,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Замоне нуре аз осмон ба рӯи замин омад.Олам ногаҳон муҷаллалу муаттар шуд. Таҷалии нур дунёро барои оламиён рӯшану гуворо сохт. Обҳои софу ширин аз сӯи кӯҳҳои сарбафалаки яхин ҷорӣ шуданд.Табиат зинда шуд. Гулу гиёҳ, сабзаву себаргаҳо бо бӯи муаттар аз замин сар кашиданд. Шохаҳои дарахтон лабрези гул гаштанд. Парадаҳо аз шохаҳои дарахтон бо хониши зебои худ таронасароӣ мекарданд. Чашми инсоният рӯ ба сӯи осмони софу беғубор буд. Насими форам ба машоми инсоният бӯи фораму муаннбарро ме овард. ИНСОНҲО аз ин ҳаводиси табиат болидаруҳ гашта, онро Наврӯз номиданд ва онро ҷашн гирифтанд ва бо шодиву хушӣ аз он истқбол карданд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ тибқи солшумории хуршедӣ он аз авваллин рӯзи фарвардин (21 март) оғоз мегардад ва бо номҳои Сари сол, яъне оғози соли нав ё Соли нав хеле машҳур аст.
Асосгузори ҷашни Наврӯз ниёгони мо- мардумони тоҷику форс, мебошанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ асосузори ҷашни Наврӯз Куруши Кабир мебошад. Куруши Кабир дар соли 756 то мелод ба ин ҷашн асос гузоштааст. Дар сарчашмаҳои асотирӣ он ба шоҳ Ҷамшед рабт дода мешшавад. Мувофиқи "Шоҳнома" -и безаволи устод Фирдавсӣ Ҷамшед дар баробари бунёдгузории чандин ҳунарҳо ба ҷашни Наврӯз асос гузошт ва он дар тули 300 сол то замони аз тахт рафтани Ҷамшед идома дошт.
Тоҷикону форсҳо ба ҳар як моҳ дар давоми сол номҳои хоса гузоштаанд, аммо се моҳ ба таври хоса ҷашни худро дошт, чунки дар ин моҳҳо дигаргунӣ дар табиат ба амал меомад. Аввилин, ба ибтидои моҳи фарвардин буд, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил када мешуд, баъдаш меҳрмоҳ (аввали тирамоҳ) буд, ки дар он Меҳргон таҷлил мешуд ва сеюмаш 16 баҳманмоҳ аст, ки ба 30-юми январ рост меояд, ки онро Сада номгузорӣ намудаанд, аммо дар миёни ин се ҷашн Наврӯз маҳбубияти зиёд дорад, чунки он иди зиндашавии табиат аст, баробаршавии шабу рӯз аст, аёми кишту кор аст, мизоҷи ҳаво ба табиати инсонҳо руҳу илҳом мебахшад.
Хоразмиёни қадим ин идро Навсарҷа мегуфтанд, Суғдиёни қадим онро Навсарда ном мебурданд, ки шояд маънии соли навро дошта бошад.
Чуноне ки дар боло зикр намудем, Наврӯз дар миёни халқҳои сарзамини Осиёи миена-суғдиҳо бо номи навсарда ва хоразмиҳо навсарҷӣ ном бурда мешуданд, ки аҷдодони мо буданд. Дар бораи чанд рӯз ҷашнгирии Наврӯз
ҳаминро гуфтан лозим аст, ки он 6 ва 13 рӯз ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи андешаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди Сосониён он 6 рӯз ҷашн гирифта мешудааст. Рӯзи якум аввал пазироии мардуми оддӣ, рӯзи дуюм, қабул ва суҳбат бо сарватмандон ва мансабдорон, рӯзи сеюм, қабули муъбадон, рӯзи чорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум бо фарзандону наздикон суҳбат меоростанд ва рӯзи шашум, ки онро худи шоҳ ид мекард, бо номи "Наврӯзи Бузург" машҳур аст.
Ҳамчунин мардуми Осиёи Миёна, Эрон ва Озарбойҷон онро дар масири таърих 13 рӯз қайд мекардаанд, ки бо номи Сенздаҳбадар маълум аст ва рӯзи сенздаҳум ба сайр мебаромаданд, ки шояд Сайри гули лола ба он алоқамандӣ дошта бошад.
Маҳбубияти Наврӯз дар миёни мадум чунон бузург буд, ки баъди истилои араб пеши роҳи ҷашни онро гирифта натавонистанд ва арабҳо ноилоҷ онро "Суннати Ҷамшед" номида, ба ҷашнгирии он иҷозат доданд.
Ҷашни Наврӯз дар " Таърихи Наршахӣ" 6 рӯз буда, бо номҳои Наврӯз кишоварзон ва Нарӯзи муғон машҳур аст. Рӯзи аввалро Наврӯзи кишоварзон ва 5 рӯзи минбаъдаро Наврӯзи Муғон мегуфтанд. Дар гузашта барои гузаронидани ҷашни Наврӯз идгоҳҳо вуҷуд доштанд, ки бо номҳои Ситорамахоса (Ситораи моҳи хоса),, Оби Раҳмат, Тамошотеппа ва Наврӯзгоҳ машҳур аст.
Дар бораи Нарӯз қариб, ки тамоми шоирону адибони гузаштаи мо осори гаронарзиш доранд.
Дар васфи Наврӯз бузургтарин хунёгари миллати тоҷик Борбади Марвазӣ зиёда аз даҳ асари миусиқӣ эҷод намудааст, ки бо номҳои Наврӯзи Бузург, Наврӯзи Хурдак, Наврӯзи Кайқубод, Боди Наврӯзӣ, Наврӯзи Ироқӣ ва ғайра машҳур буда, дар пардаи ушоқ бо усули шашмақом ва дувоздаҳмақом иҷро мегардид.
Хулоса, азамату шукӯҳи Наврӯзро дар як мақола ҷой додан ғайри имкон аст. Мо дар ин матлаб кӯшидем шамае аз таърих ва ойини ҷашнгирии ҷашни ниёкон ба шумо, дӯстони азиз, маълумот пешниҳод намудем.
Тоиров Шермад, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ