, Якшанбе, 05-май

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

 31.01.2024 13

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

 

Масъалае, ки имрӯзҳо тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст шомил шудани бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Вожаи “терроризм” аз забони лотинӣ гирифта шуда, ба маънои тарс, ваҳшат, даҳшатафканӣ, истилоҳи “экстремизм” бошад, ба маънои моҷароҷӯйӣ ва ифротгароӣ омадааст. Сабаби асосии пайдоиш ва паҳншавии ин падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз ҷавонону наврасони мо аз маърифати ҳуқуқии худ бехабаранд. Таълиму тарбияи нокифоя метавонад сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонону наврасон гардад.

Мақсади асосии гурӯҳҳои тундрав барҳам задани субот ва оромии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ба воситаи гумроҳ кардани ҷавонону наврасон ин тоифа бо рақибони сиёсии худ мубориза бурда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва сарватҳои табиии ин ё он кишвар мубориза мебаранд. Чи хеле ба ҳамагон маълум аст ҷавонон нерӯи созанда буда, ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонони соҳибиродаву соҳибмаърифат, зираку эҳтиёткор ва донишманд сахт вобастагӣ дорад. Боиси нигаронист, ки имрӯз сафи ҷавонони ноогоҳу камсавод афзуда истодааст, ки ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, бехабар аз мақсадҳои нопоки “хоҷагонашон” ҷони худро зери хатар мегузоранд. Ҳайф бар он нафаре, ки аз ноогоҳиву бемаърифатӣ ба доми фиреби моҷароҷӯён афтода, ашки модареро мерезонад, номи миллатеро доғдор менамояд.

Ба андешаи ман муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи танҳо ҳукумат ё шахсиятҳои алоҳида набуда, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд муташаккилона барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо мубориза баранд. Пеш аз ҳама лозим аст, ки сатҳи донишҳои сиёсиву динии ҷавонон баланд бардошта шавад, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву гуманизм тарбия ёбанд, фарҳанги дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО – ро донанд.

Мо ҷавононро лозим аст, ки ба ҷойи даст задан ба ҳар гуна амалҳои нопок ба омӯхтани илм касбу ҳунар ва забономӯзӣ машғул шавем, пайи ободкориву шукуфоии ватани худ бошем, ғурури миллии хешро аз даст надиҳем. Фаромӯш насозем, ки модаре ки Синову Хайём, Ҳофизу Саъдиро ба дунё овардааст ҳеҷ гоҳ террорист тарбия намекунад.

Тилабова Ирода, донишҷӯи соли сеюм




Ба рӯйхат

*/