,
Якшанбе, 22-декабр
Истиқлолияти давлатӣ яке аз волотарин ва пурарзиштарин дастовард буда, муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик мебошад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам яке аз рукнҳои Исиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Ҳамасола ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси моддаи 55-и Конститутсия ба ҳукми анъана даромада, чун барномаи мақсадноки давлатдорӣ ба таъмини зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида мешавад.
Паёми навбатии (28.12.2023) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли қаблӣ ҷамбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосии Ҳукумат муайян карда шуд.
Аз нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат бармеояд, ки кишвари мо дар марҳилаи аз Паём то Паём ба нишондиҳандаҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шарфёб гардида, ин нишондодҳо заминагузори он гардиданд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ ва рушди босуботи кишвар як қадами наву устувор гузорем.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, ки асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, муайян кардааст, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар дар баробари масъалагузории дигар соҳаҳо ба масъалаи рушди низоми қонунгузорӣ ва баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Бо назардошти ин ва 30-юми солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Пешвои муазами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузург ва ҳама қишрҳои ҷомеаи мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии одамон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд.
Ҳадафи асосии иқдоми мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон ва ғайра мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, таҳти №2, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, таҳти №272, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми декабри соли 2012, таҳти №678, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва ғайра.
Мақсади асосии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мазкур аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо иборат буда, ғояи асосии он ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона мегардад.
Дар робита ба ин, бо дастгирии бевоситаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалишавии бандҳои дахлдори Паёми Президенти кишвар дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байнлмилалӣ бори нахуст кафедраи ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуд. Вобаста ба ин, ҷиҳати бартараф намудани норасоии кадрии омӯзгорӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли оянда дар факултет ташкили ихтисоси омӯзгор-ҳуқуқшинос дар назар аст.
Ҳамин тавр, гуфтан имконпазир аст, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун василаи муҳимми баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат гардида, сарманшаи аввалиндараҷаи қабули қонунҳое эътироф мегарданд, ки маҳз ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд ва эълон гардидан «Соли маърифати ҳуқуқӣ» боис мегардад, ки маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба дараҷаи дилхоҳ расад.
Ҳусайнзода Аминҷон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ