,
Шанбе, 21-декабр
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки барои тамоми мардуми Тоҷикистон ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як падидаи интизорӣ ва муҳимми сиёсиву давлатӣ буда, он чун як сарчашмаи илҳом ва корномаҳои минбаъда пазируфта мешавад. Маҳз ҳамин аст, ки Паём як консепсияи стратегие мебошад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон таҳлилу баррасӣ мегарданд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа, ҷаҳон ва баланд бардоштани мавқеи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад сафарбар намоянд.
Дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад: ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Ва маҳз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқиро Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаро гирифтааст.
Дар амал татбиқ намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имрӯз ҳамаи аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони дахлдори соҳа нақша-чорабиниҳо ташкил намуда, бо аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ мулоқоту машваратҳо мегузаронанд. Зеро мустаҳкам гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, риояи бечунучарои қонунҳои давлатӣ ба донишу шуури ҳуқуқии аъзоёни ҷомеа ва махсусан, ҷавонон вобастагии калон дорад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократиро ташкил медиҳад. Ин иқдомест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таъсири калон дошта ба муттаҳидсозии шаҳрвандон риояи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидати фаъол мекунад. Мусаллам аст, ки эҳтиром ба қонун яке аз талаботҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Зимни суханронӣ дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нуктаҳои асосиро оид ба низоми ҳуқуқӣ қайд намуданд, ки: «Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад».
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз ташаккул ва рушди ояндаи низоми ҳуқуқии кишвар ёдовар шуда таъкид карданд, ки: «Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд».
Мақсади асосии тарбияи ҳуқуқӣ дар донишҷӯён ин пеш аз ҳама ташаккул додани ақидаю эътиқоди устувори ҳақиқӣ дар муносибати бошуурона ба қонунҳои давлатӣ ва дар татбиқгардии онҳо иштироки фаъолона доштан мебошад. Табиист, ки яке аз вазифаҳои хело муҳими тарбияи ҳуқуқӣ дар рӯҳияи муносибати бошуурона ба қонунҳои давлатӣ, ҳурмат ва ба таври ҳатмӣ риоя кардани онҳо, қонуниятҳои умумиҷамъиятӣ, изҳори ғамхорӣ дар бораи мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ, бечунучаро риоя намудани ҳамаи амру фармонҳо ва супоришҳои роҳбарият тарбия кардани донишҷӯён мебошад.
Дар низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ҳамчун мавҷудоти олӣ мақоми барҷастаро ба худ касб кардааст, ки вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши муҳимми миллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист истифода менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ ин омили муҳими пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунию ҷиноятсодиркунӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷомеа нақши хело муҳимро мебозад. Донистан ва азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ ин маънои онро дорад, ки одам натанҳо қонуну қонуниятҳои давлатию ҷамъиятиро медонад, балки ба дигарон низ мефаҳмонад.
Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ин эҳтиром ба қонун адолат ва қонуният мусоидат мекунад. Ҳамчунин маърифати ҳуқуқӣ ҳар як шахсро дар ҷомеа аз ҷинояту ҷинояткорӣ дур карда, дар онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рафоқатро такмилу инкишоф медиҳад.
Дар ҷомеа агар шахс аз донишҳои илми ҳуқуқшиносӣ огоҳ ва бархурдор набошад, пас ӯ наметавонад дар рафти таҳлили санадҳои ҳуқуқӣ техникаи қонунгузориро дуруст истифода барад. Маҳз ҳангоми доштани маълумоти кофӣ дар бораи мафҳумҳо, принсипҳо, методҳо, соҳаҳо, калимаҳо ва дигар унсурҳои илми ҳуқуқшиносӣ, мо метавонем воситаҳои қонунгузориро дуруст истифода барем.
Дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ин пеш аз ҳама, хондану муҳокима намудани Конститутсия, Паёми Пешвои миллат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои бадеӣ ва мақолаҳое, ки ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудаанд, воситаи тавоно дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд.
Ҳамин тавр эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.
Файзов Рамазон - номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ