,
Сешанбе, 10-декабр
Сайид Нуриддин Шоҳ Неъматуллоҳи Валии Кирмонӣ, Моҳонӣ, Хатлонӣ ва Балҷувонӣ яке аз адибони машҳури қарнҳо 14-15 форсу тоҷик буда, аз хеш осори гарони панду ахлоқӣ, ҳам тариқи насрӣ ва ҳам тариқи назмӣ, ба ёдгор мондааст. Матлаби мазкур фарогири андешаҳои ватандӯстӣ ва инсондӯстии ӯро дар худ дошта, барои тарбияи насли ҷавон дар роҳи зиндагӣ ва ҳаёти рангини инсонӣ равона гардидааст.
Дар маҷмуаи “Ганҷи парешон”-и муҳаққиқ А.Ҳабибов, ки доир ба 63 нафар аз шоирони гумноми охири асрҳои XVII- XIX ва ибтидои асри XX дар Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб баҳс мекунад, адиберо бо номи Абдураҳими Кӯлобӣ мебинем, ки худро аз наздикони Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дониста, ӯро қувват ва илҳомбахши осору таълифоти худ дониста, дар роҳи эҷоду таълиф аз вай мадад мепурсад:
Ё ҷадди бузургвори ман, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ,
Эй қуввату осори ман, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ.
Шуд мулки Хатлон масканат, он ҷо мунаввар марқадат,
Эй қутби олимартабат, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ.
Амр аз шаҳи ақтоб шуд, номат шаҳи Зарроб шуд,
Ҷо Балҷувон, Кӯлоб шуд, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ.
Ё шоҳи Зарробӣ нигар, бар ин Раҳим авлоди худ,
Баргир дастам раҳнамо, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ. [1, 248]
Доманаи фарогирии мавзуоти ашъори Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ниҳоят фаррох аст. Дар миёни соири мавзуот тарбияи ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ мавқеи муҳим дорад.
Бояд гуфт, ки ин омӯзгор, пеш аз ҳама, худ ватандӯст ва инсондӯсти ҳақиқӣ буданд ва мехостанд, ки чунин ҳисси баланди инсонӣ дар ниҳоди ҳар як фарди тоҷик ташаккул ёфта бошад. Аз ин рӯ, ӯ тавонист одамонро ҳар чи бештар ба муҳаббати бепоён доштан ба ватан ва инсондӯстӣ даъват намояд.
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дуруст нишон медиҳад, ки шахси берун аз ватан худро ғариб ва дар мотамхона мебинад, ин ҷисму рӯҳашро хароб гардонида, рангашро зард мекунад. Ҳамин нолаю фиғони одами беватан чандин шахсони дигарро ҳам ба нола медарорад, онҳоро ҳақиқатан афсурдахотир намуда, шӯълаҳои умеди зиндагиро дар дилашон хомӯш мегардонад. Ӯ дар сафарҳояш дарду азоби ғарибию беватаниро чашида, насли ҷавонро ба инсондӯстӣ ва миллатдӯстию ватандӯстӣ, навозиши ғарибу беватан ва эҳтироми ҳар яки он, ки мазмуну моҳияти тарбияи инсондӯстию ватандӯстиро дар бар мегирад, ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамчун инсондӯст ва ватандӯст дар эҷодиёташ, хусусан дар қасоиду ғазалиёт ва маснавиҳояш оид ба ин мавзуъ чунин гуфтааст:
Дар диёри ту ғарибему ҳаво дори ғариб,
Хуш бувад гар бинавозӣ санамо ёри ғариб.
Гар ғарибе барат ояд ба карам бинвозаш,
Сахт корест ғарибӣ, макун озори ғариб.
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ шоири намоён ва инсондӯсти ҳақиқӣ буда, нисбат ба инсон ва инсоният меҳру муҳаббати бепоён доштанд. Инсондӯстӣ низ монанди ватандӯстӣ яке аз мафҳумҳои ахлоқист.
Инсондӯстии ҳар нафар дар он зуҳур меёбад, ки ӯ то кадом андоза нисбат ба одамон ғамхориҳо зоҳир менамояд, дастгиру мададгори шахсони ба кӯи номуродӣ афтода, мунису ғамхорашон мешавад. Оре, ҳама мутафаккирони бузург инсопарвари ҳақиқии давру замонашон буданд.
Онҳо дар осори баёдгормондаи худ инсони бегонаю бенаво ва муфлисгаштаро месуруданду васф мекарданд. Зулматкунандагони халқи меҳнатӣ, помолкунандагони ҳуқуқҳои инсониро аз хислатҳои манфури инсонӣ ҳисобида, ба воситаи қалам бар зиддашон ба мубориза бар мехестанд, албатта, оромии мардум ва адолатро дар миёни эшон талқин менамуданд.
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ касонеро, ки ҳисси инсондӯстӣ ва дар онҳо меҳру муҳаббати инсонӣ ташаккул наёфтааст, инсони комил намешуморид, ӯро ҳамчун ноқис, ноҷавонмард ва душман ба қалам додааст.
Дил надорад ҳар ки ӯро дард нест,
В-он, ки худ дарде надорад мард нест.
Назди бедардон магу зинҳор дард,
Душман аст он дӯст к-ӯ ҳамдард нест. [2, 389]
Ин муаллими соҳаи ахлоқ дар ашъори педагогии худ мардумро ба он даъват менамояд, ки нисбати дардмандону дарвешон, ятимону барҷомондагон бо ҳисси дилсӯзӣ ва муҳаббати самимӣ муносибат кунанд, зеро аз ҳама табақаҳои аҳолӣ дида онҳо ба ҳамдардию ҳамдилӣ ва мадад эҳтиёҷ доранд. Аз ин мисраъҳои ахлоқии шоир:
Мулки ман оламест бепоён,
В-они ту аз хатост то Шероз.
Бар меояд, ки шоир ватандӯсту инсондӯсти воқеии замони худ буданд.
Бале шоир ба хосу ом меҳру муҳаббати бекарона дошт, инсонҳоро дӯст медошт, бо онон бо дили соф муносибат менамуд ва аз инсон ва номи инсон хушнуд буд. Барои ҳамин буд, ки Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар эҷодиёташ, хусусан рисолаҳои илмиаш, ки бо номи «Рисолаи вуҷуд» ба тариқи насрӣ ва дар девони ашъораш ҳамин рисола ба тариқи назмӣ оварда шудааст, дар бораи инсон ва сохти вуҷуди ӯ сухан меронад. Мо зарур донистем, ки аз ин қасоид байтеро оварда бошем:
Чордаҳ чиз аст ҷисму ҷони поки одамӣ,
Ҳашт аз сифлӣ асту шаш аз олами боло бувад.
Аз ин рисола бар меояд, ки шоир мафтуни ҷисму ҷони поки одам ва офарандае, ки ин ҷисму ҷонро халқ кардааст, буда, мардумро хусусан насли ҷавонро барои эҳтирому дӯст доштани ҳамдигар даъват намудааст.
Хулоса, ин омӯзгори ватандӯсту инсондӯст ба воситаи ашъори тарбиявиаш мардумро ба ҳамдигарӣ, якдилӣ, дӯстдорӣ, ғамхор будан, дили касеро нахарошидан, ба қадри Ватан расидан, дастгиру ғамхори ғарибону бечорагон ва махсусан ятимон буданро талқин намудааст, ки то ба имрӯз қиммат ва аҳамияти тарбиявии хешро гум накардааст.
Назаров Ҳотамшоҳ, дотсент, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ