, Душанбе, 30-декабр

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР АШЪОРИ МУҲАММАД ҒОИБ

 22.04.2024 506

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР АШЪОРИ МУҲАММАД ҒОИБ

Муҳаммад Ғоиб шоири ватандӯсту ватанпарвар, хештаншинос ва худогоҳ аст. Бештари ашъори Муҳаммад Ғоиб ба худогоҳӣ ва хештаншиносӣ бахшида шудааст. Ӯ дар воқеъ як муаллим ва як эҷодкори ашъори миллӣ ва меҳанист ва шикастҳои таърихию пирӯзиҳои онро ба тасвир мекашад, то тоҷику тоҷикон ба бузургию асолат ва шарофати гузаштаи худ бештар ошно шаванд. Чунки халқи тоҷик дар гузашта ва имрӯз ҳам ҳамчун халқи худшиносу худогоҳ эътироф шудааст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ба фикри фардои дурахшони ин Ватану ин сарзамин бошем, то ояндагон ифтихор аз мову аз имрӯзи Ватан дошта бошанд:

То бубинӣ некҳоро нектар,
Роҳҳоро то кунӣ наздиктар,
Суҳбатат аз худшиносӣ сар шавад,
То шавад ҳар тоҷике тоҷиктар.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ

Шеърҳои ватандӯстона дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд, ки онҳоро адиб бисёр самимӣ ва бо камоли ифтихор сурудааст. Дар ҳар як шеъри ӯ ихлосмандие нисбат ба Тоҷиктистон ва халқи шарифи он дида мешавад. Ва шоир ифтихор аз гузаштагони худ мекунаду худро идомадиҳандаи фарҳанги волои онҳо медонад. Ин хислати шоир қариб дар ҳама шеърҳои ӯ дида мешавад ва тозагие ба ҳунари волои ӯ зам мекунад. Аз ҷумла дар шеъри «Ватан» фикру ақидаи Муҳаммад Ғоиб нисбат ба Ватан басо ҷолиб баён шудааст:

Бо ҳама шодии худ дар ғами оянда манам,
Дар хаёли Ватану давлати поянда манам.
Уқда дорад агар ин ришта, кушоянда манам,
Дар дили кӯчаки ман меҳри бузурги ватан аст,
Васфи кишвар ба сад оҳанг сароянда манам.

Барои шоири бузург на танҳо Ватан, ёру диёр ва халқи бузургвораш азизанд, балки барои шоири воломақом замин, сайёраи мо аз ин ҳам арзиши бештар дорад, зеро дар замин ба дунё омада, камол ёфтааст. Ва Тоҷикистонро ҳамчун ҷон барои худ меҳисобаду ҳамеша аз ӯ фахр дорад. Ба ақидаи қаҳрамон чунин сарзамин дар ягон гӯшаи дунё нест, ва Худованд танҳо барои ӯ адо кардааст, аз ин неъматҳо шукр мекунад:

Тоҷикистон, туӣ ҷон, бо ту фақат зинда манам,
Бе ту гирёнаму бо ту лаби пурханда манам.
Аз ту мефахраму меболаму фархунда манам,
Мулки ҷаннатсифатӣ, доди Худо баҳри манӣ,
Баҳри ту, доди Худо, шукр кунам, банда манам.

Дар баробари дигар мавзуъҳои ашъори шоир, як мавзуи асосӣ, ки дар шеъри ӯ бавосита ва ё бевосита ба он таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, мавзуи Ватану миллат мебошад. Ин мавзуъ аз ибтидои фаъолияти эҷодии шоир то ҳозир бо роҳу усулҳои гуногун ифода шудааст. Ин мавзуъ, мавзуи доимӣ ва ҷовидонӣ дар адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Қариб аксарияти шоирон дар мавзуи ватану ватандӯстӣ бо садоқату муҳаббат шеърҳо эҷод кардаанд.

Шоир дар шеъри «Ниёиш» садоқатмандии худро нисбат ба сарзамини худ, Ватани азизаш иброз дошта баён мекунад, ки «Он чӣ ки ман мекунам, баҳри Ватан мекунам»:

Он чӣ ман мекунам, баҳри Ватан мекунам,
Баҳри Ватан мекунам, он чӣ ки ман мекунам.
Пуштаи хушкидааш, ҷойи хазондидааш,
Аз раҳи дарёдилӣ боғу чаман мекунам.
Ҳаст сароби ватан баҳри ман оби ватан.
Тӯшакаши гарди ӯ дури Адан мекунам.
Шеру палангаш маннам, оҳангу сангаш маннам,
Соҳиби нангаш маннам, машқи бадан мекунам.
Заҳри ҷафои ватан, шаҳди вафо бар ман аст,
Бодаи ин косаро ғуссашикан мекунам…

Ҷиҳати хуби шеърҳои дар васфи Модар-Ватан сурудаи шоир он аст, ки дар онҳо ҳақиқати зиндагӣ тасвир ёфтааст.

Муҳаббати беинтиҳои шоир нисбат ба зодгоҳу ватанаш дар шеърҳои «Дарди меҳр», «Ватан», «Тоҷикистон», «Васфи диёр», «Худшинос», «Ёди ватан», «Қиблаи умед», «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам» ва ғайра ба хубӣ баён шудаанд.

Мо дар шеъри «Қиблаи умед» мебинем, ки шоир хонандаро ба як олами фикру андеша ва муҳаббати беандоза нисбат ба як пора хоки Ватан басо самимию дилчасп равона месозад. Вуҷуди шоир аз ҳар санги кӯҳу ҳар қатра об ва ҳар порча хоки зодгоҳаш таркиб ёфтааст. Бинобар ҳамин ӯ ҳар санги кӯҳ, ҳар хонаву дар, ҳар пораи замин ва ҳар қатра оби зодгоҳ ва ҷумҳурии азизашро аз дилу ҷон дӯст медорад ва бе он мавҷудияти худро тасаввур карда наметавонад. Дар назди оламиён фахр дорад, ки маҳз дар ҳамин сарзамин, дар Тоҷикистон тавлид ёфта, машҳури оламиён гаштааст:

Теппаи хокат ба каф дар ҳама ҷо бо ман аст,
Ҳар гулу ҳар як алаф дар ҳама ҷо бо ман аст.
Савти хуши тору даф дар ҳама ҷо бо ман аст,
Хотираҳо саф ба саф дар ҳама ҷо бо ман аст.
Дар ҳама ҷо, эй ватан, нестам аз ту ҷудо,
Ҳадяи қимматтарин баҳри манӣ аз Худо.

Муҳаббати софу самимии одамӣ, тараннуми озодӣ ва меҳнати созанда, ифодаи ҳисси ифтихори ватандорӣ, дӯстию ваҳдат ва инсонпарварӣ мундариҷаи асосии шеъри Муҳаммад Ғоибро ташкил менамояд:

Сози хомӯшам, навобахшам туӣ,
Бе ту беморам, давобахшам туӣ.
Баста бе ту мешавад роҳи нафас,
Бе ту мемирам, ҳавобахшам туӣ.
Бо ту ҳастам зинда дар зери сипеҳр,
Ҷои меҳратро нагирад ҳеҷ меҳр.
Зодгоҳи мардуми доно туӣ,
Ҷовидон машҳур ба Сино туӣ.
Сарбаландам аз баландиҳои ту,
Дар ҷаҳон Боми Ҷаҳон туӣ.
Бо ту ҳастам зинда дар зери сипеҳр,
Ҷои меҳратро нагирад ҳеҷ меҳр.

Муҳаммад Ғоиб устоди моҳири тасвири лирикаи ҳаёт ва ғояҳои олии ватндӯстона мебошад. Аз ин рӯ, лирикаи ҳаёт аз доираи муқаррарии мафҳум берун рафта, лиризм яке аз хислатҳои барҷастаи устод Муҳаммад Ғоиб шудааст. Назми шоир тадриҷан аз оҳанги назми кӯҳна озодшуда, бо мундариҷаи бою баланди худ, бо тасвири амиқи ҳаёт, вусъати доираи муҳокима, бикрбаёнии мутафаккирона, санъати бойи бадеӣ ва зебоию услуби ба худ хоси ҷозибадор пурраву қатъӣ ба реализми воқеӣ даромад ва мақому симои шоирии шоири бузургро дар адабиёти муосири тоҷик муайян намуд.

Устод Муҳаммад Ғоиб дар ашъори худ таърихи муборизаҳои озодихоҳии халқ, таърихи меҳнату муборизаҳои бунёдкоронаи халқ, табаддулоти рӯзафзуни сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии нав ба одамонро ба риштаи назм кашидааст, ки ин аз худшиносии шоир дарак медиҳад:

То бубинӣ некҳоро нектар,
Роҳҳоро то кунӣ наздиктар,
Суҳбатат аз худшиносӣ сар мешавад,
То шавад ҳар тоҷике тоҷиктар.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.
Мум кардӣ бо навозиш сангро,
Пеш бигрифтӣ раҳи фарҳангро.
Рӯҳи Сомонӣ бигӯяд гӯиё:
Ҳифз кун мӯҳру ливои нангро.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.

Бояд донист, ки ғояи ватандӯстӣ, эҳтироми беандоза ба меҳан, ба модар дар эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб мақоми хоса дорад. Аз китоби ӯ «Ифтихор» маълум мегардад, ки шоир ба Ватан, ба халқи азизи худ, ба падидаҳои ҳаёти нав муҳаббати беандоза дорад. Масалан дар шеъри «Васфи диёр» ин ҳиссиёти гарми шоир баръало мушоҳида мегардад:

Гӯшаи танги Ватан бошад зи паҳноҳо кушод,
Хонаи пасташ баланд аст аз ҳама қасри мурод.
Маскани осудагию зиндагӣ бошӣ, Ватан,
Нест аз он дилфаротар ҷо бароям умрбод.

Дар чунин ҳолатҳо муваффақиятҳои эҷодии шоир бештар назаррас мебошад. Ба ин маънӣ, ки ӯ ба масъалаи ахлоқи ҳамида диққати ҷиддӣ додааст. Аз нигоҳи шоир шеър ва ахлоқ бародаранд. Чунон ки сиришти одами хушахлоқ, боодоб ва некӯкор як навъ шеъриятӣ дорад, шеъри асил ҳам аз ахлоқи ҳамида бархӯрдор аст. зеро ахлоқи хуб сифати баланди инсонӣ аст, шеъри хуб зодаи табъи баланд ва воситаи муҳимми тарбияи ахлоқи писандида мебошад. Маълум аст, ки мавзӯи мазкур аз замонҳои қадим, аз аҳди Рӯдакӣ сар карда, боиси таваҷҷуҳи ҳама шоирон гардида буд ва вайронии ахлоқ барҳамдиҳандаи ҷомеа хоҳад гардид.

Дар лирикаи Муҳаммад Ғоиб мазмунҳои ватандорию ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, иззату икрои ҳамдигар аз ибтидои фаъолияти эҷодии ӯ ба назар мерасад. Ифтихор аз Ватану муҳаббат ба хоку оби ин диёр ва тасвири манзараҳои дилкаши ин сарзамини биҳиштосо мавзӯи асосии ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро ташкил медиҳад:

Ватан мегӯям аз рӯзе, ки ман фаҳми сухан дорам,
Сухан мегӯям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.
Вафою эътиқоду ифтихорам – қаҳрамононам,
Ба ин ҷамъияти худ гуфтугӯю анҷуман дорам.
Ба дил раҳму ба ҷон сӯзу ба хун нангу ба чашмон меҳр,
Тамоми хулқи ибратбахши миллат дар бадан дорам.
Гирифтам аз ниёгон дарси номуси ватандорӣ,
Насими бӯи гулбоғи нав аз боғи куҳан дорам.

Аз байтҳои зерин аён аст, ки яке аз бузургтарин ва шарифтарин дастовардҳои адабиёти тоҷик иттиҳоду ваҳдат ва ростию дӯстии халқҳост ва ин мафҳуми тоза ғояи асосӣ, тору пуди шеъри устод Муҳаммадро ташкил дода, аз суннатҳои адабиёти хаттӣ ва шифоҳии халқи бофарҳангу соҳибтамаддуни мо маҳсуб меёбад. Чунончи:

Аз қисмати пурдаҳшати фардои диёрам,
Хоҳам, ки бигирям, дигар овоз надорам.
Нозам ба Ватан, бе Ватан азбаски Муҳаммад,
Як ҳалқа ҳам аз силсилаи ноз надорам.

Ҳурмат ва эҳтироми зиёд ба шеър ва шахсияти Муҳаммад Ғоиб дар он зоҳир шудааст, ки қудрати шоирӣ, дар меҳвари эҷодиёташ қарор додани масъалаҳои қисмати азалӣ, тақдири таърихии Ватану миллат, ба сарнавишт ва зиндагии инсон мебошад. Вай тавассути шеъраш баҳри худогоҳию худшиносии миллат ва бузургдошти мақоми инсон ҳамеша талош варзидааст.

Бо марҳамати офаридгор симои дилкаш ва ҷазоби шоир бо ашъори тару тоза, рӯҳафзою ҷонбахш, поку беолоиш ва мӯъҷизаосои ӯ тавъам афтида, ки ин маҳбубияти Муҳаммад Ғоибро беш аз пеш дар дилу дидаи ворисону халқи тоҷик афзун менамояд.

Устод Муҳаммад Ғоиб шоирест, ки баробари замони худ қадам мегузорад, аз ҳавои қарни худ нафас мекашад. Дарду ҷароҳатҳои замонашро дар дили худ эҳсос мекунад, бештар аз дигарон дард мекакашад, бо ашъори баландғояву баландпоя на танҳо шахсияти худро, балки миллати тоҷикро тавонист ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд:

Дар дили сози вуҷуди худ олам мепарварем,
Баҳри як оҳанг садҳо зеру бам мепарварем.
Хандаҳои лаҳзагӣ боди ғуборолуда аст,
То ба ҷо монем, гирён гашта нам мепарварем…
Шоирӣ бошад Муҳаммад ҷонкании умрбод,
Зиндагию марги худро мо ба ҳам мепарварем.

Бояд тазаккур дод, ки лиризм яке аз хусусиятҳои барҷастаи назми адиб мебошад. Назми шоир тадриҷан бо мундариҷаи бою баланди худ, вусъати доираи муҳокима ва амиқии фикр, бикрбаёнии мутафаккирона, суварнигории калом ва зебоию услуби ба худ хоси ҷозибадор пурраву қатъӣ дар зумраи адабиёти классикӣ ворид гашта истодааст.

Хулоса, Муҳаммад Ғоиб чун абармарди сухан соҳиби табъу завқи баланди мисли қуллаҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистони азиз мебошад. Ӯ ҳамчун ташнадил ба дарёи пурҷӯши илму адаб, фарҳанг, ба олами андешаҳои ширини қаламкашҳои пешин сар фурӯ бурда, барои худ гавҳари маънӣ ба даст овардааст. Лирикаи гарму нарм ва ватандӯстонаи шоир дар шакли суруду таронаҳои дилкушою дилнишин дар дилу ҳисси оммаи хонандагон ва шунавандагон ҷой гирифтааст. Ашъори шоир касро зиндадилу рӯҳбаланд мекунад, зебоии ҳаётро талқин менамояд, азму иродаи бунёдкоронаи аҳли ҷомеаро афзунтар ва мукаммалтар менамояд.

Ҷалилов Ғолиб, унвонҷӯйи кафедра адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат