, Якшанбе, 05-май

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – ЯКЕ АЗ АВЛАВИЯТҲОИ РАҚОБАТПАЗИРИИ МУАССИСА ДАР НИЗОМИ МАОРИФ

 19.02.2024 10

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – ЯКЕ АЗ АВЛАВИЯТҲОИ РАҚОБАТПАЗИРИИ МУАССИСА ДАР НИЗОМИ МАОРИФ

(дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (28.12.2023) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷамъиятӣ, аз ҷумла илму маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар ин замина, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи маориф дар ҷомеаи муосир сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдорро ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифдор намуда, дастуру супоришоти мушахассеро ироа намуданд.

Дар воқеъ, дар шароити имрӯзаи рушди истеҳсолоту иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф якз аз омилҳои муваффақияти пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъияту давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва, умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи муҳассилин, дар маҷмуъ, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Дар ин робита масъалаи калидии таҳкиму ташаккули низоми таълиму тарбия (таҳсилот ва маориф), пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати он мебошад. Зеро бо паст будани сифати маориф (таълиму тарбия, таҳсилот) миёни талаботи истеҳсолоту иқтисодиёти ҷомеа ихтилоф ба амал меояд. Сифати пасти маориф имкон намедиҳад давлату ҷомеа ба дараҷаи рушде ноил гарданд, ки ба он эҳтиёҷ доранд. Аз ин ҷост, ки сифати маориф иқтдори иқтисодӣ, зеҳнӣ ва маънавии ҳар як кишварро муайян менамояд. Дар ин маъно, сифати маорифро сарвари давлат дар баромадашон зимни ироаи Паём бо чунин мафҳумҳои бунёдӣ, монанди сатҳи зиндагӣ, иқтидори иқтисодии мамлакат, қобилияти устувории давлат ба шароитҳои тағйирёбандаи ҷомеа ҳамоҳанг қайд намуданд.

Диалектикаи моҳият ва зуҳуроти таълиму тарбия, ниҳоят илму маориф дар он ифода меёбад, ки ниҳоӣ дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гардидааст. Маҳз бо дарки фалсафии муқаррароти мазкур рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат дониста шудааст. Зеро дар давраи истиқлолият хароҷот ба соҳаи иҷтимоӣ, бахши илму маориф ҳар сол афзуда, дар сохтори молиявии низоми маориф тағйироти куллӣ ба миён омадааст. Ин нуктаро сарвари давлат дар баромадашон чунин қайд намуданд: “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид”.

Бояд қайд кард, ки бе дарназардошти таъмини сифати таълиму тарбия, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгу будани тахассусҳо, бе алоқамандии илму истеҳсолот ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот хароҷот ба соҳаи маориф амали беҳуда мегардад.

Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷроиши самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, бунёди методу технологияҳо, ташкили таълими босифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгу будани он рӯз то рӯз аён мегардад. Ҳамзамон масъалаи дастрасӣ ва гирифтани маълумоти олии босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат имрӯзҳо яке аз масъалаҳои рӯзмарра буда, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф (МТОК) мебошад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубадал гардидааст. Вобаста ба ин зарурат, сарвари давлат таъкид доштанд, ки “Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд”. Дар робита ба ин баён доштан лозим аст, ки баланд бардошатни сифати таҳсилот дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ яке аз авлавиятҳои муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, заминаи рақобатпазириро дар низоми маориф фароҳам хоҳад овард.

Бо дар назардошти нукоти боло, бартараф сохтани мушкилоти ҷойдошта, истифода ва татбиқи пешниҳодҳо дар фаъолият барои гузариши муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба раванди ҳамгироии таҳсилоти байналмилалӣ авлавият ва саривақтӣ мебошад. Нақши интситутҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ (тиҷоратӣ) дар раванди мазкур аҳамияти аввалидараҷа дорад, чунки дар шароити пур аз таззод ва дигаргуниҳои рӯазфзун дар низоми сиёсат ва фарҳанги ҷаҳонӣ иқтидор ва нуфузи давлатро дараҷаи рушди маориф ва илми он муайян менамояд. Пас, зарурат пеш омадаст, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ нисбати масъалаҳои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии олимону мутахассисон, сатҳу сифати таҳсилот дар ҳама зинаҳои таҳсил, ба роҳ мондани барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ, васеъ намудани доираи имкониятҳо ва ғайра дар маркази диққати давлату ҳукумат қарор дода шаванд.

Дар ин замина, ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ дастур доданд, ки “... дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад”.

Дар партави таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти оилии касбии кишвар ин баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва бо ин восита омода намудани мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад. Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” бо мақсади татбиқи амалии амру фармонҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва корбасти усулҳои фаъоли таълим кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Бояд гуфт, ки дар муассиса бо талошҳои пайвастаи роҳбари Донишгоҳ пойгоҳи моддӣ – техникӣ тақвият ёфта, дар заминаи факултетҳо озмоишгоҳҳои муосир ва кабинетҳои тахассусӣ таъсис дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ин самт чораҷӯиҳои зиёде роҳандозӣ гардида истодааст.

Натиҷаи тадбирҳои дурандешонаи роҳбарияти Донишгоҳ ва таъмини иҷрои нақшаву чорабиниҳо дар ин самт буд, ки нақшаву барномаҳои таҳсилотӣ (аз рӯйи самт) барои ихтисосҳои амалкунандаи муассиса пурра навсозӣ ва бо талаботи низоми таълими салоҳиятнокӣ мутобиқ гардонида шуданд. Инчунин, ҷиҳати татбиқи барномаи муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ташкили ихтисосҳои нави рақобатпазир дар бозори меҳнат раёсати Донишгоҳ тадбирҳои зиёдеро рӯйи кор оварда истодааст.

Ҳамзамон, дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани малакаи касбии омӯзгорон раёсати Донишгоҳ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгоронро моҳҳои декабр-январи соли таҳсили ҷорӣ ташкил намуд. Мавриди зикр аст, ки 87 нафар омӯзгорон аз рӯйи равияҳои забоншиносӣ, математика ва психология моҳи декабри соли 2023 бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳи педагогии Алтайи Федератсияи Россия, 27 нафар омӯзгорон аз  рӯйи равияи таъриху ҳуқуқ ва 26 нафари дигар аз рӯйи равияи химияву биология бо ҷалби методистону коршиносони варзида курси такмили ихтисосро гузаштанд. Роҳандозӣ намудани курсҳои мазкур ҳамчун омили бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбию педагогии ҳайати устодону омӯзгорон ҷиҳати беҳтар гардидани нишондоди таълиму тарбия дар Донишгоҳ ва баланд бардоштани обруву нуфузи ин муассиса мусоидат менамояд.

Дар робита бо таъкидҳои Пешвои муаззами миллат оид ба низоми маорифи муназзам мо кормандони соҳаро мебояд, ки  дастуроти Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, уҳдадориҳои худро сари вақт ва босифат иҷро намуда, ҷиҳати рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҷаҳду талоши худро дучанд намуда, дар рушд ва пешбурди низоми маорифи  кишвар саҳмгузор бошем.

Саидзода Қ.С. – сардори раёсати таълими ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Камолов Ш.В. – муовини сардори раёсати таълими ДДК ба номи А.Рӯдакӣ.




Ба рӯйхат

*/