, Душанбе, 09-декабр

НАҚШИ ЗАН – МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 08.03.2024 331

НАҚШИ ЗАН – МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таърихи инсоният собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷамъият ниёз дорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан - модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин аст, ки нақши созандаи зан - модар дар ҷомеаи мо эътироф шудааст.

Яке аз нуктаҳои муҳим дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ  дастгирии бонувон ва нақши онҳо дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса истодагарӣ намуда, саҳми зан - модарро дар пешбурд ва амалигардонии сиёсати давлатӣ бениҳоят арзишманд муаррифӣ намуданд. Бешак, ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Зан-модар бузургтарин неъмат дар ҳаёти мо мебошад, зеро ҳаёт бо ин ҳама зебогиҳояш аз бузургӣ ва олиҳимматии зан - модар шукӯҳи дигар касб мекунад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамсола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.  Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо ҳамчун кормандони муваффақ дар ҷомеа аз ҷониби Сарвари давлат эътироф шудаанд.

Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола қайд намуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардаем. Ҳамчунин баён намуданд, ки «Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ  шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар баробари арҷгузорӣ ба зан-модар, роҳбари хирадманду дурандеши Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишандӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа унвон медиҳад.

Пешвои миллат бузургиву беназирии зан-модарро  ситоиш намуда, гуфтааст: «Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт».

Пешвои миллат дар Паёми соли 2022 қайд намуданд, ки ҳар чи бештар ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Инчунин иброз доштанд, ки: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Сарвари давлат ҳамасола дар Паёмашон таъкид менамояд, ки нақши зан - модар дар рушди ҷомеаи башарӣ ниҳоят арзишманд аст, чунки имрӯз бонуи тоҷик на танҳо сарвари кордону муҳаққиқи донишманд, балки тарбиятгари меҳрубон аст. Воқеан, аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният модар аст. Модар шаҳсутуни зиндагии мост ва ҳузури ӯ муҳити моро сурурбору нишотангез месозад. Қиматтарин шахс, беҳтарин олиҳаи ҳаёт дар олами ҳастии мо модар аст. Дар ҳақиқат, модар нур асту хуршедвор ҷаҳонро нурпошӣ менамояд.

Занону бонувони мо бо вуҷуди оне, ки ба парасториву тарбияи фарзанд машғуланд, ба ин тариқ, ба омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушду нумуи кишвари азизамон гузошта истодаанд. Имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун бонувон бомуваффақият фаъолият намуда, дастовардҳои назаррас низ доранд.

Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи баромадҳои худ вобаста ба масъалаи зан - модар ҳамеша таъкид менамояд, ки: «…зан - модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

Дар ҳамаи давру замон занон бо хислатҳои наҷибу тарбиятгари худ ҳама вақт ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдату дӯст доштани Ватан, инчунин амалҳои неку созанда талқин менамуданд.

Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Сарвари давлат дар мулоқот бо занони мамлакат суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат, хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад».

Дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ ба муносибати иди бонувон Ҷаноби олӣ ба азму талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром гузошта, мегӯяд: «Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст».

Рустам Ваҳҳобзода шоири ширинкалому ширинбаён дар тақвияти гуфтаҳои боло зан - модарро  тавсиф  намуда, ақидаашро ба  беҳтарин риштаи назм кашидааст:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ниёзмандӣ ба ҳуқуқи зан дида мешавад. Зани тоҷик аз рӯзҳои аввали истиқлолият то ба ин рӯз ба шарофати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзую омоли худ расид. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба зан - модар пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва барои ҳифзу ҳуқуқи занон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ доир ба масъалаҳои занон қабул карда шуд, ки онҳо барои занону бонувони мамлакат заминаи боз ҳам мусоиди фаъолияту зиндагиро фароҳам овардаанд. Тӯли ин солҳо барои дастгирии занону духтарони тоҷик зиёда аз 20 санади муҳим ба тасвиб расид. Яке аз санадҳои тақдирсоз барои бонувони мо, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин барномаҳои давлатӣ мебошад. Масъалаҳои марбут ба занон ва ҳаллу фасли онҳо дар мадди назари Пешвои миллат қарор доранд  ва  боиси хурсандӣ аст, ки ҳамеша аз тарафи Президенти кишвар дастгирӣ меёбанд.

Дар Паём ҳамасола Пешвои муазами миллат ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ мекунанд: «Маҳз ба ҳамин хотир баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақоми роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари ҳукумати мамлакат қарор дорад».

Дар ҷойи дигар вобаста ба ин мавзуъ қайд менамояд: «Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қиммати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва бебадал мебошад».

Имрӯзҳо мақому манзалати занонро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ метавон зикр намуд.Иштироку саҳмгузории онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии кишвар ва берун аз он метавон арзёбӣ намуд.

Зани тоҷик дар соҳаҳои гуногун дар қатори мардон содиқона ва оқилонаву ҷасурона фаъолият карда истодааст. Мо аз он ифтихор мекунем, ки занони баруманди тоҷик номи миллати моро дар олам машҳур намудаанд.

Зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Ривоят аст, ки Худованд занро дар биҳишт барои мард офарид ва фариштагон аз паҳлуи чапи мард бибуриданд ва Момоҳавво сохтанд. Аз он ҳазрати Одам дарде накашид. Мегӯянд, агар дард пайдо мешуд, он чизе, ки аз ӯ сохта буданд, нафрат пайдо мекард, вале чунин нашуд. Ин буд, ки Момоҳавво дар дилаш маъво гирифт. Аз паҳлуи чапи мард, сохтани Момоҳавво ҳикмате дорад. Ҳакимеро пурсиданд: Чаро модари башар Ҳаво аз қабурғаи чапи Одам халқ шуд на аз дигар ҷояш? Дар ҷавоб гуфт: Ҳаво аз сари одам халқ нашуд, то раисаш набошад; аз қадамаш халқ нашуд, то канизаш набошад; аз қабурғааш халқ шуд, то дар паҳлӯяш бошад; аз таги китфаш халқ шуд, то зери ҳимояташ қарор гирад ва аз тарафи дилаш халқ шуд, то маҳбуба ва азизаш бошад. Худованд маъвову макони занро низ дар тарафи чапи мард ҷой дод, яъне дар қалби ӯ.

Дар китоби муқаддаси Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» нозил шудааст, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ, шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мард возеҳу равшан зикр гардидааст. Дар ин сура Худованд иззату эҳтиром ва  дастгириву ғамхорӣ нисбат ба занонро яке аз воҷиботи имонии ҳар як мусулмон донистааст. Калимаи зан дар китоби муқаддаси Қуръони карим 84 маротиба зикр гардидааст, ки ин баёнгари ҷойгоҳи волои зан дар ислом мебошад.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ситоишу тавсифи зан чунин андешаронӣ кардааст: «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст».

Аз ҳакиме пурсиданд, маънои зан чист? Бо табассум ҷавоб дод: «Он лавҳ аз шишае аст, ки шаффоф буда ва ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо мадоро ӯро ламс кунӣ, дурахшҳояш афзун мешаванд ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шуда мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастҳояш бар ту сахт мешавад ва агар аҳёно ҷамъаш кардӣ,беҳисбинӣ байни шикастҳояш фосила мемонад ва ҳар мавқеъ даст ба марҳалаи шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад.Зан инчунин аст, пас онро нашикан».

Дар замони имрӯз, ки зан - модар, махсусан дар Тоҷикистони азизи мо аз ҳуқуқу озодиҳои фаровоне бархурдоранду зери назари ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қарор доранд ва ҷойгоҳи волоеро сазовор гаштаанд.

Воқеан ҳам, бояд занон ҳамеша мавриди эҳтиром қарор дошта бошанд, дар оила, дар ҷомеа ҳуқуқи худро донанду мақому манзалати онҳо зери назари ҳамагон бошад.

Дар баробари эътимод ва боварие, ки Сарвари давлат нисбати занону модарон иброз намуданд, ҷавобан ба он  бонувонро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намоянд ва дар насли наврас тарбия намоянд.

Мубина Қаюмова, омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат