, Якшанбе, 22-декабр

ХИЗМАТИ БА ВАТАН-ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

 23.04.2024 349

ХИЗМАТИ БА ВАТАН-ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

Шукр аз даврони озод, шукр аз соҳибистиқлолии кишвар ва шукр аз миллати тамаддунофар, ки тавассути хиради азалӣ чунин Ватани орому осударо насиби мо тоҷикон ва сокинони дигар миллату халқияти сарзамини озоду рӯ ба рушд оварда-Тоҷикистони азиз, гардонидааст.

Кам нестанд давлатҳое, ки асрҳо боз орзуи ободию осудагии сарзамини хешанд, вале орзуи деринаи онҳо ҷомаи амал намепӯшад ва ҳеҷ не, ки болои сари эшон ливои озодию осудагӣ ҷилвагар гардад.

Тоҷикистони азиз тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшишҳои бемаӣлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ, ҳарчанд ки ба осонӣ ба даст наомада буд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуд ва рӯ ба ободию созандагӣ овард. Боис ба хушнудист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар шукуфоию пешравӣ ва ободкорию созандагист. Ба касе пӯшида нест, ки имрӯзҳо натанҳо симои ноҳияҳову шаҳрҳо, балки симои деҳоту маҳалҳо низ ба куллӣ тағӣир ёфта истодааст ва ин ҳама аз ҷидду ҷаҳди Сарвари кишвар ва якдилию якдигарфаҳмии миллати бузургамон вобастагӣ дорад. Расидан ба қадри Ватан, дӯст доштану дар ҳифзи он ҳамеша омода будани ҳар як шаҳрванди кишвар, алалхусус, ҷавонон вазифаи муқаддас маҳсуб меёбад, зеро ҳаёти хушу хуррами мо ба осудагию оромӣ ва шукуфоию рушди Тоҷикистони азизамон тавъам аст.

Имрӯз фурсате расидааст, ки миллати бофарҳанг, давлати соҳибистиқлол ва мамлакати соҳибтамаддуну пешрафта будани Тоҷикистонро ба аҳли олам нишон диҳем, ба қадри Ватану ватандорӣ, ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ ва муҳимтарин рамзҳои он- Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, артиши миллӣ, пули миллӣ ва шиносномаи миллӣ бирасем ва аз он ифтихор намоем,- таъкид менамояд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих».

Чунин мамлакати ободу зебо ва орому осуда, ки фазои онро сулҳу дӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ фарогир аст, кулли мардуми саӣёра хоҳонанд ва орзу доранд, ки кош мамлакати онҳо низ чун Тоҷикистони азизи мо дар шукуфоию созандагӣ ва рӯ ба тараққӣ бошад…

Ба ҳар як шаҳрванди соҳибхиради ватани маҳбубамон, алалхусус, ба ҷавонони баору номус зарур аст, ки пайи ободии чунин мамалакати файзбор бошанд.

Имрӯзҳо даъват ба сафи Артиши Миллии Тоҷикистон идома дорад. Ҳар як ҷавони синаш ба хизмати ҳарбӣ расидаро зарур аст, ки ба сафи Қувваҳои муасаллаҳи кишвари азизамон шомил гардида, тавассути хизмати софдилона қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар адо намояд. Адои хизмати ҳарбӣ сари баланду рӯи сурхи ҳар як ҷавони соҳибхирад аст. Ҳар он кас, ки хирад дораду номуси ватандорӣ ва худро фарзанди Тоҷикистони азиз медонад, бояд қарзи фазандии худро иҷро намояд. Ҷавонон на танҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд, балки онҳо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нагузаронд, ки ақидаҳои номатлуб ва ғаразноки ташкилоту равияҳои гуногуни ғайридавлатӣ ва ифротгароёна байни мо роҳ ёбанду бо афкори фиребандаи худ ҷомеаи моро халалдор намоянд.

Падаре аз фарзанди хеш пурсид:

-Писарам, ҳаёти хушу хуррамро дар чӣ мебинӣ?

-Дар ҳаёти осудаву фазои соф, дар серию пурӣ ва рушду нумуи Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол.

-Дуруст, писарам, вале он чизи асосие, ки ман интизор будам, нагуфтӣ.

-Чӣ будааст он чизи асосӣ? - суол кард писар.

-Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми он, зеро ҳеҷ гуна музаффарияту муваффақият ва пешравиҳо бе осудаҳолию тинҷии кишвар ба кас муяссар намегардад, -ҷавоб дод падар.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ хизмат ба Ватан, хизмат ба миллати хеш аст. Он ҷавоне, ки аз хизмати Ватан саркашӣ менамояд, ӯро ватандӯсту ватанпарвар ва фарзанди модари тоҷику миллат шумурдан ҷоиз аст магар? Ба гумонамон: не! Ҷавоне фарзанди баномуси Ватан хонда мешавад, ки ӯ сарзамини аҷдодии худро аз ҳар гуна ақидаҳои ғаразноки бадхоҳон ва тангназароне, ки сарсабзию музаффариятҳои Тоҷикистони азизи моро дида наметавонанд, мардона ҳифз менамояд. Ҷавони солимақлу аз худ бохабар, худогоҳу худшинос ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи ақидаҳои бардурӯғу фитнаангез ва иғвогаронаи дасисабозон намегардад ва бо ғолибияти ақли солиму побарҷо афкори ноҷавонмардонаи онҳоро ботил гардонида, пайи аз бар кардани илму фарҳанги замони муосир ва ободонии кишвар, ҳимояи дастовардҳою марзу буми ватани ҳақиқатан ҳам озоду рӯ ба рушд овардаи хеш мешавад.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишвҳои миллӣ аз як тараф ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсию фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим пайдо карда бошад, аз тарафи дигар, дар ҳамин радиф хизмат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, пойдору бардавом нигоҳ доштани осудаҳолии кишвар ва созандагию бунёдкориҳо меистад. Ҳар як падару модар вазифадоранд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи дӯст доштан ва расидан ба қадру манзалати Ватан тарбия намоянд ва аз фарзандони баору номуси хеш ифтихор намоянд.

«Фарзандонро бояд тавре ба воя расонем, ки боиси ифтихор бошанд»,-гуфта буданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Ваҳдат.

Дар амалӣ гардидани ин мақсуд, пеш аз ҳама, падару модарон ва дигар бузургсолони оила басо нақши муҳим мебозанд. Маҳз оилаи солим ва ҳаматарафа руштёфтаву масъулиятшинос аст, ки фарзанди онҳо фарзанди содиқи кишвар, муҳофизи марзу бум ва музаффарияту муваффақияти Тоҷикистони азизи мо мегардад. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзанди худро дар баробари дар рӯҳияи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намудан, инчунин, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат доштан ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дӯст доштани кишвари азизамон тарбия намояд. Ва, ин аст қарзи падарию модарӣ.

Хизмати Ватан барои ҳар як ҷавони солимақл қарз аст, қарзи ватандорию фарзандӣ, қарзи нангу номуси ҷавонмардӣ.

 Биёед, ҷавонони баору баномуси Ватан баҳри хизмат ба кишвари азизи худ камар бандему қарзи фарзандии худро бо рӯи сурху сари баландон адо намоем.

Абдуҷаббори Сафаралӣ-ҷонишини декан оид ба таълими факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат