, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШД ВА ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 22.02.2024 304

НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШД ВА ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар охири асри XX дунё ба дигаргуниҳои куллӣ мувоҷеҳ гардид ва як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ истиқлолияти комил ба даст оварданд.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти комили худро ба даст овард. Аммо, баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дере нагузашта, гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехостанд сулҳу суботро дар кишвар халалдор сохта, давлати навини тоҷиконро ба арсаи нестӣ баранд. Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда буд, кишвар Артиши миллии комил надошт ва ин яке аз омилҳое гашт, ки ин ҷангу хунрезӣ дар кишвар ҳукмфармо гардад. Барои барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, заминаи асосиро фароҳам овард. Дар ин Иҷлосия яке аз масъалаҳои асосӣ ин таъсис додани артиши миллии мамлакат ба шумор мерафт.

Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Точикистон назар андозем, мебинем, ки Артиши миллии мо душвортарин лаҳзаҳоро пушти сар намудааст. Аз ҷумла, нарасидани либос, ҷойи хоб, васоити техникӣ, аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ҳар лаҳза эҳсос мегардид, вале афсарону сарбозони далер руҳафтода нашуда, ба ояндаи давлати худ бо некӣ назар намуда, қарзи фарзандии худро назди давлату миллат адо менамуданд.18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуда буд.

Аз маҷмуи дастовардҳои арзишманде, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он ноил гардидааст, ин бунёди рукни муҳимму асоси давлатдорӣ, яъне Артиши миллӣ мебошад, ки имрӯз ҳамчун сипари боэътимод, пуштибони Истиқлоли миллӣ ва қувваи бузургу қудратаманд дар таъмини бехатарӣ ва амнияту суботи комили давлату миллат саҳми арзанда дорад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳи ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ аз Артиши Шӯравии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС мерос нагирифтааст. Чуноне ки Пешвои миллат гуфта буд: “Мо Қувваҳои Мусаллаҳро замоне таъсис додем, ки ҳатто як генерал надоштем”. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садҳо генерал адои хизмат карда истодааст, ки ин ҳам яке аз дастовардҳо дар инсамт мебошад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст». Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд. Дар ин самт нақши Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа, ки бо Фармони Президенти мамлакат аз моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст, хеле калон аст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи ҳайати умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ – сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ – зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд. Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони соҳибдониши ҳарбӣ мебошад. Ҳамзамон, давоми солҳои охир бо манзили истиқоматӣ таъмин шудани оилаҳои як қатор хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сохтмони шаҳракҳои гуногун барои низомиён ва дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта шудани бунёди зиёда аз 300 биною иншоот ва инфрасохтори таъйиноти гуногуни соҳаи ҳарбӣ шаҳодат аз дастгириву ғамхориҳои ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳама ҳолат амнияти миллатро таъмин намояд. 23 феврали соли 2024 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Маҳз Артиши миллӣ дар замони мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ тавонист дар барқарор намудани сулҳи тоҷикон саҳми босазо гузорад. Артише, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.

 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон диққати махсус медиҳад.

Пешвои миллат зимни ироаи яке аз Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда таъкид доштанд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, аз ҷавонон масъулиятшиносиро талаб менамояд. Бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар қарзи шаҳрвандии худро адо намуда дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мардонавор хизмат намояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифаи конститусионии ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 чунин омадааст: ”Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд”. Хушбахтона, имрӯз бо ибтикори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мушкилоти солҳои пешин, аз қабили нарасидани афсарони ҷавон, мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ва техникаю лавозимоти ҳарбӣ дигар ба назар намерасад.

Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти пурқудрати ҳарбиро соҳиб гашта, имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом дода, дар ҳайати неруҳои вобасташудаи зудамали СААД яке аз пешқадамтарин маҳсуб меёбанд. Дастаҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи зиддитеррористии СҲШ баҳои баланди ҳарбӣ гирифтанд, ки ядрои ҳайати онро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз, натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар баҳри анҷоми корҳои муваффақонаи соҳавӣ, сохтмону бунёди бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта дар минақаҳои стратегии ҷумҳурӣ, фароҳамсозии шароити мусоиди хизматӣ дар пойгоҳи ҳамаи қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, таъмин намудани сафи ҷузъу томи артиш бо кадрҳои афсарӣ, ширкат дар машқҳои муштараки васеи низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва амалинамоии масъалаҳои дигари монанд ба ин мебошад, ки имрӯз низомиёни мамлакат бо омодагии баланди ҷангӣ дар ҳифз ва мудофиаи марзу буми Ватан қарор доранд. Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар саросари мамлакат як қатор биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, комисариатҳои ҳарбӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва оилаҳои онҳо ва дигар иншоотҳои ёрирасони низомӣ бунёд карда шудаанд. Илова бар ин, дар радифи тамоми шароити фароҳамоварда, шуруъ аз моҳи январи соли 2024 маоши хизмаитчиёни ҳарбӣ ба андозаи 40 фоиз боло бурда шуд, ки ин ҳам яке аз ғамхориҳои роҳбари давлат ба афсарону сарбозони кишвар маҳсуб мегардад.

Дар ин росто, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии далеру шуҷои кишвари соҳибистиқлоламон, ба он нафароне, ки баҳри амнияти Тоҷикистони азизамон бо ҷонфидоӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, ба он ҷавонмардоне, ки мехоҳанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд софдилона хизмат намоянд, аз суханҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям: “Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд”.

Хулоса, дар тӯли солҳои фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузашта, имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст.

Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Савганди ботантана ёд кардаи худро ҳамеша азизу муқаддас мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.

Лалбеков Собирҷон Шодихонович, ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат