,
Якшанбе, 22-декабр
Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуногунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омӯхта мешаванд, аммо таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз саҳми ягонаро доро нест.
Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охири асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ як аз он умумӣ эътироф шуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.
Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони франсузӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист.
Террорист- субъект, терроризм – сиёсат ва террор – воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Аммо бо вуҷуди ин наметавон ҳадафу мақсад ва воситаеро, ки терроризм онро дар фаъоляти худ истифода мекунад, мутлақо аз террор ва даҳшатфиканӣ иборат донист. Зеро тамоми навъи амалиёти мусаллаҳона ва барқасдона хоҳу нохоҳ ҷониби муқобилро гирифтори тарс ва даҳшат месозад. Бинобар ин даҳшатафкани мақсади асосии терорризм набуда, ҳадафи муайян ва ё як навъ ниқоргирие фаъолияти онро ташкил медиҳад. Шояд «Ал-Қоида» бо ба амал баровардани ҳодисаи 11- сентябр касеро тарсонидан намехост. Зеро моҳияти тарсонидан касе ё чизеро аз раъяш гардонидан ва монеъ шуданро дорад. Аммо ин ҳодиса Амрикоро рӯҳшикаста нанамуд, баръакс, мубориза ва таъсиррасониашро ба муқобили терроризм тезонид ва шояд «Ал-Қоида» дар асоси ҳадафу бадастории манфиате ин амалро содир накарда буд, ки гӯё фаъолияти ӯ баёнгари пуштибонӣ аз ислом бошад. Чунки баъди ин ҳодиса давлатҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил менамуданд, бахусус давлатҳои мусулмонӣ гирифтори амалиёти харобиовари зидди террористӣ ва сиёсати геополитикии давлатҳои қудратманд, аз ҷумла ИМА гардида, ҳолати ноороми низоми сиёсии дохили давлатиро соҳиб гардиданд. Пас хулосаи охирини ин амалиётро на тарсонидан, балки як навъ ниқоргирӣ метавон номид.
Тарс дар бештари ҳолатҳо хоси нотавонон ё зердастон буда, истифодаи террор чун воситаи баамалбарории сиёсат, бештар аз ҷониби барандагони сиёсат (синфи ҳукмрон) аст. Террор дар нисбати халқ маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Терроризм бошад як навъ эътирозест алайҳи террор.
Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда, ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд) метавон чунин шарҳ дод:
- террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо режими тоталитарии идоракунӣ асосёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;
- терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки ҷавононро, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз шомил гардидан ба ин гурӯҳи номатлуб нигоҳ доранд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Оқилова Қурбонбӣ – омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ