, Кабири Кабир, Назари Раҷаб, Шарифи Маҳмадамин, Одинаи Ниёз, Сафари Гулмад, Муслими Саттор, Раҷаби Назар, Ҷумъи Дӯст, Назирмади Назрулло, Ҳофизи Шомир, Назари Даврон, Хайриддини Шер, Раҳими Садир, Шайхи Ғарибмад ва дигарон, ки асоси илму донишашонро аз ин пирони хирад гирифтаанд, заминаи асосии дунёро ба чашми дигар нигаристанро дорад.
Сарчашмаи сеюмини ҳаёти худро иштирок дар маъракаҳои пурдабдабаи ин диёр, ки ҳамроҳи падар ва ҷаддаш иштирок мекард арзёбӣ мекунад. Устод ёдовар мешавад, ки чунин маъракаҳо дар деҳаҳои Дараи об, Доғистон, Девдор, Бадринг, Чашмаи себ, Сафедоб, Аҳмади поён, ва боло, Зардолудараю Хоҷағалтон ва дигарҳо воқеъ мешуданд, ки як умр дар зеҳн ва ёди устод нақш бастаанд. Аз сабабе, ки дилбохтаи шеъру шоирӣ ва дӯстдории назму насрро дошт пайваста мекӯшид, ки дар суҳбати олимони асилу шахсони донишманди диёраш ба мисоли Ниёзи Сафар, Мулло Қурбон, Шайдуллои Исо, Нурмуҳаммади Усмон, Раҳмони Сафаралӣ, Зарифи Шариф, Саттори Зикрулло, Махдуми Машраб, Хаскаши Абдулло ва дигарон бошад. Меҳри ин ганҷинаи бебаҳо дар дилаш буд, ки баъди хатми мактаби миёна роҳ сӯи даргоҳи илму маъриф ниҳод ва дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб дар ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик шомил шуд. Даврони донишҷӯйӣ устод пайваста дар роҳи илмомӯзӣ ва хондани асарҳои классикон ва лексияи устодон гузаштааст. Тавре аз гуфтаҳои наздикон, ҳамкорон, ки он вақт ҳамсабақ ё ягон соле аз устод пасттар мехонданд, зикр мекунанд, «Искандар бачаи хушгап, хушмуомила ва ниҳоят як ҷавони донишманде буд. Пайваста кӯшиш мекард, ки дар дарсҳои семинарӣ бо тайёрии хубе миёни дигарон бошад. Муаллимони сабақомӯзаш пайваста дар борааш суханони хуб мегуфтанд ва дар оянда як кадри ифтихорманд низ муаррифиаш мекарданд”. Ана ҳамин хислатҳои накӯву дониши баландаш буд, ки баъди хатми донишгоҳ зуд ба аспирантура шомил шуда, дар синни 37 солагиаш- 29 майи соли 1980 рисолаи номзадиашро ба анҷом расонида, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ шуданд, вале рисолаи докториашонро нисбатан дертар дифоъ менамояд. Муаллим сабаби дертар анҷом додани рисолаи докториашро дар фориғиғболии худ медонад, вале ҷои дигар сабабҳои дертар навиштани рисолаи доктории худро бо овардани чанд омили таъсиррасон дар асараш бо номи «Зеҳнпораҳо» чунин баён намудааст.
Устод дар ин асараш менависад, ки «Дар асл дер боз орзуи доктор шуданро доштам. Дар ин хусус доир ба Анварӣ ва қасоиди ӯ маводи зиёде гирд оварда будам. Чанд мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ навиштам. Ҷавонони боистеъдодро дар ҷодаи илм роҳнамоӣ мекардам. Вале азобҳои дар пештара кашидаам, шароити пасти моддии оилавӣ ба ман имкон намедоданд, ки ҳар чӣ тезтар ба иҷрои ин кори муҳим даст занам.
Барои равшанӣ андохтани фаъолияти профессор Искандар Икромов мехоҳем, саҳифаҳои ибтидоии ҳаёту фаъолияти устодро варақгардон бошем. Ин пири хирад 12.08.1943 дар деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шурообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълими мактаби миёнаро дар муассисаи миёна умумии №9 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии зодгоҳаш гирифта, сипас баъди хатми ин таълимгоҳ соли 1961 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб шомил шуд. Соли 1962 чун дигар мардон худро бетараф намонда, баъди хатми соли аввали донишҷӯӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ пайваста, то соли 1965 адои хизмати модар-ватан намудааст.
Баъди хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар донишгоҳи номбурда идома медиҳад. Фаъолияти омӯзгориаш дар ин даргоҳи илму маърифат аз соли 1968 оғоз меёбад. Солҳои (1968-1969), омӯзгор, солҳои (1969-1987) муаллими калон, солҳои (1987-1991) дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, солҳои (1991-1992) ходими калони давлатӣ, солҳои (1993-2000) дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб, солҳои (2000-2001) профессори кафедраи филологияи эронии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, солҳои (2001 - 2006) декани факултети филологияи ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав, солҳои (2006-2012) мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав ва аз соли 2012 то ин ҷониб профессори кафедраи адабиёти донишгоҳи фавқ фаъолияти дорад.
Дар мавзуи «Ҳаёт ва эҷодиёти Абулфарҷи Рунӣ» дар соли 1980 рисолаи илми дифоъ намудааст. Баъдан дар соли 1992 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри Қасида» ба анҷом расонидааст. Муаллифи 7 асару монография ва беш аз 300 мақолаи илмӣ мебошад. Бо медали ҷашни «Бистсолаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945” соли 1965 ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон” соли 2012 сарфароз гардонида шудааст.
Мехоҳам оид ба дифои рисолаи доктории устод якчанд сухане гуфта бошам. Вақте ба китоби “Зеҳнпораҳо”-и устод назар афкандам беихтиёр оби чашмонам ҷорӣ шуд, зеро дар лаҳзаҳое, ки ҷони ҳама дар кафи даст буду мардум дар кофтукови нон буданд, ин марди дар илм фурурафта ҷонашро кафи даст ниҳода, барои анҷоми кори докторӣ аз рӯи нангу номусаш чи қадар сарҳадҳои ду тараф, ки бародар душмани бародар буд (дар ҳамон вақту замон) убур карда, барои гирифтани ризояти муассисаи пешбар ба Самарқанд тайи 9 соат росто рафта, аз он ҷо бо роҳҳои гурезу гурез дар миёни оҳанпораҳо дар болои мошини боркаш ва аз он ҷо дар миёнаи роҳ мондаву бо роҳзанҳо дучор омаданашон ва, билохира, бо куртаву шими даридаву бо машаққатҳои зиёд ба макони лозимиаш расид. Аз саргузашти ба сараш омада ба мушовири илмиаш Расул Ҳодизода нақл кард. Расул Ҳодизода баъди гӯш андохтан ба гузашти ба сар омадаи устод посух дода гуфтанд, «Ҳамон Анварие, ки қасидаҳояшро дифоъ мекунӣ, ҳанӯз дар асри ХII аз дасти Ғузҳо ба ҳамин ҳолат гирифтор шуда буд».
Устод дар рафти фаъолияти кориаш шогирдони зиёдеро ҳамчун роҳбари илмӣ роҳнамоӣ намудааст ва яке аз шогирдонашон банда ҳастам, ки зери роҳбарии ин пири хирад мавзуи илмиамро доир ба «Рӯзгор ва осори Мирзо Қадам» ба сомон расонидаам. Бояд зикр кард, ки тайи панҷ соле, ки дар кори илмӣ машғул будам, пайваста дар зери назорат ва маслиҳатҳои ин падари маънавӣ будам ва то ҳол дар таълифи ин ё он мақола ё кори докториам бевосита аз маслиҳатҳову машваратҳояшон бархурдорам.
Мирзораҳматова ГУЛНОРА, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ