,
Якшанбе, 22-декабр
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи кӯҳан буда, бо дурдонаҳои моддию маънавии хеш тамаддуни ҷаҳонро ғанӣ гардонидааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тавассути ташаббусҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи омӯзиши таъриху тамаддуни кишвар барои эҳё намудани ҳофизаи таърихии мардум, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани он оғоз гардид.
Яке аз қадимтарин мавзеи таърихӣ, ки бозгӯи кӯҳану пуртамаддун будани халқи тоҷик аст, Кангурти бостон мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар доир ба таърихи он, аз љумла, шарҳи забоншиносии вожа, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва масъалаҳои дигар таҳқиқот гузаронида шуда, теъдоди зиёди китобу мақолаҳои илмию оммавӣ ба нашр расидаанд.
Гузашта аз ин дар бораи ин макони илму маърифат ва мавзеи тавлиду тарбияи орифону ҳунарварони миллати сарбаланди тоҷик дар асоси нақлу ривоятҳои кӯҳансолону шоҳидони ҳол ва асноду таърихномаҳо маводи фаровон гирд оварда шудааст ва мувофиқи хулосаи онҳо Кангурт мавзеи хушбоду ҳаво бо кӯҳҳои начандон баланд, обҳҳои мусаффо, гулу гиёҳҳои сабзу хуррам ва майсаҳои махмалину дилкаш мебошад.
Яке аз мавзеъҳои таърихии ин диёр бо номи Кангуртут маъруф аст, ки бештар аз 15 гектар масоҳат дошта, дар байни руди Кангуртут ва деҳи Боз ҷойгир аст. Бостоншиносон аз гуристони ин деҳа пораҳои зарфҳои сафолин, муҳраҳои аз сангҳои ақиқу фирӯза ва қубаҳои сарсузании аз устухони фил сохташударо пайдо кардаанд, ки ба асрҳои XX-XIX-и пеш аз милод мансубанд.
Дар бобати шарҳ ва тавзеҳи номҳои Кангурт ва Кангуртут, ки Қунгуртут ҳам мегӯянд, бо такия ба тадқиқоти муаррихону бостоншиносон метавон ба хулосе омад, ки ин мавзеъҳо аз ҷумлаи маконҳои хеле қадимаи аҳолинишин буда, бозёфтҳои бадастомада ба давраи охирҳои асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Бояд қайд кард, ки номҳои мавзеъҳои номбаршуда аз якдигар бо сохту мавқеи ҷойгиршавӣ фарқ доранд.
Ин мавзеъ (Кангурт) муддатҳост, ки бо як ном маъруф буда, бо мардони ватандӯсту шуҳратманди худ шинохта шудааст. Дар ҳама давру замон бо вуҷуди таҳдиду хатарҳои ба сари ин мардуму мавзеъ омада Кангурт ном ва шуҳрату шаъни худро ҳифз кардааст.
Доир ба маъно ва пайдоиши номи Кангурт маълумотҳои гуногун мавҷуданд. Дар асоси маводи фарҳангномаҳо, матнҳои авастоӣ ва суғдию бохтарӣ метавон хулоса кард, ки қисми аввали калимаи Кангурт яъне вожаи "Кан" дар номвожаҳои зиёди ҷугрофӣ истифода шудааст.
Масалан: Канак дар н. Балҷувон, Канте дар н. Айнӣ, Вешкант, Вобканд, Узканд, Хуканд ва садҳо номвожаҳои дигар мавҷуданд, ки маънои онҳоро ба ду шакл фаҳмидан мункин аст.
Дар бобати мафҳуми вожаҳои "гурд, гирд, гард" ва ё "ғур, ғурт" чанд маънӣ корбурд шудааст.
Савод ва бунёди мактабу мадраса барои шаҳристон ва маҳаллоти Кангурт, Балҷувон ва Ховалинг аз даврони қаблӣ хеле муҳим буд ва дар охири солҳои 80-уми асри XIX ҳам аҳамияти худро гум накард. Дар баробари мактабҳои маҳалӣ барои дониш андӯхтани донишомӯзони ин минтақаҳо ба Балх раҳсипор мешуданд ва пасон аз Бухорову ҳавзаҳои Ҳиндустон илм меҷӯстанд.
Дар Кангурт низ мадрасаҳое мавҷуд будаанд, ки асосан фарзандҳои табақаҳои боло ва толибилмони амлокдорҳои ҳамсоя таҳсил мекарданд. Ба қавли шоҳидон дар ибтидои асри XX дар Кангурт ва қаламрави он аз 12 то 18 мадраса фаъолият дошт ва мардуми Бухорои шарқӣ Кангуртро бинобар сабаби маркази илму фарҳанг буданаш "Бухори сонӣ" меномидаанд.
Имрӯзҳо Кангурт мавзеи маъмурии амалкунандаи қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Темурмалик мебошад. Дар домони ин диёри меҳрофару босафо шахсиятҳои хирадманду ҳунарвар, зираку сиёсатмадор, шоиру мураббӣ ва ободгару навовар тарбия ёфта ба воя расидаанд.
Расулзода Абдулбосит - донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ