, Панҷшанбе, 21-ноябр

ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ТАЪЛИМӢ

 27.02.2024 251

ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ТАЪЛИМӢ

(дар мисоли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Туризм падидаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии замони муосир буда, ҷанбаҳои гуногуни он дар доираи назари намояндагони як қатор илмҳо қарор доранд.

Бо масъалаҳои назария ва амалияи сайёҳӣ иқтисоддонҳо, сотсиологҳо, педагогҳо, психологҳо, таърихнигорон, фарҳангшиносон, ҳуқуқшиносон, санъатшиносон ва географҳо машғул гаштаанд.

Дар айни замон, сайёҳӣ аз намудҳои гуногун иборат аст, ки яке аз онҳо сайёҳии таълимӣ мебошад. Сайёҳии таълимӣ падидаи нисбатан нав арзёбӣ мегардад. 

Ҳанӯз даҳ сол пеш ин намуди “маҳсулот”-и сайёҳиро кам касон баррасӣ мекарданд, аммо бо сабаби зиёд шудани талабот ва хоҳиши муштариён (тибқи маълумоти Конфедератсияи умумиҷаҳонии донишҷӯён ва сайёҳони таълимии (Wystc) дар даҳ соли охир шумораи умумии ҷавононе, ки омадаанд сафарҳои таълимӣ анҷом диҳанд, 40% афзоиш ёфтааст, ки ин теъдод бояд барои рушди ин самт мувофиқ дониста шавад.

Дар заминаи ин барои фаҳмиши топонимии туризм шарҳи мафҳумҳои зеринро зарур мешуморем.

Сайёҳ- шахсе, ки ба кишвар (ҷойи)-и замони будубош дар мақсадҳои табобатӣ, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, маърифатӣ, варзишӣ, касбӣ, динӣ ва дигар мақсадҳо ба фаъолияти марбут ба он сафар менамояд.

Сафарҳои касбӣ-таълимӣ- сафарҳое, ки барои ба даст овардани таҷрибаи корӣ дар хориҷа, истифодаи таҷрибаи донишҳои забонӣ ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳои хориҷӣ равона карда шудаанд.

Туризм- сафарҳои муваққатии (сафарҳои) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз ҷои доимии сокиншавии аҳолӣ бо мақсадҳои табобатӣ-солимгардонӣ, рекреатсионӣ, илмӣ, варзишӣ-ҷисмонӣ, касбӣ, динӣ ва дигар мақсадҳо бе машғул шудан ба фаъолиятҳое, ки бо гирифтани даромад аз сарчашмаҳои дигар дар кишвар (ҷойи) будубоши муваққатӣ алоқаманданд.

Фаъолияти сайёҳӣ- фаъолияти туроператорӣ ва турагентӣ, инчунин фаъолияти дигар оид ба ташкилотҳои сафарҳо;

Сайёҳии таълимӣ- сафарҳои муваққатӣ бо мақсади гирифтани маълумот дар хориҷа.

Сайёҳии сайёр- сайёҳии шахсоне, ки доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба кишвари дигар.

Мафҳумҳои асосии дар боло зикршуда ба се боби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мувофиқат мекунанд ва барои ҳамаи субъектҳое, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ягона мебошанд.

Дар минтақаи Кӯлоб, махсусан шаҳри Кӯлоб сайёҳӣ соҳаи босуръат рушдёбанда ба ҳисоб рафта, дар ояндаи наздик ба  иқтисодиёти минтақа даромади бештар хоҳад овард. Дар минтақа 3 донишгоҳ – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара фаъолият менамояд.

Дар байни донишгоҳҳои фавқ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо назардошти собиқаи зиёда аз 75-сола ва имконоти васеъ мавқеи устуворро дорост.

Ин донишгоҳ соли 1945 таъсис ёфта, то ҳол бо фаъолияти пурсамари илмӣ-педагогӣ арзи ҳастӣ намуда истодааст. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ихтисосҳои ба самти сайёҳӣ нигаронидашуда афзалият пайдо намуда истодаанд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2014, 565 «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» Ҷашни 70-солагии Донишгоҳ 1 сентябри соли 2015 дар Донишгоҳ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар заминаи ҷашни мазкур Донишгоҳ соҳиби туҳфаи арзанда ва беназир дар таърихи фаъолияти худ гардид, яъне ба муносибати ин ҷашн бо ибтикори Пешвои маҳбуби миллат бинои маъмурии донишгоҳ дар шакли наву замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои навтарин сохтаву мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз рӯйи шакл ва намо боиси зебогии шаҳри Кӯлоб гардида, дар миёни макотиби олии кишвар камназир аст. 

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосан аҳолии 10 ноҳияи маъмурӣ ва қисми ками аҳолии минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷиён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Инчунин донишгоҳ барои такмили ихтисос ва рушди касбият омӯзгорони худро ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар равона менамояд, ки ин дар оянда ба рушди касбияти соҳаи омӯзгорӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф соҳибихтиёриро комилан ба даст овард, ба сохтори соҳаи маориф ва илм, заминаи моддиву таълимии он, мазмуну мундариҷаи таҳсилот дар муассисаҳои  таълимии олии касбӣ ва марказҳои илмӣ тағйиротҳои куллӣ ворид намуд. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолӣ дар як худи вилояти Хатлон бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, минҷумла Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа ва коллеҷҳои гуногун таъсис ёфтанд. Дар Донишгоҳи давлатии Қӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ факултаҳо ва ихтисосҳои нави мухталиф кушода шуданд. Айни замон дар шуъбаҳои таълими рӯзона, фосилавӣ  ва ғоибонаи донишгоҳ зиёда аз 60 ихтисос, аз ҷумла Информатика; Математика; Математикаи амалӣ; Технология (аз рӯи самтҳо);  Физика. Математика; Физика. Таълими меҳнат; WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ; Таъмини барномавии низомҳои автоматизатсия; Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ); Андоз ва андозбанӣ; Баҳисобгирии бухгелтерӣ; таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ; География; Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат; География. Иқтисодиёт; Идораи мақомоти маҳалӣ; Иқтисодиёти ҷаҳонӣ; Иқтисодиёт ва идора дар корхона;Кори бонкӣ; Маркетинг; Менеҷменти иҷтимоӣ (маориф); Молия ва қарз; Менеҷменти инноватсионӣ; Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ; Забон ва адабиёти рус; Забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик; Забон ва адабиёти тоҷик; Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (Маърифати оиладорӣ); Забони англисӣ. Забони олмонӣ; Забони хориҷӣ (англисӣ); Забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ - хитоӣ); Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ; Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо); Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ;  Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ; Рӯзноманигорӣ; Сурдопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ; Таҳсилоти ибтидоӣ; Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ; Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусикӣ; Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ; Равоншиносии амалӣ; Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ; Таърих; Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ); Муносибатҳои байналмилалӣ; Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ; Сиёсат ва идораи давлатӣ; Таърих. Диншиносӣ; Таърих. Таърихи дин; Биология (биотехнология); Биология. Экология; Химия. Биология; Химия. Экология; Тарбияи ҷисмонӣ; Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ; Аудит ва ревизия  амал намуда, тамоми шароит барои тарбияву омоданамоии мутахассисони соҳҳоти гуногун дар донишгоҳ фароҳам оварда шудааст.

Тибқи маълумоти ба нашррасида дар рӯзномаи “Анвори дониш” аз  14.02.2024, №1 (446) доир ба фаъолияти донишгоҳ  дар соли 2023 дар муассиса бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Бонки Ҷаҳонии Рушд дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Рушди таҳсилоти олӣ» ва «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» дар факултети химия ва биология 1 озмоишгоҳи муосири химиявии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PHD, унвонҷӯёну муҳаққиқони соҳаҳои марбутаи илм имконоти васеи озмоишу санҷиш ва таҳқиқотҳои илмиро фароҳам меоваранд. Инчунин, 2 лабараторияи факултети физика ва математика бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар доираи барномаи мақсадноки илмҳои табиӣ - риёзӣ азнавсозӣ карда шуданд.

Дар ин давра Донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла 5 донишгоҳи ш. Новосибирски ФР, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А.Н. Гертсен ва Донишгоҳи гидрометеорологияи ш. Санкт-Петербурги ФР ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи ФР созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Донишгоҳ аз зумраи яке аз бонуфзтарин муассисаҳо ба ҳисоб рафта, дар он шумораи умумии омӯзгорон ба 473 нафар мерасад, ки аз миёни онҳо 169 нафарашон занон мебошанд. Аз ҷумлаи омӯзгорони Донишгоҳ 9 нафар соҳиби унвонҳои доктори илм (профессор), 80 нафар номзади илм-дотсент, 41 нафар номзади илм-муаллими калон, 162 нафар муаллими калон ва 181 нафар ассистентон мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидошта дар Донишгоҳ нисбат ба соли гузашта 7% зиёд мебошад.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ дар таълими рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ ба 9948  нафар (6386 нафар духтар) баробар аст, ки аз ин шумора 5079 нафар (2584 нафар духтар) дар таълими рӯзона, 530 нафар (433 нафар духтар) дар таълими ғоибона ва 4339 нафар (3369 нафар духтар) дар таълими фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳ 3159 нафар тариқи буҷавӣ, 6377 нафар тариқи шартномавӣ ва 412 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамзамон 13 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD-и Донишгоҳ таҳсил намуда истодаанд.

   Лозим ба қайд аст, ки омили ҷалби донишҷуёни хориҷӣ барои таҳсил дар зинаҳои таълимии донишгоҳ ин ташаккул ва рушд бахшидани туризми таълимӣ ба ҳисоб меравад. Яъне  рушди туризми таълимӣ имконият медиҳад, ки шумораи донишҷӯён, магистрантон ва докторантону аспирантони хориҷӣ зиёд гардида, сафи донишҷӯёни хориҷӣ ва махсусан донишҷӯёни тариқи шартномавӣ зиёд гарданд.

Қобили қайд аст, ки ба масъалаи туризми таълимӣ дар донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида,  дар соли таҳсили 2023-2024 16 нафар омӯзгорону донишҷӯён ба МТОК-и хориҷи кишвар сафарҳои хизматию омӯзишӣ анҷом дода, ба табодули таҷриба, забономӯзӣ ва дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намудаанд.

Ҳамчунин  дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо МТОК хориҷӣ  курси такмили ихтисос дар байни омӯзгорони равияҳои забоншиносӣ, математика ва психология моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи педагогии Алтайи Федератсияи Россия гузаронида шуда, дар ин давра 103 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 45 нафар зиёд мебошанд.

Роҳбарияти донишгоҳ тамоми тадбирҳоро барои фароҳам овардани заминаи мусоиди таълим дар донишгоҳ рӯйи кор оварда, ба ин масъала диққти ҷиддӣ равона намудааст. Дар соли таҳсили ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ду синфхонаи компютерии замонавӣ бо шумораи 50 адад компютери ба шабакаи дохилӣ пайваст буда (дар бинои факултетҳои молиявию иқтисодӣ, омӯзгорӣ ва фарҳанг) ба истифода дода шуд, ки ин барои супоридани имтиҳонҳои ҷории донишҷӯён мусоидат менамояд.

Ҳамчунин соли 2023 бо ибтикори Раёсати донишгоҳ Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон” мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷиҳати омода намудани довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи кластерҳо, бахшҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, хитоӣ ва олмонӣ) ва машваратӣ-психологӣ таъсис дода шуда, довталабон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Зимнан ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим соли 2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика толори машғулиятҳои назариявӣ бо 100 ҷойи нишаст, факултети иқтисод ва идора бо 60 ҷойи нишаст, факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг бо ғунҷоиши 40 ҷойи нишаст мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода шуд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи илмӣ дар рушди илми кишвар саҳми муносиб дошта, имрӯзҳо дар назди он Шурои диссертатсионӣ аз рӯи 2 равия ва 3 ихтисос амал мекунад. Ин ҳам барои  рушди туризм омилии асосии мусоидаткунандаи самт ба ҳисоб рафта бо ҷалби докторантон ва унвонҷӯён  барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз хориҷи кишвар  заминаи мусоидро барои рушди устувори илмии донишгоҳ фароҳам хоҳад овард.

Пӯшида нест, ки пеш аз он ки туризми таълимиро равона намоем, сараввал заминаи илмӣ, махсусан китобхона ва фонди китобии китобхона тақвит дода шавад. Хушбахтона, шумораи китобҳои китобхонаи муассиса  110055 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 3920 китобҳои электронӣ, 106135 китоби муқаррарӣ мебошанд.

Дар ин росто мувофиқи мақсад хоҳад буд, ки фонди китобхонаро бо китобҳое, ки донишгоҳ дар асоси банақшагирии туризми таълимӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба роҳ мемонад, пур намуд. Ин заминаи онро фароҳам хоҳад овард, ки масъалаи таълим ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён боло рафта, донишҷӯён бо истифода аз фонди китобхонаи донишгоҳ маълумоти назарии худро васеъ намуда, ҳамчун мутахассиси хуб омода шаванд.

Дар интиҳои матлаб иброз медорем, ки омили асосии микромуҳити туриндустрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин потенсиали хизматрасонии сайёҳии таълимӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар донишгоҳ миқдори донишҷӯёни хориҷӣ кам мебошанд, вале таваҷҷуҳ ба туризми таълимӣ ва андешидани тадбирҳо дар робита ба он ва рушди устувори донишгоҳ заминаи онро фаро хоҳад овард, ки дар донишгоҳ чунин намуди туризм тақвият ёфта боиси ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот гардад.

Ҳамчунин ба ҳайати кормандони  донишгоҳ, ки мехоҳанд дониши амиқи забонҳои хориҷӣ, таҷрибаи забонӣ ва сатҳи тахассусро дар хориҷа ба даст оранд, рушди сайёҳии таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Раванди таҳлил дар робита ба сайёҳии таълимии сайёр дар донишгоҳ муайян намуд, ки пурсидашудагон мехоҳанд дар доираи чунин сайёҳии таълимӣ дар хориҷа таҳсил кунанд ва савияи дониш ва малакаҳои касбии худро афзоянд.

Сафарҳои таълимӣ танҳо профили оҷонсии ягона дар қаламрави донишгоҳ мебошанд, аммо дар муассиса агентиҳои сайёҳӣ мавҷуд нестанд. Банақшагирии ташкили чунин намуди хизамтрасониҳои сайёҳӣ, ки метавонанд дар оянда бо татбиқи сафарҳои таълимӣ машғул шаванд, ба манфиати кор хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, бояд қайд кард, ки тақвият ва рушди сайёҳии таълимӣ заминаи рушд ва инкишофи муназзами донишгоҳро фароҳам оварда, омили пешрафт ва шукуфоии он мегардад. Ҳамчунин дониш ва донистани забони хориҷӣ сатҳи маърифати донишҷӯёнро баланд бардошат, ба нишондиҳандаҳои фаъолияти агентии сайёҳӣ ва дурнамои рушди минтақа таъсири мусбат хоҳад расонд.

Мирзоев А. Қ., муаллими калон; Нозимова И.И., ассистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат