,
Душанбе, 09-декабр
Занонро гар зӣ дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Воқеан ҳам зан бо хираду офаридгорӣ, самимият, меҳру муҳаббат, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида тарбиятгару созандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар зиндагӣ донишманд ва маърифатнок будани зан ниҳоят муҳим буда, имкон фароҳам меоварад, то ин ки оила устувор гардад, кӯдакон ва дигар аъзоёни оила маърифатнок тарбият ёбанд.
Масъалаи маърифатнокии занону духтарон яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар миёни аксар халқияту миллатҳо ба шумор меравад. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифатнокии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бояд қайд намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро занон ташкил медиҳанд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳуриамон пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур намудан ғайри имкон аст. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо намудаанд ва пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар нисбаташон ғамхориҳо зоҳир мегардад. Боиси ифтихор аст, ки Роҳбари давлат қобилияту истеъдод, андешаву афкор, садоқату ҷасорат ва меҳнати занонро қадр намуда, барояшон имконият фароҳам овардааст, то ин ки дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият намоянд.
Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибмаърифату соҳибкасб дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, соҳибкорӣ, фарҳанг фаъолияти назаррас дошта, шумораашон низ сол аз сол меафзояд. Фароҳам овардани широит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуда истидааст, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Дар давраҳои пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат шумораи занҳои хонашин ва аз таҳсил дурмонда ниҳоят зиёд буд. Занону духтар имконияти ба кори давлатӣ машғул шудан ё ин ки аз хона берун шуданро надоштанд. Хушбахтона бо ташаббусҳои хирадмандонаву наҷибонаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи занону духтарони соҳибилм ва соҳибкасб ба тадриҷ афзуда истодааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, густариши фаъолиятҳои меҳнатию ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии занон ба мансабҳои роҳбарикунанда тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст.
Дар осори бузургонамон низ нақши зан ҳамчун модари ватандӯсту озодихоҳ, диловару қаҳрамон, соҳибиродаву бомаърифат бар аъло ба чашм мерасад. Зан - модар натанҳо ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти кӯдак хислатҳои некутарини инсониро парвариш медиҳад. Зани тоҷик бо иффату зебоӣ, фурутаниву маърифатнокӣ, ҳалимию меҳрубонӣ зиндагии аҳли ҷомеаро таровату покизагӣ мебахшад.
Насимова Тамано, донишҷӯи курси 5-уми факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ