, Чоршанбе, 11-декабр

НИШОНДОДҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 24.02.2024 285

НИШОНДОДҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар низоми нави давлатдории тоҷикон ҳамасола Паёми Президент, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Дар ин марҳила Паёми Президенти мамлакат ҳамчун барномаи мукаммали давлатдорӣ бо фарогирии тамоми самтҳо нақшабандӣ ва дурнамои рушди устувори давлату кишварро дар худ инъикос менамояд.

Ҳамасола бо ташаббуси Президенти мамлакат бо мақсади беҳ гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дастгириҳо дар ҳама соҳаҳо пешбинӣ мегардад. Инчунин динамикаи рушди иқтисоди кишварро метавон дар Паёмҳои солонаи Роҳбари давлат мушоҳидаву хулосабарорӣ намуд. Зеро таҳлилҳои ҳамасола дар Паём нишон медиҳад, рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, имрӯзҳо бо таъсис додани корхонаҳои саноатию агросаноатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ назаррас гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадбирҳо дар ин замина шуруъ аз соли 2000 вусъати тозаро ба худ касб кардааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зими ироаи Паём ба ин мавзуъ ишора намуда, иброз доштанд, ки рушди иқтисодиёти мамлакат аз соли 2000-ум оғоз гардида, дар муддати начандон тулонии давлатдорӣ, яъне дар давоми 23-сол кишвари мо ба бисёр пешравиҳо ноил гардидааст.

Инчунин бо мақсади рушди иқтисодиёти мамлакат солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат эълон гардидааст, ки заминаи афзоиш ва рушди бемайлони нишондиҳандаҳои самтҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетитка ва дигар соҳаҳои ба он мутаълиқро фароҳам овардааст.

Тибқи таҳлилҳо бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар давоми ду соли охир зиёда аз 1200 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо фарогирии 11000 ҷойи корӣ таъсис ёфта, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, зиёда аз 46-милиард сомониро дар бар гирифт, ки далели гуфтаҳои болост.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи энергетика низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин самтро яке аз манбаҳои рушди иқтисоди кишвар арзёбӣ менамояд. Дар ин замина бо мақсади зиёд намудани иқтидори истеҳсоли қувваи барқ танҳо дар давоми 7-соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардида, барои таъмиру азнавсозии неругоҳҳои барқии обии амалкунандаи кишвар 85,7 милиард сомонӣ равона гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки бо дастгириҳои ҳукумати мамлакат соли 2023 иқтидори энергетикии мамлакат зиёда аз 6000 мегаватро дар бар гирифта, истеҳсоли неруи барқ 22 милиард киловат-соатро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати соли 2017-ум 4,8 милиард киловат соат ё 28 % зиёд гардидааст.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, бо мақсади амалисозии тадбирҳои зикргардида соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаҳои барқароршаванда, яъне 100% бо «энергияи сабз», таъмин гардида (ҳоло ин нишондод 98%- ро ташкил медиҳад) то соли 2037 газҳои гулхонаӣ то ҳади ниҳоӣ кам карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо мамлакати мо то соли 2037 дар ҷаҳон ба яке аз «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт.

Бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард низ яке аз омилҳоии асосии таъмини рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре аз Паёми Роҳбари давлат маълум мегардад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Ҳамзамон бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ рушд намуда, яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти мамлакат ҳисобида шуд. Дар заминаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғаладонагиҳо нисбат ба соли 1991-ум 6-баробар зиёд гардидааст, аз ҷумла: гандум 5,6, шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Воридоти гушт аз хориҷи кишвар сол то сол кам гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2014 10,7 ҳазор тонна кам гардида бошад, соли 2023 ба 144 тона коҳиш дода шуд.

Воридоти гушту шир ва маҳсулоти ширӣ дар ниҳоят хело кам ба назар расида пурра аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ таъмин мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ 160 ҳазор тонна гушт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Дар соли 2023 бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ба 85% расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд гардидааст. Истеҳсоли маҳсулоти озуқа аз ҷумла картошка 122%, сабзавот 174%, пиёз 527% , сабзӣ 360%, полезӣ 312%, гушту шир 100% аз меъёри истеъмолӣ барзиёд таъмин гардидааст. Дастгирии давлат ба соҳаи кишоварзӣ ба назар расида афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки дар мамлакат мунтазам бо вуҷуди афзоиши аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ҳамасола садҳо ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода мешавад, аммо суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки болоравии маоши кормандони соҳаҳои гуногини мамлакат аз зиёд гардидани буҷети давлат ва рушди иқтисодиёти мамлакат далолат мекунад.

Бо ташаббусу ғамхориҳои Пешвои миллат Президенти мамлакат ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мунтазам тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Зиёд намудани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ дар ҳаҷми 30%, маоши ҳадди ақал, маоши кормандони вазифавии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳаҷми 40% аз зумраи тадбирҳои мазкур дониста шуда, ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои некуаҳволии мардум мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тамоми тадбироҳи рӯйи кор овардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва беҳгардонии сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст. Мардум шарифи Тоҷикистон бо дарки ин масъала пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар ҷавоб ба имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳамаи самтҳо саҳмгузор бошанд.

Назаров Муродалӣ, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ




Ба рӯйхат