, Якшанбе, 22-декабр

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

 13.02.2024 297

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

Дар радифи таҳаввулоти ҷиддие, ки тайи даҳ соли охир мушоҳида шуд, мутаассифона, силсилаи амалҳои террористӣ, ки дар кишварҳои аврупоии амн ва дур аз даргириҳои мамолики араб рух додаанд, то дер дар хотир хоҳад монд. Белгия, Фаронса ва Олмон, ки пешқадамтарин аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати таъминӣ бо техника ва дастгоҳҳои махсус муосиртарин сохторҳои амниятӣ доранд, бо ҳама кӯшишҳо худро аз даҳшатафканон эмин нигоҳ дошта натавониста истодаанд. Интизор аст, ки ҳамроҳ бо якчанд миллион нафар паноҳандагон ба кишварҳои Аврупоӣ садҳо, шояд ҳазорон ифротгаро ворид шудаанд ва сокинони мамолики аврупоӣ аллакай ба амнияти худ шубҳа доранд.

Албатта ҳукуматҳои ин давлатҳо ҳама чораҳоро мебинанд, то террористон имкони амалӣ кардани нақшаҳои худро наёбанд, вале кафолати он, ки шаҳрвандон пурра зери ҳимояи сохторҳои муҳофизӣ қарор доранд, ба сифр баробар шуда истодааст. Чунки амали террористӣ метавонад, дар ҷое сар занад, ки ҳеҷ кас интизор нест. Куштори сафири Русия дар Туркия, ки аз ҷониби корманди, бигузор собиқи пулис соли 2016, содир гашт, метавонад мисоли аёне ва огоҳикунандае шавад, барои дигар кишварҳо. 

Моҳи ноябри соли 2016 ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон қароре баровард, ки тибқи он барои маълумоте, ки барои ошкор ва пешгирӣ кардани амали террористӣ кумак мекунад, маблағи пулӣ пешбинӣ шудааст. Маблағ, ки ҳаҷмаш аз 1 январи соли 2017 аз 5000 то наздики 8000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, агар барои шаҳрвандони Қазоқистон пули калон ҳам набошад,  лекин яке аз роҳҳои хуби ҷалби шаҳрвандон ба мубориза алайҳи терроризм аст. Дар дигар кишварҳо низ дар сатҳи давлатӣ қарору қойидаҳои мутобиқ ба ҳолат тарҳрезӣ шуда истодаанд, то амалҳои террористӣ, агар пешгирӣ ҳам нашаванд, аққалан хавфи афзоиши хисороти ҷонӣ коҳиш дода шавад.

Дар мо вазъ чӣ гуна аст? Ҷои шубҳа нест, ки сохторҳои қудратӣ ва амниятӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд ва дуруст аст, ки маълумот оид ба чораҳои амниятӣ на ҳама вақт дастраси мардум аст. Вале оё мешавад, ки тавассути маҷлису вохӯриҳои дилбазан, ки мардумро барои ширкат дар онҳо иҷборан ба толорҳо мебаранд, бо терроризм мубориза бурд. Симои манфури террористон ба ҳама маълум шуд, ҳамагон фаҳмидем ва дигаронро мутмаин кардем, ки куштору қатли одамони бегуноҳ на танҳо ҷиноят, балки алайҳи Худо амал кардан аст. Аллакай зарурати аз шиорҳои “Нест бод терроризм!”, “Ҷавонон терроризмро маҳкум мекунанд!” ва “Мо тарафдори оромии кишварем” ба амалҳои мушаххас гузаштан пеш омадааст.

Дар Стратегияи муқовимат ба экстремимз ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 самтҳои асосии мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, сар карда аз гузаронидани пажӯҳишҳо то таъсиси сохторҳои нави махсус гардонидашуда пурра ва хеле равшан инъикос ёфтаанд. Ошкор кардани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм, ҷалби фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тайёр кардани кадрҳои миллии динӣ, тақвияти мубориза бо коррупсия ва бюрократизм, фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат-ин аст номгуи нопурраи он вазифаҳое, ки дар Стратегияи мазкур ҷой дода шудаанд ва иҷрои онҳо на танҳо аз сохторҳои ба ин соҳаҳо рабт дошта, балки аз кулли шаҳрвандонӣ ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад.

Барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани Стратегияи мазкур, аз назари мо пеш аз ҳама оҷилан қойидаҳои амниятии гузаронидани ҳама намуд чорабиниҳо, чӣ давлатӣ ва чӣ ҷамъиятӣ кор карда, дар шакли дастур ба мардум пешниҳод карда шаванд. Аллакай дар Аврупо баъзе маҳдудиятҳо ва дастурҳо ба сокинони шаҳрҳои калон оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ироа гашта истодаанд. Албатта, дар баъзе маворид озодии шаҳрвандон маҳдуд мешавад, вале аксарияти мардум тарафдори оромии кишваранд ва умед аст, ки ин маҳдудкуниҳоро бо таҳаммул қабул мекунанд. 

Дар хадамоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқук теъдоди кормандони ғайриштатӣ ва агар имконияти молиявӣ даст диҳад, маошгирони пинҳонӣ амалкунанда зиёд карда шавад. Албатта хуб мешуд, агар бе ягон ӯҳдадорӣ ва дарёфти суди молиявӣ сокинон бо хоҳиши худ ҳамкориро бо сохторҳои амниятӣ ва милитсия ба роҳ мемонданд, вале таҷрибаи талхи солҳои қаблӣ нишон дод, ки маҳз бетарафии мардум асоси авҷ гирифтани ҷиноякорӣ ва ифротгароии ҷавонон шудааст. Ҳавасманд кардани мардум тавассути туҳфаҳои молиявӣ таҷрибаи хубест, ки дар кишварҳои пешрафта истифода мешавад.

Дар даврони Шуравӣ саҳми Дружиначиёни ихтиёрии халқӣ, ки аз ҳисоби кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус ташкил шуда буданд, дар таъмини амният ва тартибот хеле назаррас буд. Мутассифона, солҳои охир дар бораи ин сохтори ҷамъиятӣ маълумоте нест, гуё барҳам хӯрда бошад. Хуб мешуд, агар дар муддати кутоҳтарин фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ фаъол гардад.

Дар минтақаҳои наздисарҳадӣ чунин вазифаро метавонанд отрядҳои Ёрдамчиёни сарҳадбонон иҷро кунанд. Ҷалби шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳимояи тартибот дар деҳаҳои дурдасти сарҳадӣ хавфи пайдо шудани ашхоси бегона ва шубҳанокро ба маротибҳо коҳиш медиҳад. Додани яроқи ҷангӣ ба ашхоси боваринок ва омодагии махсус дошта,  аз ҳисоби афсарони мустаъфии сохторҳои қудратӣ низ ба фойидаи кор аст.

Дар барномаҳои таълимии макотиби миёна ва олӣ соатҳои омодабошии ҳарбӣ зиёд карда шаванд ва ҳар тобистон мисли даврони Шуравӣ курсҳои таълимӣ дар урдугоҳҳо, ба истилоҳ “лагерҳо” ташкил карда шаванд. Теъдоди маҳфилҳои варзиширо аз рӯи намудҳои мувофиқ зиёд ва дар онҳо тамоюли зиддитеррористиро ҷорӣ кардан зарур аст.

Интернет, ки дар қатори беҳтарин дастоварди инсон буданаш, кайҳост, ки ба воситаи ягона ҳам набошад, асосии ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгароӣ табдил ёфтааст. Ба муқобили сомонаҳои ифротӣ оҷилан сомонаҳои зидди тундагароӣ сохтан даркор. Бояд иқрор шуд, ки мутаассифона мо аллакай ҷанги иттилоотиро дар муқобили тундгароёни кибер-экстеремист бохта истодаем. Муссалам, аст, ки маҳз истифодаи сомонаҳои интернетӣ барои таблиғи идеяҳои ифротӣ солҳои 2014-2015 асоси ҷалби теъдоди зиёди ҷавонон ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” шуд.

    Мутаассифона, мо дер ба корҳои пешгирӣ даст задем, вале ба ҳар сурат ҳоло ҳам вақт аст. Тавассути ширкати фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ашхоси хавфнокро дарёфт ва имкони безарар кардани онҳо чораи хубе аст барои заиф кардани фаъолияти гуруҳҳои террористӣ. Дар мубориза бо террористон аз методҳои худи онҳо истифода бурдан ба фойидаи кор аст. Бо ашхоси тамоюли ифротӣ дошта “дӯстии виртуалиро ба роҳ монда, аз нақшаву аъмоли зишти онҳо огоҳ шудан имкон медиҳад, ки амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ карда шаванд.

Таҷрибаи кишварҳои муваффақ собит сохт, ки дар дунё минтақаи амн ва кафолати таъмини пурраи ҳифзи шаҳрвандон аз амалҳои террористӣ вуҷуд надорад. Кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта низ метавонад осебпазир бошад. Агар теъдоди кормандони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳарбиро ба маротиб зиёд кунему онҳоро бо муосиртарин таҷҳизот таъмин намоем, пеши роҳи сар задани амалҳои даҳшатафканиро гирифта намешавад. Танҳо муборизаи дастаҷамъии кулли ҷомеа метавонад ба ин офат муқовимат намояд. Дар акси ҳол, мо ҷангро аллакай бохтаем.

Додарбек Сайдалиев, номзади улуми сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат