, Сешанбе, 10-декабр

РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 08.02.2024 306

РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 ба масъалаи вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болорави мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ ба беҳсозии ҳолати кишоварзӣ, афзоиши додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намуда, нақши кишоварзони мамлакатро дар рушди соҳа муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки «Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон  сатҳи таъминоти аҳолӣ ба маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст”.

Соҳаи чорводорӣ ва таъминоти гушту шири аз ҷиҳати экологӣ тоза низ  дар кишвар равнақ ёфта, дар заминаи тадбирандешиҳо бозори дохилии кишвар ба маҳсулоти худӣ таъмин гардида,  маҳсулот бо нархҳои дастрас ба дасти истеъмолкунандагон расид. Тавре аз Паёми Роҳбари давлат маълум мегардад: “Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он 2,6 миллион сар расидааст),  чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гушт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида аз 10,7 ҳазор тона дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст.

Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат ба гушту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст».

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар замонҳои гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гушт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талаботи аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт.

Дар ин робита зимни ироаи Паём Роҳбари давлат ишора намуданд, ки «Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (317 фоиз), гушту шир (100 фоизи) барзиёд аз меъёри истеъмолоти таъмин гардидааст.

Яъне имрӯз  кишвари мо ба ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ пурра таъмин мебошад»

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқарранамудаи он соҳаи кишоварзии кишвар рушд намуда, рӯз то рӯз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дода, аҳли заҳмат ва кишоварзон аз масилиҳатҳои беғаразонаи мутахассисон ва деҳқонони рӯзгордида самаранок истифода мебаранд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо кишоварзони мо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, аз заминҳои обӣ ду – се ҳосил ба даст меоварда, дар ҳамаи фаслҳои сол бозори истеъмоли кишварро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин менамоянд.

Масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кишоварзон ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста иқдомҳои нав рӯйи кор оварда мешавад. Тавре Президенти кишвар ишора намуданд: «Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида, натиҷаҳои мусбат дода истодааст: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумиӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст».

 Ҳукумати кишвар ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хурокворӣ ва содироти маҳсулоти он диққати авалиндараҷа дода, бо ашиёи хоми ватанӣ таъмин намудани саноати кишварро дар мадди аввал гӯзошта, маҳсулоти хомро пӯхта намуда ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Ин аст, ки сол то сол корхонаи хурду калони кишвар  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  маҳсулоти корхонаи худро ба бозор рақобат намуда, мизоҷони худро рӯз то рӯз зиёд менамоянд.

 Ҳаминтавр, рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар дониста шуда, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рушди ин соҳа аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашиёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисоди аҳолии мамлакатро таъмин менамоянд. Аз ҳисоби кишоварзӣ имрӯз тақрибан 23,3%-и ММД таъмин, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ муҳайё, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлати таъмин мегардад. Аз рӯи нишондодҳои оморӣ рӯз то рӯз соҳаи кишоварзӣ равнақ ёфта, молҳои аввалиндараҷаи рӯзгор зиёдтар истеҳсол гардида, дастархони аҳолии кишвар бо молҳои худӣ таъмин мебошад. Ин аст, ки молу маҳсулоти худӣ то чанд дар бозорҳои истеъмолӣ бо нархҳои дастрас ворид шуда, мизоҷон молҳои бо худ мувофиқро харидорӣ менамоянд. Меваю сабзавоти истеҳсолнамудаи худӣ дар бозорҳо зиёд шуда, ба сабади истеъмолии мардум расида,  ба саломатӣ ва тансиҳатии аҳоли кумаки худро мерасонанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки рӯз то рӯз боғҳои интенсивӣ ва гармхонаҳо зиёд шуда, рушди кишоварзӣ ба муваффақиятҳо ноил шуда, содироти молҳои кишоварзӣ ба хориҷ зиёд гардида, ба иқтисоди хоҷагидорон кумак расонида,  заминаи рушди соҳаро фароҳам меорад.

Каримов  Гадомад-муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Раҷабов Манучеҳр-донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси Молия ва қарзи  факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳ




Ба рӯйхат