, Сешанбе, 10-декабр

МУБОРИЗА БО ИФРОТИГАРОИИ ДИНӢ ВА ТАЪМИНИ СУБОТИ СИЁСИИ ҶОМЕА

 26.03.2024 231

МУБОРИЗА БО ИФРОТИГАРОИИ ДИНӢ ВА ТАЪМИНИ СУБОТИ СИЁСИИ ҶОМЕА

Роҳбари давлат зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динии кишвар (09.03.2024) доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, сиёсати дугона нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки таҳдиди ҷиддие, ки ба амният ва суботи сиёсии Тоҷикистон дар ҳамин шабу рӯз дорад ин ифротигароии динӣ ва гурӯҳои ифротии динии минтақа дониста мешавад. Аз нигоҳи мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва геополитикӣ Тоҷикистон дар минтақае қарор дорад, ки гурӯҳҳои махсусан хавфноки экстремистию террористии динӣ фаъоланд ва дастгоҳои идеологии худро бо ҳар навъе пурзур менамоянд. Таъкидҳои Роҳбари давлат ҳам ба ҳамин хотир буд, ки ходимони динии кишвар, ки як қисми ҷомеаи шаҳрвандии ҷомеа ҳастанд, бо як малака ва донишҳои баланди динӣ арзишҳои нек, инсонпарварона, инсондӯстона, хайру сахо, гуманистии дини исломро ба мардум тариқи содакардашуда расонда тавонанд.

Инчунин, рушди бемайлони технологияҳои иттилоотии замони муосир бо пайдоиши интернет алоқаманд мебошад. Зеро ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди минбаъдаи он аз миқёси истифодаи шабакаи интернет вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон рушди инфрасохтори иттилоотии кишвар ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои электронӣ дар заминаи шабакаи интернет вобастагии зиёд дорад.

Аз рӯи сарчашмаҳои илмӣ, шарҳи омафаҳми мазмуни таҳдидро меорем: Таҳдид шарту шароит, ҳодиса, воқеа ва тамоюлоте мебошад, ки пайдоиши он аз майлу хоҳиш ва иродаи сиёсии субъектҳо вобаста нест, аммо дар самти амалишавии манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамояд ва ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ зарару зиёни зиёд мерасонад.

Як қатор таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавсеаи онҳо алоқаманд мебошад. Зеро рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осебпазирии давлатҳои оламро тадриҷан зиёд намуда истодааст. Дар ин замина таҳдидҳое ба монанди ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷумҳои иттилоотӣ, таблиғи ғояҳои ифротгароию тундгароӣ тариқи интернет, терроризм ва экстремизми иттилоотӣ, иғвоангезӣ ва дурӯғпардозӣ аз ҳама бештар ба суботи сиёсии кишварҳои тозаистиқлол ва рӯ ба инкишоф таҳдид менамояд. Дар асоси адабиётҳои илмӣ-соҳавӣ шарҳи мафҳумҳои киберэкстремизм ва кибертерроризмро овардаем, ки дар шароити муосири рушду инкишофи бемайлони технология гурӯҳҳои ифротигароёни динӣ аз шакли анъанавии муборизаҳо баромада ба ТИК-и муосири дастёб шуда, шакли зоҳиршавии худро дигар менамоянд, ки ба ин васила мубориза бо онҳо то андозае мушкилиҳоро ба бор меорад. Хонанда шаклҳои гуногуни  зоҳиршавии онҳоро донад ва бошуурона ва мақсаднок аз ТИК истифода намояд.

Киберэкстремизм – бо истифода аз технологияҳои иттилоотию комуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ намудан ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созад. Киберэкстремистон ба воситаи паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва иғвоангез дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда, пояҳои ҳокимияти давлатиро ноустувор мегардонанд. Мубориза бо киберэкстремизм бештар характери иҷтимоию сиёсӣ дошта, ба воситаи тарғибу ташвиқот, корҳои маърифатию идеологӣ ва аз ҳама муҳим, бо роҳи ба вуҷуд овардани шароити арзандаи кору фаъолият амалӣ карда мешавад. Дар ҷомеаи тараққикарда ва соҳиби инфрасохторӣ иттилоотии мураккаб таъсири киберэкстремизм камтар аст. Инчунин, маърифати иттилоотию коммуникатсионии аҳолӣ, маданияти сиёсию иҷтимоии онҳо то дараҷаи зарурӣ ташаккул дода шудааст ва аз ин рӯ, ба доми худ афтонидани чунин одамон аз ҷониби экстремистон кори хело мушкил аст.

Кибертерроризм – амалҳои тахрибкоронаеро дар бар мегирад, ки вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ мақсади ниҳоии он ба шумор меравад. Асосан дар фазои иттилоотии ҷомеа амалҳои террористӣ дар шакли ҳуҷумҳои иттилоотӣ сурат мегирад. (Ба монанди паҳн намудани барномаҳои компютерии зарарасон; нест намудани маълумоти расмӣ ва ба ҷойи он паҳн намудани иттилооти нодақиқ, ба почтаҳои электронии одамон равон намудани мактубҳои тарғиботӣ; дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз иттилооти нодақиқ ва ифротӣ анҷом додани таъсиррасонии психологӣ; таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ ва ғ.).

Яке аз падидаҳои дигаре, ки дар заминаи ВАО-и муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гардида, ба амнияти иттилоотӣ ва суботи сиёсӣ таъсири манфи мерасонад, ин дар фазои иттилоотии ҷомеа паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ мебошад. Дурӯғпардозӣ ва паҳн намудани иттилооти нодуруст тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи замони муосир анҷом дода мешавад ва онро дар кишварҳои ғарбӣ fake news меноманд. Дар забони тоҷикӣ ин падидаро хабарҳои бардурӯғ, иттилооти нодуруст, иттилооти тақаллубӣ, иттилооти иғвоангез ва монанди инҳо номидан мумкин аст. Паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ яке аз воситаҳои пешбурди ҷангҳои иттилоотӣ аст.

Нуктаи назари дигаре, ки Роҳбари давлат иброз доштанд: давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст (ниг. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин) ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқотманди он мебошанд, нафақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.

Интихоби низоми давлатдории дунявӣ барои мардуми тоҷик қадами бузурге дар роҳи нигоҳ доштани устувори ва суботи сиёсии давлат гардид, зерро дунявият ягона низоми давлатдорие ҳаст, ки кафолатдиҳандаи озодии виҷдон ва ҳамзистии осоишта дониста мешавад.

Воқеан ҳам бояд мо мардуми тамаддунофари миллати тоҷик, ки дар таърих чеҳраҳои бузургу шинохта дорем (ниг. Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор». Душанбе: 2016. – 364 саҳ), ба таври самаранок омӯзем, донишҳоямонро мустаҳкам намуда бо ҳаргуна қувваи берунаи идеологии бо арзишҳои динӣ пайванд, ки ба ҷомеаи мо кӯшиши таъсирарсониро менамояд мубориза барем ва ба ин васила суботи сиёсӣ ва амнияти давлатиро бо маърифати баланди шаҳрвандӣ таъмин намоем.

Яқубзода Фируз-номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат