, Якшанбе, 22-декабр

БАРДОШТҲО АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ  ПРОФЕССОР МУҲАББАТ ИЗЗАТОВА

 07.03.2024 337

БАРДОШТҲО АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ  ПРОФЕССОР МУҲАББАТ ИЗЗАТОВА

(ба истиқболи Рӯзи Модар)

Ӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму адаб, омӯзгорон, устодон ва шогирдон хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо- Тоҷикистони азиз, илму маориф ва аҳли он мартабаву манзалати баландро соҳиб мебошанд. Далели бебаҳои ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубошад: «Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табии даромади бештар меорад. Бинобар мақому мартаба ва масъулияти Вазорати маориф, Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълими дар тарбияи ворисони арзандаю соҳибмаърифат, ки дар оянда амнияти илмӣ, фарҳангӣ иқтисодии мамлакатро пуштибони хоҳанд кард, хеле бузург аст».

Биноан, ҳайати омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин нишондоди Саравари давлатро дастури фаъолият қарор дода, дар амалӣ гардонидани рисолати бузурге, ки ба души зиёиён гузошта шудааст, масъулияташонро бештар намудаанд.

Аз ҷумлаи ин омӯзгорон- Муҳаббат Иноятовна, доктори илмҳои педагогӣ, профессор мебошад. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Давраҳои беолоиши бачагию наврасиаш дар ин макони зебоманзар мегузарад. Ба мактаби миёнаи №4-и шаҳри Кӯлоб ба синфи якум қадам монда, онро соли 1969 бо баҳои хубу аъло хатм менамояд. Бо маслиҳат ва дуои неки волидони бомаърифат Муҳаббат Иноятовна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи педагогика ва психологияи факултети методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) супорида, бо номи пуршарафи донишҷӯй мушарраф мегардад. Дар даврони донишҷӯйӣ аз устодони мушфиқ ва дар навбати худ сахтгиру серталаб Г. Яркаева, С. Ҳафизов, Н. Сафаров, Ғ. Боғиров, А. Сиддиқов, С. Мирзоев, А. Амиршоев, Ё. Содиқов, С. Исоев, И. Абдиев, Д. Расулов, Г. Иброҳимов ва чанде дигарон сабақ гирифта, илму маърифат меомӯзад. Устодоне, ки ба муаллима таълиму тадрис додаанд ёдовар мешаванд, ки ӯ айёми донишҷӯияш бо дониши аъло мехонд ва ҳамеша дар лавҳаи «Аълочиёни хониш» ному аксаш намоён буд. Маҳз пажуҳандагӣ, серталабӣ нисбат ба омӯзиш буд, ки ӯ факултети мазкурро бо ихтисоси «Муаллимаи педагогика ва психология ва мураббии боғчаи бачагона» бо дипломи “Аъло” хатм менамояд. Бо дархости раёсати донишкада ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи педагогика ва психология ба кор қабул мешавад.

Меҳри касби пуршарафи омӯзгорӣ дар дили Муҳаббат Иззатова ҳанӯз аз овони кӯдакӣ маъво гирифта буд. Модари мушфиқу меҳрубони ӯ, муаллимаи сахтгиру серталаб Амина Саъдиева аз ҷумлаи бонувони бомаърифат ҳисоб меёфт. Муҳаббати хурдсол муносибати самимии аҳли маҳаллаашонро ба модари худ дида, дар оянда мисли ӯ буданро орзу мекард. Падараш Иноят Иззатов низ омӯзгор ва яке аз директорони маъруфи шаҳр буд. Волидонашон ба тарбияи фарзандон аҳамияти хосса медоданд. Аз ин рӯ, ҳамаи фарзандони хонадон соҳибмаълумоту соҳибкасб гардиданд.

 Муҳаббат Иззатова ҳамеша дар талошу ғайрати зиёди илмпажуҳӣ, меҳнатдӯстӣ ва баркамоливу соҳибмактабӣ мақсади ягона дорад. Бо азми қатъӣ устод М. Иззатова ба таҳқиқу пажуҳиши рисолаи илмии номзадӣ машғул мешавад. Номбурда соли 1976 бо роҳхати ВМҶТ ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии тарбияи томактабии назди Академияи илмҳои педагогии Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Москва шомил мегардад. Соли 1980 дар Шурои ҳимояи рисолаҳои диссертатсионии донишкадаи мазкур дар мавзуи «Хусусиятҳои меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои такмили он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон», таҳти роҳбарии профессор Т. А. Маркова рисолаи номзадияшро бо муваффақият дифоъ менамояд ва сазовори дараҷаи номзади илми педагогика мегардад.

Устод дар муддати фаъолият дар иҷрои уҳдадориҳояш дар ҳар мансаб ва масъулияти бар душ дошта сарбаландона ифои вазифа намудааст. Маҳз ҳамин хусусиятҳо ва қобилият, дараҷаи дониш ва маҳорати касбӣ-педагогии ӯро ба инобат гирифта, соли 1997 ба вазифаи мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, сипас соли 2005 ба вазифаи декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таъйин мегардад ва то соли 2012 дар ин вазифа фаъолият менамояд. Ҳангоми адои вазифаи мудирию сарварӣ, базаи моддию таълимии кафедраю факултетро мустаҳкам намуда, ба тарбия ва ҷобаҷогузори мутахассисони ҷавон диққати ҷиддӣ медиҳад.

Баъди таҳқиқотҳои зиёду пурмашақат ва самарабахши илмӣ зери роҳбарии доктори илмҳои педагогика, профессор Бибиҳафиза Маҷидова соли 2015 дар мавзуи «Ташаккул ва таҳаввули муассисаҳои таълимии томактабӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 1924-2004) рисолаи докториро сарбаландона ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии доктори илм мушарраф мегардад. Роҳбарияти донишгоҳ бо назрдошти дастовардҳои илмӣ дар  соли 2015 дар натиҷагирии фаъолияти илмии кормандон унвони фахрии «Олими сол»-ро арзандаи ӯ медонад.

Воқеан, устод Иззатова Муҳаббат Иноятовна ба тамоми маъни шахси асил, олими фарзона, нозукбин, дурандеш, мураббии ғамгусору меҳрубон, инсондӯст аз шумори он олимон ва омӯзгороне ҳаст, ки навиштору гуфтору кирдорашон тавъам буда, афкору андеша ва навиштаҳояшон писанди омӯзгорон ва донишҷӯён гаштаанд. Ҳаёт ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ, ки пешаи ӯст марбут ба илму маориф  буда, дар тарбияи ақлонию равонии насли наврас ва ҷавонон хизматҳои шоиста намуда, дар ҷодаи илми педагогикаи муосир ба дастовардҳои шоён ноил гардидааст. 

Беҳтарин хислати муаллима бо таҳаммул гӯш кардани арзи ҳар як корафтода ва сарфакорона истифода бурдани вақт аст. Аз он ки баъзеҳо аз ин ду сарфи назар мекунанд, сахт дилгир мешавад. Зеро медонад, ки ҳар вазифа танҳо ба хотири хидмат ба халқу Ватани азиз ва ҳар лаҳзаро беҳуда сарф кардан ин хиёнат ба онҳо асту бас.

Лозим ба ёдоварист, ки Муҳаббат Иззатова дар таҳким бахшидани сатҳи фаҳмиши ҷавонон ва рӯи қоғаз овардани таҷрибаи педагогии худ мақолаҳои зиёди илмӣ, дастуру васоити зиёди илмӣ-методӣ ба нашр расонида, ҳамчунин муаллифи чандин  монографияҳои илмӣ мебошад. Аз ҷумла, «Тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони мактабӣ» (соли 1991), «Психологияи умумӣ» (ҳамтаҳлиф Т. Мустафоқулов), «Педагогикаи томактабӣ» (ҳамтаҳлиф Маҷидова Б. А.) (соли 2012), «История развития дошкольных учреждений в Таджикистане» (соли 2009) номгӯйи чанде аз таълифоти мазкур аст, ки аҳамияти баланди илмӣ-таълимӣ ва тарбиявӣ дошта, шогирдонро ба илмдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, садоқат ба халқу миллати хеш ва ба дарки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ раҳнамун месозанд.

Инчунин Муҳабббат Иззатова дар тайёр намудани мутахассисони дорои  унвони илмӣ нақши муассир дошта, зери роҳбарии ӯ  Бахтовар Шарифов рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии  номзади илмҳои педагогӣ шарафёб гардидааст. Дар ин радиф Умеда Гулмадова, Шаҳноза Абдуллоева низ бо роҳбарӣ ва роҳнамоии муаллим омодаи дифои рисолаҳои номзадӣ мебошанд.

Ин ҷо мехоҳам лаҳзаеро барои омӯзиш аз зиндагӣ ва таҷрибаи андӯхтаам баён намоям. Барои ман кору пайкор шахсияту инсонияти самимии муҳтарам Иззатова Муҳаббат омӯзандаву боиси пайравист. Ман ҳамчун  ба сифати муаллим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ фаъолияти хуби корӣ доштам.  Дар МТМУ №№41, 50 ба номи А. Сафар ҳамчун методисти ботаҷрибаву пешқадами синфҳои ибтидоӣ, тренери барномаҳои бурунмарзӣ «Қадам ба қадам», «Усулҳои фаъоли таълим» ва «Салоҳиятнокӣ дар таълим» фаъолият менамудам. Дар ин замон ман таҷрибаи 16-солаи корӣ доштам ва бо категорияи олӣ ба кори таълиму тарбия машғул будам. Аммо соли 2007 тасмим гирифтам, ки барои таҷрибаи 16-солаи касбӣ-педагогиамро рӯйи саҳфаи таълифот овардан ба таҳқиқи рисолаи илмӣ-номзадӣ машғул шавам. Бо ин умед ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ барои кор омадам.

Муҳаббат Иноятовна он вақт ба ҳайси декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ (ҳоло омӯзгорӣ ва фарҳанг) фаъолият доштанд.  Дар назди устод ҳадафи ба донишгоҳ омаданамро ибрози назар намудам ва ӯ маро хеле самимӣ, саршор аз муҳаббати модарию устоди истиқбол намуда, иброз доштанд: «Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки шогирдони мо кори илмӣ-таҳқиқотӣ намоянду ба ҳимоя бароянд. Фақат ваъда медиҳӣ, ки ҳадафатро ҷиддӣ амалӣ менамоӣ!». Худи ҳамон рӯз бо пешниҳоди устод маро ба кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ба ҳайси ассистент ба кор қабул намуданд…

Ҳамин тавр санаи 25.05.2012 бо мақсади иҷрои ваъдаи додаам бо мушовирии устод (рӯҳашон шод бошад) дотсент Д. Расулов ва бо роҳбарии илмии академик М. Лутфуллоев рисолаи номзадямро ҳимоя намудам.

Мақсад аз ёдовар шудани ин ҳолат, фақат як баҳона аст ҷиҳати баёдории мактаби роҳбарии муаллима.  Дар воқеъ мактаби сарварии Муҳаббат Иззатова лоиқи омӯзиш ва сазовори пайравист. Дасти нафареро дар зиндагӣ гирифтан, дари бастаеро ба рӯи ноумеде кушодан рисолати инсонии ҳар фарди солимақли ҷомеа аст.

Айни замон  зери роҳбарии муаллима магистрону унвонҷӯён ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ машғуланд. Яке аз хислатҳои наҷиби ин бонуи маорифпарвар мувофиқи қавл амал кардан аст. Мушоҳида мекунам, ки   дар муҳити корӣ ҷиддӣ, хушмуомилаю хоксор, яъне ман-маниро дӯст намедорад.

Хизматҳои бисёрсолаи ин зани фозил дар соҳаи маориф ва такомулу тарбияи томактабӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Заҳматҳои бедареғи муаллима ба қадршиносии аз ин ҳам бештаре арзанда аст. Беҳуда Ҳаким Саноӣ нагуфта:

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқе дар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад накӯном, шоире ширинсухан.

Хулоса, тавре ки  Рӯдакии бузург гуфтааст: «Дониш андар дил чароғи равшан аст», ин шамъи фурузон қариб 54-сол муқаддам дар қалби пурҷӯшу хурӯши Муҳаббат Иззатова шуъла гирифта, дар роҳи маърифати халқи тоҷик шуълафишонӣ мекунад. Дар ин муддат Муҳаббат Иззатова барои пешрафти маърифати халқи худ саҳми арзандае гузоштааст, ки аҳли ҷамъияти мо ба он арҷгузоранд. Умед аст, ки дар оянда барои пешрафти маънавиёти кишвари худ ҳиссаи аз ин ҳам зиёдтар мегузорад.

Муҳаббат Иноятовна  ҳамчун олими шинохта, пуркор, шахсияти маҳбубу ботамкин дар ин рӯзҳои оғози фасли ангезишу бедории табиат, Наврӯзи ҳуҷастапай ва рӯзи садоқату вафодорӣ ба зан модар 8 март – Рӯзи Модар ҷашни зодрӯз доранд. Ба ин муносибат устоди гиромиро табрику шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва сарбаландиву дастовардҳои беназири илмиро таманно менамоем.

Давлатова Н.Ҳ.- номзади илмҳои педагогӣ, дотсент кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат