, Душанбе, 14-октябр

НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ФАРЗАНДОН

 27.03.2024 302

НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ФАРЗАНДОН

Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Таркиби он мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар чунин муайян гардидааст: ҳуқуқи зиндагӣ, ҳуқуқи таҳсил ва таълиму тарбия, ҳуқуқи пуштибонии ҷамъият, ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва райъпурсӣ, интихоб шудан ва интихоб кардан, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра. Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. (Консепсияи милллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3.03.2006 №94). 

Воқеан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки онро пеша кардааст, аз шаҳрвандони мо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Ин аз тарафи шаҳрвандон масъулияти баландро талаб менамояд, ки дар ин роҳ нақши онҳо ниҳоят муҳим аст. Дар ҳақиқат, омӯзиши ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва бархурдор будан аз онҳо боис мегардад, ки шахс аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигарон ба таври дахлдор дифоъ кунад, нисбати қадру қимат ва шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузорад, дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба камол расад. Гузашта аз ин, шахсе, ки аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор аст, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат фаъолона иштирок менамояд, дар тақдири имрузу ояндаи кишварамон саҳм мегузорад.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат дар робита ба ин самт тавсияҳои судмандро мушаххас арзёбӣ намуданд. Масъалаҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат оид ба пешрафти самаранокии сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, кафолати иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ, идоракунӣ ва волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ва дигар вазифаҳои вобаста ба вазъи имрузу ояндаи кишварро дар бар мегиранд. Қобили зикр аст, ки ба масъалаи идоракунӣ ва волоияти қонун, ки яке аз қисматҳои Паём ба ҳисоб мерафт, диққати аввалиндараҷа дода шуд. Аз ин рӯ, эълон гардидани «Соли 2024 - соли маърифати ҳуқуқӣ» тамоми аҳли зиё ва омӯзгоронро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллию демократӣ ва эҳтиром гузоштан ба онҳо, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шавҳрванд, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи насли наврас дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, ба таълиму тарбияи онҳо саҳмгузор бошем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад». Дар робита ба ин хотиррасон бояд сохт, ки дар солҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории демокративу ҳуқуқӣ, сиёсати кишвари мо дар ҷодаи таълиму тарбия дар асоси дастовардҳои навтарин барои наврасону ҷавонон асос меёбад. Ва бояд гуфт, ки бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои муқаддасоти миллию умумибашарӣ комёбиҳои зиёде ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, истифода аз ин дастовардҳо дар шароити имрӯза ва ба таълиму тарбия ҷалб кардани наврасону ҷавонон масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост. Барои рушд бахшидани таълиму тарбияи насли наврас ҳар як фарди моро зарур аст, ки дар ин ҷода саҳм гузоранд ва ба таълиму тарбия ҷалб кардани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Тарбияи ҳуқуқӣ тарбияе мебошад, ки дар ниҳоди шахс баробари ташаккул додани донишҳои ҳуқуқӣ оид ба давлат, мақоми инсон дар ҷомеа, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, хизмат намудан ба Ватанро тарбия менамояд. Ҳамчунин, донистани таърихи кишвар, хизматҳои гузаштагони миллат дар роҳи ҳифзи сарзамин, фарҳангу забон ва осори пурғановати онҳо ҷузъи муҳими тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандустиро низ ташкил медиҳанд. Агар заррае дар тарбияи ин арзишҳо халал ворид гардад, насли ҷавон дар оила ва ҷомеа худхоҳу худпараст гардида, нисбати ватани худ бепарво ба воя мерасанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои ба роҳ мондани тарбияи сиѐсӣ ва ҳуқуқии наврасону ҷавонон пайваста талош менамоянд. Бо рафтору хизматҳои бузургашон нисбати мардуми кишвар ғамхорӣ намуда, ҳам тавассути асарҳои пурмазмуни худ наврасону ҷавононро ба ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ даъват менамоянд.

Яке аз асарҳои арзишманди Президенти кишвар «Чеҳраҳои мондагор» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо мақсади дар роҳи хизмату саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар рушди тамаддуни инсонӣ, инъикоси қаҳрамониҳои чеҳраҳои шинохтаи таърихӣ дар роҳи озодӣ равона гардидааст. Ин асарҳои пурғановат барои худшиносӣ ва ватандӯстии насли ҷавон нақши муассир мегузорад. Гуфтан ба маврид аст, ки омӯзиши корҳои некбинона ва фидокоронаи Пешвои миллат барои насли ҷавони кишвар намунаи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.

Ҳоло бояд қайд кард, ки тарбия аслан аз овони кӯдакӣ оғоз меёбад. Оила ва волидайн дар ин раванд нақши асосӣ доранд. Минбаъд тарбияро дар якҷоягӣ бо ҷомеа дар умум ба даст мегиранд. Инчунин оила ва ҳаёти оилавӣ барои ҳар як инсон мазмуни махсус дорад. Мо дар оила ба камол расида тарбия меёбем.

Дар ҷамъияти мо оила ва муносибатҳои дар он вуҷуддошта аҳамияти калон дорад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад” (моддаи 33). Мақсади асосии давлат нигоҳ доштани оилаи солим, ғамхорӣ намудан нисбати он мебошад. Аз ин рӯ, дар ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таълим ва тарбия додани фарзандон ва ба воя расонидани онҳо яке аз вазифаҳои асосии оила ба ҳисоб меравад. Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзанд падару модар бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Чунки барои тарбия ва таъмини фарзандон онҳо масъулияти баробар доранд.

Яке аз сабабҳои мустаҳкам гаштани оила ин донистани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси ин талаботҳо ҳисси маданияти ҳуқуқӣ, инкишоф додани шуурнокӣ дар ҷамъият, ҳурмату эҳтиром дар оила, иззату эътирофи каолонсолону хурди оила ба ҳисоб меравад. Аз бисёр ҷиҳат устувории оила ҷавононро бо роҳи рост, тайёрӣ дидан ба ҳаёти поки ояндаи худ водор сохта, дар натиҷаи надонистан ва ҳанӯз тайёр набудани онҳо сабаби коста шудани оиладорӣ ва ба вайроншавии оила оварда мерасонад. Вайроншавии оила, ҷудо шудани падару модар ва носозии онҳо дар оила ба тақдири кӯдакон вазниниҳо меорад. Пароканда шудани оила боиси пайдо шудани мушкилиҳо гашта, ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, бехонаву беҷой мемонанд ва ятимону бепарасторон рӯз то рӯз зиёд мешаванд, ки ин пояи ҷамъиятиро аз ҷиҳати ахлоқӣ коста мегардонад. Инчунин ҷудошавии падару модар оиларо корношоям, муҳтоҷи дигарон, бепарастор ва ба ҷиноят даст задани фарзандонро сабаб мекунад. Барои ҳамин волидайнро зарур аст, ки муносибатҳои оилавиро ҳамаҷониба ҳифз намоянд. Саҳми оила дар тараққиёти ҷамъият ва таълиму тарбияи фарзандон бисёр бузург аст. Аз ин рӯ, барои тарбия кардани фарзандон бояд саҳми арзанда гузошт. Чунки фарзанд дар оила ба камол расида, тарбия ва феълу рафтори худро дар ҳамон ҷо аз худ мекунад.

Дар ҷомеаи мо мувафиқи анъанаҳои қадимаи тоҷик ва одобу ахлоқи ҳамида, шахси муҳтараму калонсол сарвари оила дониста мешавад ва тамоми масъалаҳо ва тақдири аъзоёни оила бар души ӯ гузошта шудааст. Супоришҳои ӯро ба ҷо меоранд, ҳурмат менамоянд, бо ӯ бо самимият назар мекунанд. Фарзандоне, ки дар чунин оилаҳо тарбия гирифта ба камол расидаанд, гарчанде, ки аз волидон ҷудо зиндагӣ кунанд ҳам, вале ба дидорбинии онҳо омада, эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд ва дуои неки онҳоро мегиранд. Бояд гуфт, ки чунин оилаҳо дар Ҷумҳурии мо зиёданд, якдигарро дастгирӣ мекунанд, муносибатҳои неки онҳо ахлоқи кӯдаконро низ намунаи ибрат мегардонад. Рӯз то рӯз фарзандон калон шуда, ҷиҳатҳои хуби рафтору одоби падару модарро меомӯзанд. Дар оила фарзандор шудан хушбахтии ҳар як падару модар буда, ба воя расонидану тарбияи хуб додан ба онҳо вазифаи муҳими онҳост. Меҳнату кӯшиши зиёд даркор аст, ки хислатҳои беҳтарини инсониро фарзанд дар оила ба худ гирад. Умедворем, ки чунин оилаҳо барои пешгирӣ ва амалҳои номатлуби фарзандон чораҳои фаврӣ меандешанд, барои тарбия ва ба воя расонидани онҳо дар якҷоягӣ саҳми худро мегузоранд.

Мирзоев Некқадам- ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат