,
Душанбе, 09-декабр
Ҷаҳони муосирро дар баробари пешрафтҳои илмиву техникӣ ва иқтисодиву иҷтимоияш бе таҳдиди зуҳуроти хатарнок тасаввур намудан номумкин мебошад. Гарчанде ки сол ба сол сатҳи саводу маърифатнокии инсоният боло рафта, пешравиҳои илмиву техникӣ ҳаётро рангин намудаву сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст, ҳоло ҳам дар ҷомеа афроде вуҷуд доранд, ки мафкураи тангу фаҳмиши нодуруст доранд.
Ин гуна шахсон табиатан бадхоҳу бадкирдор буда, ба ҷамъият хайрхоҳ нестанд. Ба ҳаёт, зиндагӣ, оила, ҷомеа, миллат ва давлат ҳамеша нигоҳи манфӣ доранд. Ботини нопоки эшон боиси он мегардад, ки даст ба амалҳои бадномкунандаву нанговар зада, инсонҳои бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум, кӯдакону пиронсолонро ятиму танҳо намоянд, ба ҷомеа ва давлат зарари калон расонида, фазои ҷамъиятиро ноором созанд.
Маҳз ҳамин гуна шахсон падидаҳои терроризм ва экстремизмро ба вуҷуд оварда, ҳаёти рангини садҳо нафар аҳолии осоиштаро ба вартаи нобудӣ мекашанд.
Бояд тазаккур дод, ки терроризму экстремизм хеле васеъ паҳн гардида, ба тамоми ҷаҳон хатар эҷод намуда истодаанд. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун сарчашмаи низоъҳои иҷтимоӣ, бахусус низоъҳои байни миллатҳо, эътиқодмандони динҳо ва аҳолии кишварҳои гуногун гардидааст. Аз ин рӯ, муқовимат ба терроризму экстремизм ва тақвияти низоми мубориза бо онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Хусусияти падидаҳои терроризму экстремизм пеш аз ҳама дар он аст, ки ҳар як шахс қурбонии онҳо шуда метавонад. Ягон нафар аз ҳолати дар ҷой ва вақти номувофиқ (ҳодисаи ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ) будан эмин буда наметавонад. Шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидоштаро содир менамоянд, одатан ғайриинтизор ҳамла мекунанд ва кирдорҳои онҳо берун аз тафаккуру тасаввур мебошад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Аз мазмуни моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз 28 декабри соли 2021, №1808 бармеояд, муқовимат ба терроризм фаъолияти маҷмуии ҳамаи мақомоти давлатӣ ҷиҳати ошкорсозӣ ва минбаъд бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии амали террористӣ мусоидаткунанда, ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ, қатъ намудан, кушодан ва тафтиш кардани амали террористӣ, то ҳадди камтарин расонидан ва бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 низ мафҳуми муқовимат ба экстремизм ба ҳамин монанд шарҳ дода шудааст.
Аз моҳияти меъёрҳои қонунгузорӣ бармеояд, ки муайян намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии амалҳои террористию экстремистӣ мусоидаткунанда нақши муҳим дошта, ошкор ва бартараф намудани онҳо боиси пешгирӣ намудани кирдорҳои ҷиноятӣ мегардад.
Дар раванди муқовимат ба терроризму экстремизм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад.
Мақсад аз қабули ҳуҷҷати мазкур такмили чораҳои пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани омилҳои мусоидаткунандаи терроризм ва экстремизм, ҷалби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, васеъ намудани донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад.
Ҳоло дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳадафи умумӣ-роҳ надодан ба паҳншавии минбаъдаи хатарҳои терроризму экстремизм истодааст. Бинобар ин, муайян намудани омилҳо ё сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта мусоидаткунанда ва бартараф намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Дар стратегияи болозикр якчанд омилҳо пешниҳод гардида, ошкор ва бартараф намудани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб эътироф гардидааст.
Яке аз омилҳои асосӣ дар ин самт осебпазирии муҳити динӣ аз ташвиқоти экстремистӣ бар асари донишҳои нокифоя, ба таълими ғайрирасмии динӣ фарогирии насли наврас, инчунин интишори васеи маводи экстремистӣ дар васоити ахбори омма, хосатан олами маҷозӣ, дониста шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз 26 марти соли 2009, №489 озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода шудааст.
Дар қонуни болозикр муқаррар карда шудааст, ки давлат ҷиҳати пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунӣ, тарғиб ва паҳн кардани андешаҳои ифротӣ, барангехтани кинаю адовати динӣ ва хусумати мазҳабӣ низоми таҳсилоти диниро таҳти назорат қарор медиҳад. Ҳамчунин, давлат метавонад таълими фанҳои диншиносие, ки хусусияти иттилоотию маърифатӣ доранд, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии давлатӣ дохил намояд.
Ба андешаи мо, барои он ки шаҳрвандон оид ба дин ва паҳлуҳои он маълумоти дурусту заруриро гиранд, бояд дар заминаи меъёри зикргардида иттилоот оид ба дин ва маърифати диндорӣ аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ба қадри кифоя тадрис дода шавад. Зеро сабаби асосии дарки нодуруст ва фаҳмиши номуайяни дин аз ҷониби шаҳрвандон надоштани маълумоти зарурӣ оид ба дин мебошад. Вақте ки дар сари инсон ба қадри кифоя дониш набошад, ҷойи онро иттилооти дигар мегирад. Андешаҳои ҳар гуна хурофотпарастон дар майнаи сари онҳо ҷой гирифта, манбаи кинаву адоват нисбат ба дигарон, бахусус намояндагони дигар дину мазҳабҳо мегардад.
Маҳз шахсоне, ки дорои чунин ҷаҳонбиниву фаҳмиш ҳастанд, таҳти таъсири ташкилотҳои террористию экстремистӣ қарор мегиранд. Дар тарғиби ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ тавассути шабакаи интернет, ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилотҳои хусусияти террористию экстремистидошта, кӯшишҳои тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ роҳбалад мешавад ва шахсан иштирок низ менамоянд.
Бинобар ин, дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани шакли дурусти омӯзиши иттилоот ва маърифати динӣ баҳри пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунӣ, тарғиб ва паҳн кардани андешаҳои ифротӣ, барангехтани кинаю адовати динӣ ва хусумати мазҳабӣ таъсири мусбат хоҳад расонд. Дар ин раванд, аз имкониятҳои низоми маориф, сохторҳои давлатии кор бо оила, занон ва ҷавонон ба таври васеъ истифода бурдан зарур мебошад.
Омили дигаре, ки метавонад ба содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта мусоидат намояд, мавҷудияти ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад, ки ба татбиқи риояи ҳуқуқҳои инсон, таъмини рафтори қонунӣ монеа эҷод менамояд.
Дар муқаддимаи Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия омадааст, ки коррупсия як вабои мудҳиш буда, бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад. Воқеан ҳам амали мазкур аз рафторҳои ғайримуқаррарии меъёрҳои давлатӣ ва мизони ахлоқии башар аст ва фаъолияти дастаҷамъона бар зиди коррупсия яке аз роҳҳои муқовимат бо амалҳои хусусияти террористию экстремистидошта ба ҳисоб меравд.
Омили дигаре, ки сабабгори паҳншавии ғояҳои хусусияти террористию экстремистидошта мегардад, истифодаи бемаҳдуд ва берун аз назорати шабакаи интернет, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа аз шабакаи интернет истифода мебаранд ва новобаста аз синну сол, соҳаи фаъолият ҳамагон ба он дастрасӣ доранд.
Гарчанде ки дар қонунгузорӣ барои паҳн намудани маълумотҳои хусусияти эстремистию террористидошта, даъвати дигарон бо ин мақсадҳо ҷавобгарии дахлдор пешбинӣ шудааст, аммо боз ҳам ҳолатҳои содир намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо дида мешавад. Зеро, баъзе шахсон бинобар беаҳамиятӣ ва баъзеи дигар қасдона ва бо мақсади ғаразнгок даст ба содир намудани онҳо мезананд.
Ба андешаи мо, сабаб дар он аст, ки мо баъд аз содир намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудем, вале ҷиҳати пешгирии содиршавии онҳо чораҳои дахлдор наандешидем. Яъне, мо бояд пеш аз истифодаи шабакаи интернет истифодаи онро танзим намоем. Низоми махсуси истифодаи онро муқаррар намоем.
Илму техникаи муосир хеле пешрафта мебошад ва аз ин рӯ, сохторҳои марбутаи давлатиро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони варзида ва дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ низом ё барномаи махсуси истифодабарии шабакаи интернетро дар кишвар тарҳрезӣ намуда, мавриди истифода қарор диҳанд. Дар он низом ё барнома бояд иҷозаи гирифтани маълумоти дахлдор аз сомонаҳои қонунӣ ва ғайриимкон будани истифодаи сомонаҳои ғайриқонунӣ танзим гардидад.
Дар воқеъ, омилҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта мусоидат мекунанд, зиёданд ва муайян кардану бартараф намудани онҳо аҳамияти хеле муҳим дорад. Зеро мақсади асосии муқовимат ба терроризму экстремизм пешгирии онҳо мебошад.
Мазарифов Манучеҳр-н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ