, Якшанбе, 22-декабр

АҚЛГАРОӢ ХИЛОФИ СИЁСАТИ ИФРОТГАРОӢ

 08.02.2024 276

АҚЛГАРОӢ ХИЛОФИ СИЁСАТИ ИФРОТГАРОӢ

Пари товус латиф аст, ба каргас нарасад,
Ақл ҳам чизи шариф аст, ба ҳар кас нарасад.

Оре, овардаанд, ки ақл туҳфаи илоҳист ва Парвардигор ҳангоми офариниши инсон  ҳанӯз дар батни модар ба бандагонаш ба ҳар андоза - каму беш ҳадя менамояд. Пас гуфтан ҷоиз аст, ки ашхоси дорои ақли солим ва инкишофёфта аз баргӯзидагони Офаридгор аст. Таърих гувоҳ аст, ки тамоми шоҳкориҳо, музафариятҳо, кашфиётҳо, қаҳрамонию ҷонфишониҳо барои амалисозии ормонҳои неки насли башар ба воситаи афроди солимақл ва ҳушманд сурат гирифтаанд, ки корнамоиҳои эшон ҳанӯз ҳам мояи ифтихор ва намунаи ибрати оламиёнанд. Ин маъниро саромадони адабиёти классики тоҷику форс бараъло эҳсос карда, пайваста дар эҷодиёташон ба ташвуқу тарғиби ақлгароӣ мепардохтанд ва асоси тамоми хушбахтиҳои насли инсонро аз ақлу хиради волои одамӣ медонистанд. Маҳаз ҳамин ташвиқ ва тараннуми ҳамин андешаи солим буд ва ҳаст, ки мизони олам бо вуҷуди тамоми бадбахтиҳое, ки тӯли қарнҳо ба сари бани одам рехтанд, то кунун дар мувозинат қарор дорад.

Агар осори зулмотсӯзи Рӯдакӣ намебуд, мо дар торикии чоҳи афкандаи сипоҳи ҷаррори араб то кунун дар такопӯи рушноии истиқлолияту мустақилият будем. Ё ин ки, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ таълиф намегардид, мо то ҳол дар асорати бодиянишинони кӯчманчии фарҳанггадо  мустару мот гардида будем. Зиҳи модари тоҷик, бегазанд бод хоки ҷавонмардхези тоҷик, ки дар тули қарнҳои тираву тори миллат ин халқ ва ин хокдони покро яккаву танҳо нагузоштанд ва баҳри ҳифзи он шоҳбозҳои душманшикоре чун Курушу Бобак, Спитамену Деваштиҷ, Муқанаву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём Беруниву Аҳмади Донишҳоро офарид, ки дар воқеъ ашхоси мазкур баҳри ҳифзи Модар – Ватан ва арзишҳои миллӣ бо истифода аз ақлу хиради волои инсонӣ ҷоннисорӣ намуданд. Пас агар мо имрӯз аз осори фарҳангиву мадании пурғановати хеш сарафрозем ва худро ворисони офарандагони пешрафтатарин ёдгориҳои қадимаи тамаддуни башар меҳисобем, бояд дар хотир дошта бошем, ки маҳз ба туфайли қаҳрамониҳои волои ин ашхоси ҷасуру тавонманд расидаем, ки таҷассуми барҷастаи ақлу хиради беҳамтои эшон маҳсуб мешавад. Ин ҳақиқати инкорнашавандааст, ки мутасифона иддае аз мутаассибони диннӣ дар гузашта ва имрӯз низ кушишҳои қаҳрмаонони халқи мо ва сарчашмаи фарҳангу тамаддуни куҳани миллатро зери суол бурданӣ мешаванд ва оғози онро ба кадом як фарҳанги поринагӣ асос гузоштани мешаванд ва бешармона майли зиёди рад кардани ин миръоти таърихнаморо доштанд ва доранд.

Халқ ва миллати тоҷик дар тулии таърих шоҳиди бисёр хиёнатҳои дохилӣ гардидааст. Гарчанде, ки хиёнатҳои дохилӣ ҳамчун як лаккаи нанг дар пайкари  халқу миллати мо боқӣ мондаанд ва аз ёдоварии амалҳои разилонаи хиёнатпешагон ҳафтпушти миллтаи тоҷик ноҳинҷор мегардад, вале чи илоҷ, ҳақиқатро ки касе пушондан наметавонад, зеро куҳу даман, руду наҳрҳо ва марзу само шоҳиди хиёнатҳои содиршуда алайҳи Дорои III, Спитамен, Яздигурди Сосонӣ ва Восеъву дигарон мебошад, ки аз дохил, аниқтараш аз ҳамнишинонашон, аз пушт ханҷари хиёнат хурдаанд. Баъдан подоши хиёнатҳои кардаашон мукофоти ҳазорсолаҳо ғуломиву бардагиро барои миллату халқ ба бор овард, ки боиси таъаасуфи пешиниён ва фардоиёну имрӯзиён гардид. Мутаассифона, иддае аз насли имрӯза ҷои он ки аз хатову нуқсони гузаштагон ибрат гиранд, бараъкс, хиёнату амалҳои нопоку ноҷавонмардона нисбати давлату миллат ва халқу ватани хеш раво мебинанд, ки  ин намунаи бешарафӣ ва бехирадиву беақлии кулл баҳисоб меравад.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут миллати тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо замони амалисозии ормонҳои ҳазорсоа помолгаштаи миллат фаро расида буд. Вале сад афсус. Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва харидашудаҳои душманони миллати тоҷик ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини ачдодӣ ба фурухтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарну чок кардани чодари исмти модарону хоҳарони худ пардохтанд ва бадтар аз ин тамоми ин аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини ислом омезиш доданд ва аз ангезаҳои динии мардум ба манфиати шахсиву сиёсии хеш ва хоҷагони хориҷии худ истифода намуданд. Ин тоифа бехабар аз гуфтаҳои шоир будаанд, ки  доир ба паёмади чунин аъмоли ношоиста  фармудааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар чунин марҳилаи ҳасоси таърихӣ, ки халқи тоҷик ба ду қисмати нобаробар ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба минтақаҳо, ба шаҳрҳо ва ҳатто ба маҳаллу кучаҳо байни ифротиёни аз ақл дур тақсим шуда буд, муттаҳид намудани халқи парешонгашта дар ҷои аввал меистод ва масълаи ҳастиву нестии давлати тоҷикон барои ҳар фарди ватандӯсту солимақл масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб мерафт. Шояд зиёд буданд хайрхоҳони миллату давлати тоҷикон, вале ҷуръати ба арсаи сиёсату давлатдории фалаҷгаштаи давлати ҷавонро надоштанд. Дар чунин шароит кассе ба ояндаи давлат бовар надошт ва гӯё мунтазири муҷизае буданд, то онҳоро аз вартаи нобудӣ раҳонад. Хушбахтона, ба бахти мо тоҷикон, бо инояти Яздон ва аз эҷози офаридаи модари тоҷик абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам овард ва аз ҳама муҳим айбҷӯи накарда, ҳамагиро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшид ва аз онҳо умеди некӣ дар қалби поки худ парвариш дод, аммо ин тоифаи намакношиносу хиёнатпеша дар аввалин фурсат ба ҷои бовариву вафо, хиёнату номардиро ба Пешвои хеш ва мардум раво дида, хостори боз аз нав ба ҷаҳолату гирдоби хун кшидани миллати тоҷик гаштанд, ки аъмоли ношоиставу ноҷавонмардона ва рафтори ношоистаи эшон порчаи назмиеро ба хотир меорад, ки гӯё шоир маҳз барои чунин афроди қадрношинос таълиф намудаад:

Сад ҷон бикани аз раҳи бад мор нагардад.
Чун ахтари бахт ахтари думдор нагардад.
Сад ҷӯй агар канда ба умед барии об,
Як зарра мулоим дили кӯҳсор нагардад.

Бо вуҷуди ҳама хиёнату аҳдшиканӣ ва найрангу макри рақибони миллати куҳанбунёди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки тамоми масъулияти давлаториву ватанхоҳӣ, бо баҳои ҷон, бо заҳмти фаровон, вале дар муддати кутоҳ ба ҳамаи ин парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, ҷои он сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои муаззами миллати мо мактаби омӯзиши кулли башар гардидааст, ки тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгароӣ мебошад.

Гадомад Зулфиев- дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат