,
Якшанбе, 22-декабр
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомадиҳандаи ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Модар бузургтарин сарчашмаи ҳаёт, некӣ ва меҳру шафқат буда, ававлин мураббӣ, тарбиякунавнда ва ба воя расонандаи фарзандон мебошад.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат ба ҳисоб меравад.
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон пешниҳод гардида буд, мавқеъ ва нақши занон ва бонувони тоҷикро дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд арзёбӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста модрон ва бонувонро дар суханрониҳои худ васф намуда, раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои ӯро ситоиш менамояду ба номи покаш ҳамду сано мехонад.
Устод Лоиқ Шералӣ дар ашъори зебояш васфи модарро то андозае баланд овардааст, ки онро ба замину осмон баробар медонад. Ӯ чунин гуфтааст:
Замину осмони ман туӣ модар, тӯи модар,
Ҷаҳони бекарони ман тӯи модар, тӯи модар.
Оре, модар замину осмони фарзандон буда, ҳаётбахшу нурбахши ҳастии ҷомеа мебошад. Модар ба фарзандон ҳаёт мебахшад, забон меомӯзад, аз дилу нияти онҳо огоҳ мебошад, барои ҳамин тамоми бузургони рӯи олам, махсусан мутафаккирони тоҷику форс дар васфи зан-модар асарҳо таълиф намуда, ба номаш ҳамду сано хондаанд.
Устоди ширинбаён Ашӯр Сафар дар девони ашъораш аз хонаводаи орому осуда ва тифлони шуху муҳаббати самимонаи модар ёдовар гардида, чунин овардааст:
Як хона пур аз баччаву модар ба миёна,
Тифлон ҳама истораву ӯ моҳи ягона.
Гирдаш, чӣ аҷаб гиряву ҳам хандаву бозист,
Модар зи чунин шӯру мағал хурраму розист.
Аз олами тифлон наравад ҷои дигар ӯ,
Бас меҳр наварзида ба дунёи дигар ӯ.
Як хандаи кӯдак шудааст умри ҷавонаш,
Як бӯсаи кӯдак шудӣ сад кайфи ҷаҳонаш.
Дар қомати ӯ ҷилваи фардош бубинад,
Дар раҳравиаш рӯи ҳавасҳош бубинад.
Як хона пур аз баччаву модар ба миёна,
Ободтар аз хонаи мо нестӣ хона.
Воқеан, оромию ободии ҳар хона зан-модар буда, бо меҳру муҳаббати модарона ба зиндагӣ нур мебахшад. Оила, яъне хонаводаро сарҷамъ намуда, замири онҳоро дар рӯҳияи ҳамдигардӯстӣ, инсондӯстӣ ва меҳандӯстӣ тарбия менамояд. Модар баракати хонавода, нури хонавода, оромию сарҷамъии аъзои оила мебошад.
Рӯзи Модар муборак, модарону хоҳарони гиромӣ!
Назаров Ҳотам Сарфарозович- мудири кафедраи педагогикаи ДДК;
Набева Савлат- мудири кабинет, коргӯзори кафедраи педагогикаи ДДК.