,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол давлатест, ки шоҳсутунҳояш бо қонун барафрохта шудаву дар он ҳамаи мақомоти давлатӣ, ашхоси соҳибмансаб, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо қонунҳоро риоя ва иҷро менамоянд.
Сарчашмаи асосии ин қонунҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтааст. Дар нахустин сатрҳои Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ёдоварӣ карда мешавад.
Аз ин бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи ҳуқуқии шаҳвандон дар меҳвари назари давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 қайд намуданд, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад.
Дар воқеъ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа заминаи дарки дурусти қонунҳо ва таъмини волоияти қонун хоҳад буд. Бо ин мақсад дар мамлакат як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» аз 29 апрели соли 2009 қабул ва амалӣ карда шуда, айни ҳол «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад.
Дар ин радиф, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун тарбия намудани онҳо, ташвиқ намудани арзишҳои демократӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Тавре ки аз Конститутсияи Тоҷикистон бармеояд дар кишвар баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ буда, халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиии давлат мегардад.
Ба андешаи мо маърифати ҳуқуқӣ ин тасаввурот, ҷаҳонбинӣ, дониши шахс дар бораи ҳуқуқ ва қонун, инчунин рафтори ҳуқуқии шахс мебошад. Пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқӣ аз дарк намудани ҳуқуқҳои худи инсон ва вазифаҳои ӯ дар назди ҷомеа оғоз меёбад. Инсон бояд донад, ки ҳамчун шахс чӣ гуна ҳуқуқу уҳдадориҳо дорад (ҳуқуқҳои фитрӣ) ва ҳамчун шаҳрванд чӣ гуна ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дорад (ҳуқуқҳои позитивӣ). Маърифати ҳуқуқӣ замоне ҷой дошта метавонад, ки шахс ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро дарк менамояд (дониши ҳуқуқӣ) ва тибқи қонун онҳоро амалӣ мегардонад (рафтори ҳуқуқӣ).
«Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намудааст. Маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон имконият медиҳад, ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ самаранок истифода намуда, уҳдадориҳояшонро бо масъулияти баланд иҷро намоянд, ҳуқуқу озодиҳояшонро бо тарзу усулҳои қонунӣ ҳифз намоянд, арзишҳои демократиро дарк намуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат кунанд ва ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо оштинопазир бошанд.
Бояд қайд намуд, ки соли равон дар мамлакат 30-юмин солгарди қабули шиносномаи кишварамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин раванд, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани ин сол низ дар таҳкими волоиятии қонун дар мамлакат нақши мондагор хоҳад гузошт.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 зикр намуданд, дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки пояҳои ҷомеа ва давлат устувор гардад, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёбад ва ба ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда муҳайё карда шавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худ як ҳуҷҷатест, ки омӯзиши он донишҳои ҳуқуқии шахсро пурра намуда, маърифати ҳуқуқиро боло мебардорад. Ин санади тақдирсоз бояд китоби рӯимизии ҳар як шаҳрванди мамлакат бошад, зеро меъёрҳои он ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст.
Меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ муқаррар намудаанд. Заминаи давлати ҳуқуқбунёдро бошад дар ҳама давру замон ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват ташкил медиҳад.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дорои муносибатҳои иқтисодии пешрафта буда, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон риоя ва ҳифз карда мешаванд ва гуногунандешии сиёсӣ тавассути қонунгузорӣ мустаҳкам карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо тавассути маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувватро бунёд намудан мумкин аст. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ метавонад заминаи бунёдии ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва ниҳоят давлати ҳуқуқбунёд гардад. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро тавассути таълими ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ баланд бардоштан мумкин аст. Таълими ҳуқуқии шаҳрвандон ин ташаккули фаҳмиши ҳуқуқӣ бо роҳи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ мебошад, ки аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ идома меёбад.
Иттилоотонии ҳуқуқӣ бошад бо роҳи нашр намудани мақола ё дигар маълумотҳои ҳуқуқӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташкил намудани барномаҳои телевизиониву радиоӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар бинои мақомоту муассисаҳои давлатӣ ҷойгир намудани лавҳаҳо ва дар сомонаҳои расмии онҳо кушодани саҳифаҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи қонунгузорӣ, гузаронидани семинар, тренинг ва курсҳои омӯзишии ройгон, ташкил намудани клиника ва марказҳои ҳуқуқии ройгон ҳамчун машваратдиҳии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Дар зери мафҳуми ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ бошад ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонидани моҳияти сиёсати ҳуқуқии давлат, ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳифзу ҳимояи онҳо фаҳмида мешавад.
Дар маҷмуъ, тарзу усулҳои зикргардида метавонад баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон истифода гардида, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишвар саҳми бозасо гузорад.
Дар ҷомеаи дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ арзишҳои демократӣ ҳифз карда мешаванд. Зеро ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ бохабар буда, ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад.
Хусусиятҳои ҳуқуқбунёдӣ ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, бо баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таҳким меёбанд ва сазовори баҳои хуб дар арсаи байналмилалӣ мегарданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони муосир яке мушкилоти асосии дар ҷомеа мавҷудбуда ин зуҳуроти хафноки коррупсия мебошад ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад ба паст намудани сатҳи амалҳои коррупсионӣ низ таъсири амиқ гузорад. Чунки шаҳрвандон ҳуқуқу манфиатҳои худро дарк менамоянд ва дар мавриди рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд ва ё ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд.
Аз таҳлили кутоҳи кардашуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад дар ҷомеа чунин натиҷаҳоро ба бор оварад:
- таъмини волоияти қонун таҳким меёбад;
- арзишҳои демократӣ ҳифз карда мешаванд;
- шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва механизми амалисозиву ҳифзи онҳо ба таври пурра бохабар мешаванд;
- масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда баландтар мегардад;
- фаъолияти шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат беҳтар мегардад;
- ҳисси оштинопазирии шаҳрвандон ба ҳуқуқвайронкуниҳо боло меравад;
- мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон инкишоф меёбад ва ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ошкори ин намуди ҳуқуқвайронкуниҳо бештар мегардад.
Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури фаъолияти худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош варзем. То ин ки ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори кишвари маҳбубамон таъмин карда шавад.
Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ