,
Якшанбе, 22-декабр
Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳукуқбунёд мебошад. Пешниҳод шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.
Ин аст, ки натанҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин Ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити нави ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Пешвои миллат дар нахустҷумлаи Паёми худ фармуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад”. Ин рўҳияи пур аз боварию эътимод саросари Паёмро фаро гирифта, дурустии роҳи пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар дар мазмуни таҳлилию дурбинонаи Паём ба таври асоснок ифода ёфтааст.
Сарвари давлат зимни баромади худ қайд намуданд, ки «Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд».
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳиммтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба ёфта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои роҳнамунсоз дода шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни саноатӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Бахши марказии Паёми Пешвои муаззами миллатро баррасии вазъияти иқтисодии мамлакат ва таҳлили дурнамои миёнамуддат ва дарозмуддати он ташкил медиҳад. Дар он аз ҷумла омадааст, ки “Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст.” Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паём вазифагузорӣ шудааст, ки “мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кўшиш намоем”.
Дар ин бахш ояндаи рушди кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гашта, ба рушди соҳаҳои афзалиятноке чун энергетика, сохтмони роҳҳо, ворид намудани технологияи нав дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти солиму хушсифат таъкид гаштааст.
Ҳамчунин, раванди рушди кишвар дар панҷ соли охир арзёбӣ гардида, нишондиҳандаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос ёфтанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар ҳафт соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Дар давоми соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз коҳиш дода шудааст. Музди миёнаи меҳнат бошад ду баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар афзоиш ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ бошад, 112,7 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод гувоҳ аз баландшавии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се ҳазор корхонаи санаотӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба қарздиҳӣ чораҳо андешида, дар меҳвари фаъолияти бонкҳои кишвар қарор дода шавад. Бақияи умумии пасандозҳо ба 18,6 млрд сомонӣ баробар аст. Аз ҷумла, созишномаҳои сармоягузории давлатӣ ба имзо расонда шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.
Чунин ҳадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем. Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонида шавад. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат бояд усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз рўи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кору фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ ҷорӣ намояд.
Дар баробари ин, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳаматарафа омўхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.
Қобили зикр аст, ки соҳаи дигари хоҷагии халқ, ки айни замон дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад ин соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба ин рукни давлат низ диққати махсус дода шуд. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.
Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рўйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аммо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамоно беҳбудӣ металабад.
Дар Паёми имсола масъалаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсусан арзёбӣ гардид.
Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо, ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».
Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳим ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмун ва муҳтавои Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Воқеан ҳам, Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мунъакис менамояд.
Расулова Лутфия Нуралиевна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ