, Якшанбе, 22-декабр

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН-ВАЗИФАИ ФАРЗАНДӢ ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРД

 30.03.2024 396

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН-ВАЗИФАИ ФАРЗАНДӢ ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРД

Ватан маконест, ки моро ба канор гирифтаву дар муҳити саршор аз муҳаббат ва ҳавои софу беғубор парварида ва дар ниҳоят сарнавишту қисмати ҳар яки мо гардидааст. Воқеан ҳам, агар модар моро ба дунёи равшан оварда бошад, пас дар оғӯши Ватан ва меҳру муҳаббати он ба воя расида, барои идомаи зиндагии шоиста ҳаёт ба сар мебарем. Бешак, инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан чунон дил мебандад, ки онҳо унсури хушбахтии ӯ мегарданд. Муҳаббат ба Ватан ва дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ин худ садоқат ба модар аст.

Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбубамон- Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Чунин тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ин диёр биҳиштосо мунтазам андешида мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯз гурӯҳе аз нотавонбинон ва гумроҳон аз пешравиву шукуфоии ватани мо шод нашуда, балки мехоҳанд бо рафтор ва амали ғайриинсонии худ аз ҳар ҷиҳат ба он таъсири манфӣ расонида бошанд.

 Воқеан ҳам, имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгароӣ хатарҳои барои инсоният номатлуб, аз қабили одамрабоӣ, терроризм ва экстремизмро миёни башарият паҳн сохта истодаанд. Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегарданд. Ин зуҳуроти номатлуб ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён оварда истодааст.

Аз расонаҳои иттилоотӣ ҳамарӯза аз оқибатҳои нохуши терроризм ва экстремизм бохабар гашта истодаем, ки амнияти тамоми давлатҳоро халалдор сохтанианд. Инсони донишманд ва бомаърифат ҳеҷ гоҳ фирефтаи андешаҳои атрофиёни худ гардида наметавонад ва ҳеҷ гурӯҳ ва равияе низ наметавонад бо ақидаҳои манфури худ ба ӯ таъсири манфӣ расонад.

Имрӯзҳо мардуми сайёра кӯшиш ба он медиҳанд, ки бар зидди ин амали номатлуб муташакилона мубориза баранд. Дар раванди мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба терророизм ва экстримизм барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ шудааст. Муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳи ҳалли ин раванди барои ҷомеа марговар асосӣ ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як шахси поквиҷдон ва ватандӯст мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Терроризм миллат, маҳал ва дин надорад”. Мо миллати сарбаланди тоҷик дар ҳамбастагӣ бо номуси ватандорӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар аз хоинони миллат ҳамеша омодаем. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад, ки мо тоҷикон аз ин ифтихор дорем. Дар бораи самтҳои баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии терроризм ва экстремизм нақши дин ва ташкилотҳои динӣ, низоми маориф ва сиёсати ҷавонон ва мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ хеле муҳим аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари азизамон омилу ангезаҳое вуҷуд доранд, ки сади роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, маърифатӣ, мафкуравӣ мегарданд. Ин омилҳо ҳамеша теша ба решаи миллати мо мезананд. Фаъолияти ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ асосан ба каҷравию калавишҳои ҷомеъа роҳ мекушоянд. Пешвои миллат ҳамеша қайд менамояд, ки мо пеши роҳи ин гуна гурӯҳҳои ба ҷомеа хатарнокро гирем. Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбад, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Фақат он миллатҳо ё кишварҳое ба пешрафти иҷтимоӣ даст мезананд, ки онҳо такя ба илму дониш, техника ва технология, рушди илмҳои дақиқ диққати ҷиддӣ медиҳад. Хурофотпарастон гурӯҳҳои ифротӣ аз ин пешравиҳо маҳрум буда, мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ медоранд. Онҳо ба қадри он намерасанд, ки барои сохтани як кули дарозиаш то 300 метр чи қадар сохтмончӣ, муҳандис, техникаҳои гуногунтамға, олимон барои лоиҳакашӣ лозим аст. Таркондан, нест кардан, гумроҳ кардани мардум, дар дили онҳо ҷой кардани тарсу ҳарос кори саҳл аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки душманони миллати мо барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, ифротгароии динниро ба ҳар восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Рафти ҳаёт нишон дод, ки як амали нодурусти диндорони мутаассиб ба чи хатарҳо моро дар солҳои 90-ум гирифтор намуд. Мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари мо хатар ва паёмадҳои ҷанги таҳмилӣ ва фоҷиаборро бо чашми сар диданд. Ин дарси зиндагӣ барои садсолаҳо ба мо басандааст, ки аз он сабақ омӯзем. Талхии он рӯзҳои ноором, ваҳмангез то ҳоло дар комҳо боқӣ мондааст. Он ҷароҳатҳое, ки ифротгароён дар пайкари миллат гузоштаанд гоҳ - гоҳ ба дард меоянд. Ҷароҳат задан дар мижа кушодан аст, аммо онро даво бахшидан солҳои туллониро лозим дорад. Амният, сулҳу озодӣ, оромиву субот ва ваҳдати миллӣ беҳтарин ва нодиртарин неъмати Илоҳӣ аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои нигоҳ доштани ин дастовард мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф намоем. Ёдрас менамоем, ки агар дақиқан ба саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик назар афканем, агар мо ба фарёди таърих гӯш диҳем пас мебинем, ки аждодони тамаддунофари мо аз азал бо ин амали номатлуб, яъне терроризму экстремизм мубориза мебурданду мебаранд.

Моро лозим аст, ки ҳама якҷо бар муқобили падидаҳои номатлуби замон терроризму экстремизм ва ифротгароиву хурофатпарастӣ мубориза барем. Мо бояд аз ин Ватани озод ва давлати соҳибихтиёрамон шукрона кунем, чунки “Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”.

Исуфов Дилшод – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат