,
Шанбе, 12-октябр
(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2023)
Сулҳу субот ва ваҳдату истиқлолият аз ободии рӯзгори мардум ва аз сарсабзии кишвар дарак медиҳад. Ин аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон хубу ин кишвари биҳиштосо сарсабзу хуррам гардид.
То ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик азобу шиканҷаи зиёдеро паси сар кард. Аз ҳама муҳим ҷони инсоният талаф ёфт. Фарзанд падар гум карду падар фарзанд, модар дар суроғи ҷигарбанд буду оби ҳасрат аз дидаи хунбор мерехт. Хушбахтона, Худованд шахсеро болои сари мо соябон намуд, ки ҳама нобасомониҳо паси сар шуд. Тоҷикистони азизи моро фазои оромию субот фаро гирифт. Тақдири ҳазорон ҳазор гуреза, ки дар дашту биёбонҳои Афғонистон аз ташнагию гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳал гардид. Онҳо бо шарофати ин марди наҷиб- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Ватани аҷдодии хеш баргаштанд, боз аз оби Ватан нӯш карданду аз боду ҳавояш нафас гирифтанд. Ҳамаи ин натиҷаи сулҳу субот, ваҳдату истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мардум тинҷу орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.
Табиист, ки камоли инсон аз маърифат ҳосил мешавад. Инсоне, ки соҳибмаърифат аст, дарк мекунад, ки Ватан чӣ асту ватандорӣ чист.
Сад афсӯс, ки бархе аз ашхоси носипос ба қадри Ватану неъматҳои он намерасанд ва пайваста аз пайи вайронкориву озори мардумонанд. Шоир барҳақ фармудааст:
Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?
Бадии кор дар он аст, ки онҳо зери ниқоби дини мубини ислом кирдорҳои нопоки худро амалӣ гардонида, маҳз ҷавононро дар атрофи худ ҷамъ меоваранд ва бо ваъдаҳои бардурӯғ онҳоро бар зидди давлати худ омода месозанд. Душманони халқу миллати мо мехоҳанд бо амалҳои нопоки худ оромии Тоҷикистонро халадор намоянд. Аммо он нохалафон бидонанд, ки мо дигар он мардуми гумроҳи солҳои навадум нестем, он Ваҳдату Истиқлолияте, ки ба ҷоннисориҳои зиёд ба даст овардаем, ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳем ва нахоҳем дод.
То ба сомон расидани Созишномаи сулҳ касе боварӣ надошт, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам насиби тоҷикистониён мегардад.
Аз васоити ахбори омма пайваста огаҳӣ дорем, ки дар ҳама гӯшаю канори дунё нооромие вуҷуд дорад. Дур нарафта, ба Афғонистони ҳамсоя назар мекунем. Солҳост, ки ҷанги хонумонсӯзи ин мамлакати бо мо ҳамзабон хотима намеёбад, ҷони ҳазорон ҳазор ҷавон талаф ёфт, зарари иқтисодию иҷтимоӣ низ ба авҷи аъло расидааст. Дар Ироқу Сурия низ аҳвол ҳамин аст. Дар Фаластину Ғазна садҳо ҳазор кӯдакону наврасон, ҷавонону пиронсолон ҷон бохта истодаанд. Шаҳрҳо вайрону валангор, дар кӯчаҳо ҷӯйи хун равон аст.
Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо ором аст, мардум осуда умр ба сар мебарад, ҳама фарзандони мо ба таълим фаро гирифта шудаанд, шароити иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ нисбати солҳои пешин хеле боло рафтааст. Пешрафти илму техника, хоҷагии халқ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, кишоварзӣ ва ғайра дар авҷи тараққиёт аст. Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат кунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани марзу буми сарзамини хеш тарбия намоем. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз намоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо халал ворид намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред».
Дар Паёми имсола низ Сарвари мамлакат дар хусуси сулҳу суботи кишвар зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Инчунин, Сарвари мамлакат дар таъмини сулҳу суботи кишвар, истиқлолияту озодӣ ва амнияти ҷомеа сарҷамъӣ ва таҳаммулпазирии ҳар як инсони соҳибақлро таъкид карданд. Албатта, ҳар як фард вазифадор аст, ки ин сулҳу субот ва ин мустақилияту озодию ободиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояду ба ин пурқиматтарин арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад. Пешвои миллат дар Паёмашон ин нуктаро махсус зикр намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Пешвои муаззами миллат пайваста ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат карда, ҳамаи моро ба он даъват менамоянд, ки ватанамонро обод намоем, тозаю озода нигоҳ дорем ва ин тозагию ободкориро аз хонаҳои худ сар карда, тамоми Тоҷикистонро ба гулистон табдил диҳем: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
Дар ҳақиқат ватани азизи мо торафт хурраму зебо гашта истодааст ва ин ободию озодию сулҳу суботро бадхоҳони миллат таҳаммул карда натавониста истодаанд. Онҳо ҳамаи қувваю нерӯи худро ба он равона карда истодаанд, ки оромию ободии моро, халалдор намоянд. Набояд ба ин бадхоҳон ва душманони давлату миллат бовар кард. Зеро онҳо на аз барои рӯзгори хубу осудаи мардум, балки талош баҳри мансабу вазифа доранд. Агар онҳо ватандӯсту миллатдӯст мебуданд, аз ватан гурехта намерафтанд ва баҳри ободию шукуфоии ватан, то имрӯз дар қатори мардум Тоҷикистонро обод менамуданд.
Мо дигар намегузорем, ки он нохалафон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва мекӯшем, ки сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошем, мекӯшем, то сухани ваҳдат, сухани оромию субот, сухани муҳаббату садоқат ва сухани меҳру вафодорӣ вирди забони хурду бузурги ин Ватани биҳиштосо бошад. Дар ҳақиқат, агар ҷое сухан аз Ваҳдату Истиқлолият оғоз ёбад, он маъво маъвои меҳру муҳаббат, маъвои оромию ободӣ ва аз он сухан бӯи муҳаббат, бӯи вафодорӣ ва бӯи садоқат меояд. Бигузор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ваҳдату ягонагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва меҳру муҳаббат зери Парчами Истиқлолият танинандоз бошад.
Холиқова Зайналбӣ- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ