, Сешанбе, 10-декабр

МОДАР – САРМАНШАИ ЗИНДАГӢ

 08.03.2024 320

МОДАР – САРМАНШАИ ЗИНДАГӢ

Модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Модар сарчашмаи меҳр асту садоқат, вафодорию меҳрубонӣ. Модар аввалин носеҳест баҳри фарзанд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолатҳо ҷаҳд менамояд, ки фарзанди хешро ба роҳи рост ҳидоят намояд, то ӯ дар оянда соҳиби рӯзгори хушу бахти сафед гардад.

Дар ҳақиқат, модар ба ҳама ранҷу заҳмат омода аст, то фарзандаш одобу ахлоқ, одамию одамгарии сараввал аз модар қабулкардаро то ба дараҷаҳои камолот расонад; аввалин хандаю сухан, дуруду афсонае, ки аз модар мешунавад, бо виҷдони поку некухисолӣ чун анъанаи таҷрибаи инсонӣ ба авлодаш гузаронад.

Оре, фақат дили бузурги пурмеҳри модар ин қадар наҷобат зоҳир карда метавонад. Вале ин дили нарму ҳалим дар ҳолатҳои зарурӣ аз пӯлод ҳам сахттар мегардад.

Аксарияти мутафаккирон ва бузургони Шарқу Ғарб дар хусуси бузургии модар гуфтаву сурудаҳои ҷолиб доранд. Ситоиши бузургии модар дар осори Шекспир, Гёте, Балзак, Гюго, Дюма, Стефо ва дигарон ба дараҷае равшану возеҳ рафтааст, ки онҳо дар дили ҳар як фарди соҳибхирад меҳру муҳаббати хосро бедор карда, ба шӯр меоранд. Балзак дар бораи меҳру муҳаббати модар навиштааст: «Ҳеҷ кас дар зиндагии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад».

Модар сарчашмаи ишқи инсонӣ ва меҳри заминист ва ин эҳсосоти наҷиби ҳаётбахш бо шири сафеди ӯ ба фарзанд мегузарад. Ин муъҷизаи осмониро, ки беҳтар аз гавҳари софу зулол ва дурдонаи бебаҳои ҳаёт аст, суханварони барҷастаи қадимаю муосир Ҳомер, Аристофан, Горатсий, Данте, Петрарко, Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Шекспир, Гёте, Гейне, Байрон, Балзак, Пушкин, Лермонтов, Горкий, Маяковский, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бисёр ҷаззобу дилпазир тараннум кардаанд. Шоҳасарҳои рассомони ҷаҳон Оғо Мирак, Камолиддин Беҳзод, Леонардо да Винчи, Микеланҷело. Рафеал, Рубенс, Рембрандт, Суриков, Репин, Верешачин ва дигарон бо офаридани нақши хуштарҳи модар безаволӣ ба даст овардаанд.

Ҳурмати модар барои ҳар як фарзанд қарз аст, чунки ба дунёоварандаи фарзанд модар аст. Дар тарбия ва ба камол расонидани ҳар як фарзанд заҳмату ранҷи модар ба дараҷае зиёд аст, ки қалам дар тавсифи он оҷиз аст.

Дар фарҳангу маънавиёти мо тоҷикон модар ба некуӣ кардан сазовортар аст, зеро аз сабаби заиф буданаш дар айёми ҳомиладорӣ, тавлид ва ширхора будани фарзанд заҳмату ранҷ ва машаққатҳои бисёре мекашад. Бедорхобӣ ва, махсусан, замони бемор будани тифл гуруснагию ташнагиро аз cap мегузаронад. Зеро дар айёми бемории тифл модар хӯрдану ошомиданро аз хотир мебарорад ва тамоми ҳушу ёдаш ба ҷигарбандаш мешавад. Аммо падар пурқувват ва дорои қудрат буда, рӯзҳои худро барои амал ва ризқу рӯзии фарзандон сарф менамояд.

Достонсарои машҳури асри X тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ҳурмату эҳтиром намудан ва ба суханони модар гӯш додани фарзандро таъкид карда гуфтааст:

Ба гетӣ ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш!
Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.

Шоири забардасти асри ХV Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар хусуси аз гуфтаҳо ва панду насиҳатҳои модар берун нагардидани фарзандро тариқи зайл қаламдод намудааст:

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.

Мутафаккир ва шоири машҳури Эрон Эраҷ Мирзо ҳурмату эҳтиром ва донистани қадри модарро аз тарафи фарзанд вазифаи муқаддас медонад ва дӯст доштану ба ҷо овардани иззату икроми ӯро аз ҳама бойигарию ганҷи ҷаҳон авлотар донистааст:

Гӯянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт...
Лабханд ниҳод бар лаби ман,
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Пас, ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Модоме ки чунин фарзандони модар маҳз бо шарофати офаридаҳои худ-симои модар дар ҷаҳон ин қадар маъмулу машҳур гаштаанд, пас, чаро мо фарзандон ба қадри модарон нарасем?

Шуьлаи меҳри модар ва саховати ӯ мисли хуршеди оламтоб ҳудуд надорад, муҳаббати вай софу беғаштарин аст. Сатрҳои пуршаҳди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Махфӣ, Мирзо Ғолиб, Мҳхаммад Иқбол, Эраҷ Мирзо, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон олами мураккаби модарро ба субут оварда, зебу зиннати ӯ, диловарӣ ва ҳунарварӣ, раҳимию мушфиқӣ, тамкинию ботамизӣ, покдилию поксириштиашро чун фариштаи меҳрварзи беминнат ба тасвир гирифтаанд. Ва модар аз ин ҳам волотару арзандатар аст.

Ҳурмати модарро сидқан ба ҷо овардан вазифаест аввалӣ ва боиси рӯсурхии ҳар як фарзанд. Дар масъалаи эҳтиром намудани падару модар шоирон бисёр диққат дода, кулли фарзандонро ба риояи он даъват намудаанд. Заҳмату ранҷи падару модарро Хусрави Деҳлавӣ аз ҳама гуна азобҳо болотар дониста, бахусус, эҳтироми модарро дар ҷойи аввал мегузорад, зеро дар тавлиди фарзанд ва тарбияи он хизмати бебаркаш дорад. Он ранҷу заҳмате, ки модар дар тарбия ва ба воя расонидани тифли хеш мебинад, ба чизе баробар кардан нашояд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид...

Модар, воқеан, чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар аст, ки ҳаёт ширин ва рангину гуворост. Ин фариштаи меҳри бепоён сабаби ба олами ҳастӣ омадани мо мегардад ва барои ба камол расонидани мо талошу ҷаҳди зиёд менамояд.

Аз ин рӯ, ба қадри модар расидан қарзи ҷонию виҷдонӣ ҳар як фарзанд аст. Гузашта аз ин, собит аст, ки ҳар амале ки кардӣ, албатта, ба вақте мукофоти онро мегирӣ. Бинобар ин, тарзе бояд амал кард, ки саранҷоми сарнавишт неку ва орӣ аз пушаймонӣ бошад.

Исозода Парвиз - декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат